Омилони аксар амалҳои терористӣ дар Амрико мусалмонҳо набудаанд

Сандуқи таҳқиқотии Маркази илмии ИМА таҳлили амалҳои террористиро, ки дар солҳои 2008 то 2016 анҷом дода буд, нашр кард.

Натиҷаи таҳлил нишон додааст, ки амалҳои террористие, ки тули ин солҳо дар Амрико рӯй додаанд, омилонаш бештар ғайримусалмонҳо будаанд.

Ин марказ ба души мусалмонҳо бор кардани амалҳои терористӣ дар Амрикоро муғризона хондааст.

Дар давоми ин муддат дар ИМА, 63 амалҳои террористии анҷомшуда аз ҷониби мусалмонон эътироф шудааст.

Дар ин давра 115 ҳодисаи терроризм, аз ҷумла ҳуҷум ба кормандони Бемористони  Колорадо аз ҷониби миллатгароён сурат гирифтааст.

Ҳамин тариқ тибқи таҳлил 13% амалҳои террористӣ бо вуҷуди иттиҳомҳои беасос, аз ҷониби мусалмонон дониста шуда 33% омилони ҳодисаҳои терористӣ дар Амрико миллатгароён будаанд.

Дар давоми ин давра ҳодисаҳои терористие, ки аз ҷониби коммунистон ва анархистон сурат гирифтааст, 19 амалиёти террористӣ будааст.

Манбаъ: The Investigative Fund

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *