Раҳбарони мухолифин баъди ҳамоиш ба нишасти алоҳида рафтанд

Баъди анҷоми ҳамоиши бахшида ба сулҳ, ки дақоиқе чанд ба анҷом расид, раҳбарони гурӯҳҳои мухолиф ва фаъолони дигар барои як ҷаласаи махсус ба утоқи алоҳида рафтанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суханронияш мухолифинро ба иттиҳод даъват кард ва эълон кард, ки баъди анҷоми ҳамоиш раҳбарони мухолифин ва фаъолони дигари ҳузурёфта дар ҳамоиш дар нишасти алоҳидае гирди ҳам хоҳанд омад.

Кабирӣ гуфт мухолифин ниёз ба ваҳдату ҳамкорӣ доранд ва бояд ҳарчӣ нисбати ҳамдигар то ин замон гуфтаанд, фаромӯш кунанд. Ӯ даъват кард ба ҷои тохтан ба ҳамдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бояд бо ҳам нишинанд, ҳарфҳояшонро бигӯянд ва дар фикри тарҳҳои муштарак бошанд.

“Тарҳи чанд проекти муштаракро бояд кашид” -гуфт раиси ҲНИТ.

Ҳоло дар ҷаласаи махсуси мухолифин чӣ касоне ширкат хоҳанд кард, мушаххас нест. Хабаргузори мо ҳам шояд дар ин ҷаласа ҳузур пайдо кунад ва мо ҳатман хонандагонро аз натиҷаи он огоҳ хоҳем кард.

Дар ҳамоиш ҳамчунин Ҷамшед Ёров, Нуриддин Ризоӣ, Вайсиддин Одинаев, Абдулло Давлатов ва дигарон суханронӣ карданд, ки мӯҳтавои онҳо ва суханронии раиси ҲНИТ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.    

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *