Раҳбари Гурӯҳи 24: Набояд саросема шуд — ВАРОРӮД

Раҳбари Гурӯҳи 24: Набояд саросема шуд

http://socialfirms.org.uk/news/?article0=95 http://rabisingoznuru.com/ruyada-kan-almak-gormek/ Раҳбари Гурӯҳи 24 Сӯҳроб Зафар пешниҳоди эътилоф ва расонаӣ шудани онро саросемагӣ хонд ва гуфт бо ин роҳ сохтани эътилоф метавонад авоқиби баръакс дошта бошад.

Сӯҳроб Зафар дар як суханрошнияш, ки дар Ютуб пахш шудааст, дар мавриди эътилофи мухолифин изҳори назар кард. Ӯ гуфт пеш аз он ки эътилоф эълон ва расонаӣ шавад, бояд шартҳои дигар иҷро мешуд.

“Аввал бояд ҳаракатҳо дохили худро танзим кунанд — гуфт Сӯҳроб Зафар. — Баъди танзими дохилӣ баъд думболи барнома бошем. Шояд 10, 20 вохӯрӣ ҳам анҷом шавад ва ихтилофи назарҳо аз байн биравад. Баъд сари қароре биёему расонаӣ кунем. То он вақт набояд чизе расонаӣ шавад.”

Раҳбари Гурӯҳи 24 гуфт 2-3 моҳ қабл ба мо дар бораи эътилоф гуфта буданд, ва мо роҳи беҳтари расидан ба онро пешниҳод кардем. “Мо гуфтем дар Аврупо зиёиён ва нафарони шинохтаи зиёд дорем. Бигзор як ҷамъият бисозанд ва онҳо бо мардум вохӯриҳо анҷом диҳанд, то як инсиҷоми дохилӣ ба вуҷуд биёяд”, — гуфт ӯ.
Сӯҳроб Зафар гуфт пеш аз вақт эълон кардани эътилоф, сипас баргузор кардани вохӯриҳо мардумро хаставу озурда мекунад. “Аввал бояд маслиҳата пазонӣ, барномарезӣ кунӣ, баъд мардума эълон кунӣ — изҳор дошт ӯ, — мо набояд саросема шавем”.

“Эътилоф набояд ба хотири он бошад, ки мо касеро як-ду рӯз нороҳат кунем. Ё ба хотири реклама. Дар гуфтаҳои Сайфулло Сафаров ҳам дар рақс надароед, он як макри навбатии режим аст- андешаронӣ кард раҳбари Гурӯҳи 24 — эътилоф бояд ба хотири ба ҳадаф расидан бошад. Бо як қувваи бузург”.

Ба андешаи Сӯҳроб Зафар бо назми дохилае, ки имрӯз гурӯҳҳои мухолиф доранд, имкон дорад эътилофи таъсисшаванда ба “проходной двор” табдил шавад. “Бояд ҳама дохили худро танзим кунанд. Бояд раҳбарони ҳаракатҳо масъули гуфтаҳо ва амалкардҳои пайравонаш бошанд” — гуфт ӯ.

Ҳамчунин раҳбари Гурӯҳи 24 ба онҳое муроҷиат кард, ки “аз паша фил месозанд” ва ихтилофи байни гурӯҳҳои мухолифро аз ҳад зиёд нишон медиҳанд. “Агар байни мо ихтилоф ҳаст, ночиз аст ва мо худамон онро бартараф хоҳем кард” — изҳор кард ӯ.  

Дар ҳамоиши мухолифин дар Дортмунд, ки бахшида ба 20 солагии имзои Созишномаи сулҳ баргузор шуд, аз ҷониби Гурӯҳи 24 Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии ин гурӯҳ ширкат ва суханронӣ карда буд.

Нуриддин Ризоӣ ҳам дар барномаи видеоияш «Садои мардум» дар масъалаи эътилоф зиёд сӯҳбат накард ва гуфт гуфтугӯҳо идома доранд ва чанд вохӯрии дигар дар ин масъала дар назар аст баргузор гардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *