«Наздикшавӣ»-и Ирон бо Наҳзат ба нафъи кист?

buy gabapentin without prescription source link Ба назар мерасад баъди сардии дусолаи муносиботи Ирону ҲНИТ, ки аз нопойдории Ирон ба аҳдаш дар мавриди кафолати сулҳи тоҷикон сар зад, он дубора рӯ ба гармӣ ниҳодааст. Инро мешавад аз изҳороти мақомоти дар ҳоли ҳозир миёнаи иронӣ ва вокуниши ҲНИТ ба он дарк кард.  

Ду мақоми иронӣ — яке собиқ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ва дигаре вакили парлумони он дар изҳороташон аз ҲНИТ пуштибонӣ карданд. Дар ҳоле,ки замони дар тангно қарор гирифтану даст сӯи кафилони сулҳ дароз кардани ҲНИТ, ҳеҷ садое аз мақомоти эронӣ шунида нашуда буд. Ва аз ин ки ин ду изҳоротро сомонаи ба ҲНИТ наздики “Паём” бознашр кардаву наҳзатиҳо онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ кардаанд, мешавад хулоса кард, ки ҲНИТ ҳам аз изҳороти ахири мақомоти иронӣ хушҳол аст. Як масъули баландпояи ҲНИТ дар посухаш ба суоли корбари шабакаи фейсбук дар ҳамин маврид гуфтааст “мутаассифона, хелеҳо тааҳҳудоти худро фаромуш кардаанд. Хуб аст, ки Ирон дорад ҷуброн мекунад“. Вале оё воқеъан Ирон ҷуброни хатову аҳдшиканӣ мекунад ё ҳадафи дигаре дорад?

Ин ки наҳзатиҳо воқеъан ҷонибдори барқарории дубораи иртибототи зиче бо Ирон ҳастанд, ё танҳо ин изҳоротро барои расидан ба аъсоби ҳукумати Тоҷикистон доранд истифода мекунанд, бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд. Вале ин бозӣ бо аъсоби ҳукумат ҳам метавонад паёмадҳои гуногун дошта бошад. Зеро имкон дорад ирониҳо ҳам на ба хотири ҷуброни “хато”-яшон, балки барои паём додан ба ҳукумати Тоҷикистон, ки “мо ҳар вақт метавонем ҲНИТ-ро дастгирӣ кунем”, ин баёнияҳоро роҳандозӣ кардаанд. Сатҳи изҳоротдиҳандаҳо ҳам бештар ба ҳамин ишора мекунад.  

То замоне, ки Тоҷикистон намояндагии тиҷоративу фарҳангии ин кишварро дар Хуҷанд баст, Ирон ҳаргиз ҳарфи тунде алайҳи иқдомоти Тоҷикистон чӣ дар қиболи ҲНИТ ва чӣ дар қиболи худи Ирон нагуфта буд ва мекӯшид масъаларо бо гузашткуниву нармгӯӣ ҳал кунад. Вале зоҳиран иқдоми ахири мақомоти тоҷик ирониҳоро ба ин натиҷа расонд, ки дигар бо хушомадгӯӣ намешавад Раҳмонро мутамоил кард ва бояд усули дигареро ҳам истифода бурд. Дар ин рӯзҳо, ки мухолифини тоҷик доранд қавӣ мешаванд, барои фишор болои ҳукумати Тоҷикистон чӣ усуле метавонад таъсирахштар аз дастгирии мухолифинаш бошад?

Ирониҳо дар сиёсат ҳаргиз ҳамаи тухмҳоро дар як сабад намегузоранд. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки онҳо дар кишваре танҳо бо ҷонибе иртибот дошта бошанду онро дастгирӣ кунанд. Онҳо ҳамеша мекӯшанд то ҳади имкон иртиборро бо ҳама ҷонибҳо ҳифз кунанд. Дар Тоҷикистон ҳам Ирон ҳамеша кӯшидааст бо ҳама қишру гурӯҳҳо алоқаи ҳасана бошта бошад: бо ҳукумат, Наҳзат, зиёиён (ки гурӯҳи бузурге аз онҳоро ҳар сол ба Ирон мебарад) ва ғайра. Ҳоло сабаби дастгирӣ накардани Ирон ҲНИТ-ро дар сахттарин рӯзҳояш масъалаи дигар ва хеле фарохтар аз он аст, ки дар ин навишта ҷой гирад. Вале ин ки чаро Ирон дубора рӯ ба Наҳзат овард, метавонад чанд сабаб дошта бошад:

  1. Он чӣ дар боло зикраш рафт, яъне барои фишор овардан ба ҳукумати Тоҷикистон бинобар мавқеъҳои ахири зиддииронияш.
  2. Ирониҳо кӯшиш барқарории иртибот бо Гурӯҳи 24 ва наздикӣ бо онро доштанд, ки муваффақ нашуданд. Баъди таъсиси “Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон” Ирон робитаи наздике бо роҳбарияти анҷуман барқарор кард, вале бар хилофи интизориҳояш ин анҷуман аз ҳам пошид ва ирониҳо ба ин натиҷа расиданд, ки ҲНИТ умдатарин гурӯҳи мухолиф боқӣ мемонад ва ба ин наздикиҳо дар гумон аст як чунин гурӯҳе зуҳур кунад.
  3. Таҷрибаи Сурияву Яман Иронро ба ин натиҷа расонд, ки дурӣ аз ҲНИТ ба манaиъаташ нест.

Зина ба зина “пеш” рафтани Тоҷикистон дар қатъи иртиботаш бо Ирону танг кардани ҷои пои ин кишвар дар дохили Тоҷикистон ва билохира бастани намояндагии иқтисодиву фарҳангии ин кишвару бозхонди донишҷӯёни тоҷик аз Ирон, мақомоти Ҷумҳурии исломиро ба ин натиҷа расонд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи барои Ирон хеле ҷиддӣ наздик шудааст. Ва ин марҳила кӯтоҳ кардани дасти Ирон аз ташкилоти динии кишвар аст. Ирон тавонистааст тақрибан тамоми муассисаҳои динӣ ва боваста ба дини Тоҷикистонро зери контрол дарорад. Кумитаи дин, ва ягона мадрасаи динии кишвар пурра зери назорати иронгароҳо ва ҳатто тоҷикони шиъашуда қарор дорад. Шӯрои уламо ҳам қисман зери бори Ирон рафтааст. Танҳо ду мадрасаи Ирон дар Қуму Гургон боқӣ мондааст, ки ҳеҷ донишҷӯи тоҷике аз онҷо баргаронида нашудааст. Ҳатто замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон чанд моҳ қабл тасмим гирифт донишҷӯёни тоҷикро аз Ирон баргардонад, лоббигарӣ ва таъсири и ин кишвар дар дохили Тоҷикистон муваффақ шуд ин тасмим ба донишҷӯёни Қуму Гургон таъсире надошта бошад. Тибқи иттилои манобеъи гунонун дар ин ду шаҳр аз 1500 то 2000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки аксарашон мазҳаби шиъаро қабул кардаанд.

Бӯҳрони нафт ва заъиф шудани иқтисоди Саудӣ дигар имкони ин кишварро дар пайдову ҳифз кардани “шарикони стратегӣ” бо кӯмаки пул камтар хоҳад кард. Дар ин сурат барои Тоҷикистон камтар баҳонае барои “шарики стратегӣ”-и Саудӣ мондан боқӣ мемонад. Аз ин рӯ мешавад хулоса кард, ки барои бозӣ бо аъсоби ҳукумат истифода кардани наҳзатиён аз изҳороти мақомоти миёнапояи иронӣ, ба нафъи кӣ анҷом хоҳад ёфт.   

«Наздикшавӣ»-и Ирон бо Наҳзат ба нафъи кист?: 2 комментария

  • 24.07.2017 в 17:27
    Permalink

    Ин ки Ирон ҲНИТ-ро дар рӯзҳои сахташ раҳо кард, як иқдоми ҳисобшуда ва барномарезишуда буд. Ҳоло ҳам давоми ҳамон барнома иҷро мешавад ва аз қабл режими Ирон ин рӯзҳоро дар назар дошт. Ирон дар Тоҷикистон барномаи «Судури инқилобро» ба иҷро гузоштааст. Ин иқдомест, ки Ирон ҳам ҳукумат ва мухолифони ҳукуматро маҷбур ба итоати худ кунад, онгоҳ марҳалаи баъди «Судури инқилоб» ба иҷро гузошта мешавад.
    Бале, ба нафъи Ирон аст.

    Ответ
    • 04.08.2017 в 04:17
      Permalink

      Инқилоби Исломӣ як инфиҷори НУР буд ва нур содир шуданӣ нест, балки худаш метобад ва ҳеҷ касе пеши тобиши нурро гирифта наметавонад. чунон ки дар урфият мегӯянд: Офтобро бо доман пӯшида намешавад. бинобар ин, барои ин ки нури инқилоб ба ҷаҳон битобат ниёз ба наҳзату паҳзат нест, иншоаллоҳ худаш тобидан мегирад.

      Ответ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *