Арзандатарин зинати зан ҳифзи ҳиҷоб аст

(Силсилаи “Дифоъ аз номуси бонувон”)

Рӯзгорест,  ки шайтон фарёд мезанад:

-Одам пайдо кунед, саҷда хоҳам кард.

Аз чунин фарёди шайтон набояд тааҷҷуб намуд, зеро имрӯз фарзанди одамӣ дар макру бадӣ ва дараҷаи баланди беномусӣ ҳатто шайтонро сабқат намуда, бар ивази чунин амалаш “шайтони инсӣ” лақаб гирифтааст. Яъне, ҳамкору ҳамноми иблис гардидааст.

Аҷиб аст, ки имрӯз зери по кардани аҳкоми Қуръон ва пайравӣ ба дастуроти шайтон “равшанфикрӣ” ном гирифтаву тасдиқи воқеиятҳои ислом ба монанди пӯшидани ҳиҷоб барои занон “бегонапарастӣ” арзёбӣ гардидааст.

Сипар бар тири шайтони лаъин аст,

Ҳиҷобат беҳтарин ёру қарин аст.

Машав як лаҳза ғофил хоҳари ман,

Ки чашми хоинон андар камин аст.

Ҳиҷоб дар назари Худо чӣ қадар боарзиш аст, вале дар назари теъдоде аз “бандагони” Худо чӣ қадар камарзиш ва беарзиш гардидааст. Муносибати онҳо дарак медиҳад, ки худро ба хоб задаанд. Касеро, ки хоб аст, мешавад бедор кард, аммо онеро, ки худро ба хоб задааст, ҳаргиз!

Шоир Умари Камолӣ воҷибияти ҳиҷобро чунин қаламдод мекунад:

    Нигар дар сураҳои Нуру Аҳзоб,

Ки ҳукми Холиқи Яздон чунин аст.

Зане хушбахт мегардад, ки роҳаш

Масири уммаҳотул мӯъминин аст.

…Ту ҳам хоҳар агар дурӣ аз эшон

Биё баргард раҳи чора ҳамин аст.

Ба замми ин гурӯҳе ҳиҷобро монеаи пешрафт ва хоҳарони боҳиҷобро ақибмондаву бемаданият меҳисобанд. Вақте ки аз барандаи Ҷоизаи Нобелӣ оид ба сулҳ доктор Таваккул Корман сабаби ҳиҷобпӯшиашро бо тамасхӯр пурсиданд, ки магар ин тарзи пӯшиши ӯ ба ақлу шуураш созгор аст? Ин хоҳари комёб чунон ҷавоб дод, ки ҳар гуна рақиби тундмиҷоз ҳам мағлуб хоҳад шуд: -Дар замони қадим, дар ибтидои ҳаёти башарӣ,  инсонҳо қариб, ки урён буданд. Пас аз он ки ақлу шуурашон тараққӣ кард, ба пӯшидани либос кам-кам оғоз карданд. Ин тарзи либоспӯшие, ки ҳоло дар ман мебинед, дараҷаи баландтарини шуур ва маданият аст, ки инсоният дар тӯли қарнҳо ба даст овардааст. Ҳиҷоб монеаи пешрафт нест, балки омили пешравист, аммо бараҳнагӣ ифодагари ақибравӣ ва пайравӣ ба ҳаёти ибтидоии башарият аст.

Ё ҷавондухтаре қайд карда мегӯяд:

“Зане дар хиёбоне масхараомез маро сарзаниш карда гуфт: -Ин чӣ гуна либоспӯшӣ аст, мисли кампирҳо?! Ё бовар надорӣ, ки дар асри 21 қарор дорӣ? Чаро ба  мисли мардуми асри санг либос мепӯшӣ?

Бо дили пуралам аз ӯ пурсидам: -Воқеан?!  Асри санг кай буд?

-Чӣ медонам, 20 қарн пеш ба назарам,-тахмин кард ӯ.

Гуфтам: -Чӣ ҷолиб сухан мегӯед. Ҳоло ба ман бигӯед, ки адади 20 калон аст ё 22?

Гуфт: -Ин чӣ тарз савол додан аст? Аниқ, ки рақами 22 калон аст.

Гуфтам: -Пас оё 22 қарн пеш нисбати ба 20 ба асри санг наздиктар нест?

-Бале, наздиктар аст, -ҷавоб дод ӯ.

-Пас шумо бо ин ҳисоб аз ман қафомондатаред, чунки мисли мардуми 16 қарн пеш либос мепӯшед. Он аср аз номаш ҳам пайдост, ки қадимтар аст, зеро онро “асри ҷоҳилият” меномиданд, яъне даврони нодонӣ, ба ёд оред, ки дар ибтидо башарият чи гуна либос дошт -киноя задам ба ӯ.

Дареғам омад ба он зан, ки ақидааш аз рӯи бесаводӣ ба вируси гумроҳӣ олӯда гардидааст.

Зани масхаракунанда ноилоҷ монда буд. Ӯ дигар чизе гуфта натавонисту мағлубона роҳашро идома дод”.

Худованд низ ҳамин гуна афроди ноогоҳро маломат намудааст:

أَفَحُكْمَ الْجَاهِلِيَّةِ يَبْغُونَ  “Оё ҳукми давраи ҷоҳилиро мехоҳанд?”

(сураи Моида, ояти 50)

Агар бо диққат ба оятҳое, ки дар бораи Одаму Ҳавво қисса мекунад, чашм дӯзем, бори дигар ин ҳақиқатро дарк хоҳем намуд. Худо ба Одам (а) дастур дод, ки меваи як дарахти муайянеро нахӯрад. Вақте ки Одаму Ҳавво аз меваи он хӯрданд, аввалин ҷазои Худо бар онҳо бараҳна шудани баданашон буд. Ин нишон медиҳад, ки раҳо кардани либос ин ҷазои Худост, на тамаддуну фарҳанг. Ҳамчуноне ки Аллоҳ хабар медиҳад:

يَا بَنِي آدَمَ لَا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطَانُ كَمَا أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ يَنْزِعُ عَنْهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوْآتِهِمَا

«Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо гумроҳ накунад, чунон ки падару модари шуморо аз биҳишт берун овард, ҷомаҳояшонро аз онҳо кашид, то ба онҳо шармгоҳашонро зоҳир намояд».  (сураи Аъроф, ояти 27)

Шоираи ҳақиқатнигор Шифо Саидӣ низ фарҳангро яке аз шохаҳои дин ба шумор оварда мегӯяд:

       Чист фарҳанг? Яке шохи дарахти дин аст,

                                                     ки беҳин ойин аст,

Ҳарфи фарҳанг ҳамоҳанг ба харханг макун,

                                                       бо Худо ҷанг макун.

Раҳбарони сари мансаб, ки гуноҳат нахаранд,

                                               ба биҳиштат набаранд,

Сафҳаи номаи аъмол пур аз нанг макун,

                                                  бо Худо ҷанг макун.

Аҷабо бо баробари баромадани рӯҳ аз бадани зан дар замоне, ки ҳама аз диданаш хавф доранд, ӯро бо кафан комилан мепӯшонем, то чашми номаҳраме ба ӯ нарасад, аммо дар ҳоли ҷавониаш, ки бо диданаш мардон ба завқу ҳаяҷон меомаданд, ӯро напӯшонидаем…

Баъзеҳо хаёл мекунанд, ки зан то вақте ки беҳиҷоб набошад, беахлоқ набошад, наметавонад дар майдонҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ворид шавад. Магар онҳо хабар надоранд, ки имрӯз ҳатто дар парлумони кишварҳое ба мисли Туркия, Малайзия, Миср, Тунис, Судон, Ироқ, Алҷазоир ва ҳатто Англия ва ғайра занони боҳиҷоб иштирок доранд ва хеле комёб ҳам ҳастанд. Ба замми ин дар ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Ирон, Покистон, Мавритания, Ҷумҳурии Федеративӣ-Исломии Ҷазираҳои Комор, мамлакатҳои шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувейт, Қатар, Урдун, Марокаш, Оман ва Баҳрайн аксари заноне, ки дар мақомоти иҷроия ва дигар мақомотҳои давлатӣ фаъолият доранд, ҳиҷобпӯш мебошанд. Агар манзури ин даъвогарон аз ҳузури зан баданнамоӣ дар хиёбон бошад, бале занҳои ҳиҷобпӯш бо чунин шакл ҳузур надоранд. Онҳо бо ҳиҷоб ба кӯча мебароянд, ки шояд ба чашми бадбинон ноаён бошанд. Агар ҳузурашон дар фаъолиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва иқтисодӣ камранг гардидааст, ин ҳам ба гуноҳи ҳукуматдороне аст, ки ин ҳақро аз онҳо золимона салб кардаанд. Магар толибагон ва донишҷӯдухтарони боҳиҷоб бо ҳукму дастури ниҳонӣ ва ошкори соҳибмансабон аз таҳсил дар мактабу донишгоҳ маҳрум нашудаанд? Магар коргарзанон ба хотири ҳиҷобашон аз ҷои кор  ронда намешаванд? Оё аз рӯи инсоф аст, ки онҳоро аз саҳнаи илму амал дур кунему боз тӯҳмат занем, ки онҳо бесавод ва аз ҷамъият дур ҳастанд? Иштироки занони боҳиҷобро дар ҷомеа онҳое намехоҳанд, ки ё маърифати динӣ надоранд ё душмани ислом ва ё душмани зан ҳастанд.  

Дили ин бонувони боҳиҷоб аз сангзаниҳои занони дилозору мардони мунофиқу ситамкор моломоли дард аст. Онҳое, ки то имрӯз бо садои баланд фарёд мезаданд, ки ҷонибдори ҳуқуқи зан ҳастанд, аммо дар ин айём боиси рехтани ашки талхи ҳазорон модарону хоҳарон мешаванд. Дари раҳму шафқатро ба рӯйи бонуи боҳиҷоб бастаанд. Аз ин рӯ, қалби хоҳари дилсӯхта гӯё ки ба он нештар зада бошанд, ҳар рӯз сахт дар тапиш аст. Дар чашмонаш пайваста нишонаҳои ҳузн ҳувайдост. Дарун-дарун азоб мекашад. Зеро ӯро бим додаанд, ки набояд ҳиҷоб бипӯшад, вагарна муҷозот хоҳад шуд. Мехоҳанд тоҷи бандагиашро аз сараш бигиранд. Мехоҳанд робитаашро бо Парвардигораш заиф созанд. Аксари бонувони бечора дар ин гирифторӣ ба зулму таҳдид ва таҳқиру фишори ситамгарон ҷуз Аллоҳ пуштибоне надоранд. Чунки шавҳару фарзандони шермардашон аз пайи ризқ дар мусофиратанд. Баъзеи онҳо ба хешу ақрабо ва ҳамсоягонашон умеди пуштибонӣ мебаранд, то аз ҳиҷобашон дифоъ кунанд, вале онҳо низ мокиёнмиҷоз гардидаанд, ба номуси касе парвое надоранд. Пештар ба қонун бовар доштанд ва онро кафили озодиҳои хеш мехонданд, вале акнун аз он ҳам умедашонро кандаанд. Чунки дар ҷурми мубориза алайҳи сатр, ки аз нигоҳи ислом як навъ таҷовуз ба номус ба шумор меояд, хоинтар ва золимтар аз соҳибони қонун касеро надидаанд. Азбаски заифанд, санги таҳаммул ба дил бастаанд. Дар ин сурат ҷуз дуову муноҷот бо Худои ҷаббор дигар паноҳгоҳ ва мададгоре надоранд. Хушбахтона назди қувваи иродаи баъзе аз ин қаҳрамонзанони собитқадам ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мондаанд. Чунки коми ин азизонро модаронашон бо парҳезгорӣ бардоштаанд.

Рафтори баъзе мардон инсони соҳибзавқро дар ҳайрат меандозад. Ростӣ, онҳо дар ин айём бо даъвои “озодии зан”, ки манзурашон беҳиҷобӣ аст, чунон ҳарф мезананд, ки гӯиё ҳаққи онҳо зоеъ мешуда бошад. Онҳо чунон аз беҳиҷобӣ дифоъ мекунанд, ки гӯиё дар Созмони Милали Муттаҳид аз ягон ҳуқуқи иқтисодии кишварашон дифоъ мекарда бошанд. Агар ба зиндагии хусусии ҳамин мардони “хайрхоҳ” ва “дифогар” назар кунем, хоҳем дид, ки ҳамсаронашон аз зулму озорашон хаста гардидаанд, вале онҳо барои ҳуқуқи занони мардум “худкушӣ” доранд.

Аҷобат дар он аст, ки онҳо ороиши аз ҳад зиёди занони номаҳрам, бӯи тунди атри онҳо, ки аз даҳҳо метр ба машом мерасад ва садои дилхароши кафшҳои пошнабаландашонро таҳаммул мекунанд. Дар муқобили он ба сари ҳиҷоб пайваста шона мезананд. Мақсади онҳо ин аст, ки наметавонанд нигоҳҳои ҳавасолӯдашонро қонеъ бисозанд.

Ба чунин пасттинатон маънии ҳиҷобро шарҳ доданиам, ки ҳиҷоб яъне ҳифзи зебоӣ ва навъе аз дарунороист. Ҳиҷоб нишони виқор ва аломати ифтихори зан аст. Ҳиҷоб, яъне ба ҷои шахс шахсиятро дидан аст. Ҳиҷоб, яъне ту лоиқи дидани зебоиҳои зани номаҳрам нестӣ. Ҳиҷоб, яъне тамоми зан фақат барои шавҳараш аст, на барои ту, эй гурги гурусна. Ҳакиме иршод намуда мегӯяд:

-Зан набояд зебоии худро ба тавре ошкор кунад, ки мардум мисли маҳтоб нигоҳаш кунанд, балки бояд монанди офтоб бошад ва чун касе ба ҷамолаш назар кард, чашмашро ба замин бидӯзад.

Баъзан, илова ба мардон занони беҳиҷоб низ чунон бо хашму нафрат ба ҳиҷобпӯшҳо нигоҳ мекунанд, ки гӯиё ягон кори ғайриахлоқӣ анҷом дода бошанд. Чун зани боҳиҷоб аз канори онҳо мегузарад, ҳарфҳоеро мешунавад, ки саршор аз таҳқир ва қазоватҳои нодуруст аст…

Хоҳарам! Гумроҳӣ, танбалӣ ва ҳавасронӣ омилҳои асосие ҳастанд, ки туро аз пӯшидани ҳиҷоб боздоштаанд. Модоме ки чунин аст, пас баҳонаи дигар оварда магӯ: -Ҳама кори бад аз ҳиҷобпӯшҳо сар мезанад. Ман ба ҳамин хотир ҳиҷоб намегирам.

Агар дигар ҳиҷобпӯшҳо намуна нестанд, пас ту ҳиҷобпӯши намунавӣ бош. Ҳиҷоб ба сар кун ва кори бад макун. Ихтиёр дар дасти туст.

Магар ғайбат кардани модарону хоҳарони худоҷӯ кори бад нест? Магар тӯҳмат задан ба занони покдоман гуноҳ нест? Оё мумкин аст, ки зан бо баробари ҳиҷоб гирифтан фаришта шавад ва аз тамоми хатову бадӣ эмин бимонад? Онҳо низ ба мисли ту як махлуқи заминӣ ҳастанд. Фарзанди одамӣ ҳастанд. Агар ту таҳлилгари масоили “ҷурми занон” ҳастӣ, хоҳишмандам, ки бо назари инсоф ба ҳарду ҷониб баҳогузорӣ намоӣ. Ту имкон дорӣ, ки ба Вазорати адлия муроҷиат намуда, рӯихати занонеро, ки бо ҷурми танфурӯшиву хиёнаткорӣ ва дуздиву ғоратгарӣ маҳкум шудаанд, ба даст оварӣ. Он гаҳ таҳқиқ бикун, ки миёни ҳазорон занони ҷинояткор чанд нафараш ҳиҷобпӯш ба шумор меравад. Баъдан фоизи занони боҳиҷоб ва беҳиҷобро дар ҷинояткорӣ муайян намо. Умедворам, ки баъди чунин баррасӣ аз тӯҳмати ноҳақи хеш нисбати хоҳарони покдоман пушаймон хоҳӣ гашт. Он гаҳ маънии байти зеринро хуб дарк хоҳӣ кард:

Кас ғунчаи ниҳоншуда дар баргро начид,

Аз беҳиҷобӣ аст агар умри гул кам аст.

-Ҳеҷ касро ба хотири ҳифзи ҷавоҳироташ сарзаниш намекунанд,-гуфтааст соҳибдиле.

Аҷабо мегӯӣ, ки одам дилаш пок бошад. Вақте ки дилат пок аст, чӣ тавр нигоҳи ҳавасолудро таҳаммул мекунӣ?

Оё медонӣ, ки бо ороиши арӯсгуна, бо ҷилваҳои пуришва ва хандаҳои бокарашмаат дили чанд нафарро ларзонидаӣ?

Чанд нафарро аз ҳамсари худ дилсард кардаӣ?

Ашки чанд падару модарро резонидаӣ?

Чанд духтараки наврасро ташвиқ кардаӣ, ки бараҳнагиро интихоб кунад?

Чанд занро ба фикр андохтаӣ, ки аз корвони мӯди фаҳш ақиб намонад?

Оҳу ҳасрати чанд муҳоҷири дур аз хонаводаро баланд кардаӣ?

Боиси ҷангу талоши чанд зану шавҳар гардидаӣ?

Боз ҳамеша кӯтоҳиро ба мард нисбат дода мегӯӣ: -Хатои туст, ки ба ман таваҷҷӯҳ мекунӣ. Ман дилам пок аст, аммо чашмони ту бемор аст.

Хоҳари азизам! Гумон накун, ки ту бо чунин рафторат ба ҷомеа бетаъсир хоҳӣ монд. Дунё ба мисли як киштиест, ки мо саворагони онем. Агар ту гӯшае аз он киштиро сӯрох кунӣ, магар ҳамагон ғарқ нахоҳем шуд?

Оё метавонӣ гуруснаеро, ки наздаш таомҳои рангоранг гузошта шудааст, аз хӯрдан манъ созӣ?

Оё метавонӣ ташнаеро, ки наздаш оби зулол ниҳода шудааст, аз нӯшидан боз дорӣ?

Бо ин ибораҳо гуфтаниям, ки оё метавонӣ чашми тамоми ҷавононро аз нигоҳ кардан ба бадани кушоди худ нигаҳ дорӣ?

Шоир Аъзам Хуҷаста низ изҳори ҳасрат мекунад:

Сафоро мефурӯшанд,

Ва пулдорон сахоро мефурӯшанд.

Дар ин дунё, ки арзишҳо ҳама камранг гаштанд,

Канори кӯча хонумҳо тану нозу адоро мефурӯшанд.

Ба кӣ гӯям аз ин пастӣ аз ин сустӣ,

                                   аз ин тоуни ҳастисӯз

Тангдастӣ,

Кӣ дар бозори шӯҳрат шеъри таърифу

                                       саноро мефурӯшанд.

Бидон, ки онҳое, ки юсуфгуна ҳастанд, на ба ту таваҷҷӯҳ доранд, на туро ёд мекунанд ва на бо ту мулоқот мехоҳанд. Дили онҳо дасти беҳтарин ҳабиб ва маҳбубашон аст. Фақат инро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳама мардон имони ҳазрати Юсуфро надоранд, ки аз фитна дар амон бимонанд. Ҳатто Юсуф (а) низ аз Худо дархост намуда буд, ки аз фитнаи занони Миср нигаҳбон бошад. Бинобар ин, барои ин ки ту, хонаводаат ва аҳли ҷомеа солим монед, бояд бештар ҳиҷоб  риоят шавад. Пас, дар ҳаққи худ ва дигарон зулм макун! Ту бояд табиати мардонро бишносӣ.  Бузургтарин чизе, ки мардро дар ин дунё ба фитна меандозад, зан аст. Яъне, Худо бо чунин сиришт мардонро офаридааст. Инро Қуръон мегӯяд:

زُيِّن للناس حُبّ الشهواتِ من النساءِ والبنينَ والقناطير المقنْطرة من الذهبِ والفضّةِ والخيلِ المسوّمة والأنعام والحرث، ذلك متاعُ الحياةِ الدنيا، والله عندهُ حسن المآب

“Дўст доштани орзуҳои нафс аз занон (дар рақами якум омадааст) ва фарзандон ва хазинаҳои ҷамъсохта аз зару сим ва аспони нишонмандсохта ва чаҳорпоён ва зироат барои мардумон зинат дода шудааст. Ин баҳраи зиндагонии дунё аст ва бозгашти нек назди Худост”. (сураи Оли Имрон, ояти 14)

Гоҳо ҳуҷҷати дигар оварда мегӯӣ: “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош!”.

Агар чунин аст, пас чаро аз ҳамдигар аз ҳама лиҳоз фарқ дорем? Агар аксари занони ҷомеа беҳиҷоб бошанд, пас оё боқӣ низ беҳиҷобиро ихтиёр кунанд? Магар ин таҳлили мантиқӣ аст? Шайтон рӯзе, ки аз даргоҳи илоҳӣ бадарға шуд, бо худ чӣ аҳд намуда буд, медонӣ? Гуфтааст:

لأحتكن ذريته إلا قليلاً “Албатта, авлоди ўро – ба ҷуз андаке – аз бех барканам (яъне, гумроҳ хоҳам сохт)”. (сураи Исро, ояти 62)

Инчунин Худо дар чанд ҷои Қуръон ба носипосию беэҳсосии аксарияти махлуқот ишора дорад:

  أَكْثَرُهُمْ لاَ يَعْقِلُونَ “Бештари мардум фикр намекунанд”. (сураи Ҳуҷурот, ояти 4)

وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ “Аммо бештари мардум сипосгузорӣ намекунанд”. (сураи Юнус, ояти 60)

وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُون   “Лекин бештари мардум намедонанд” (сураи Юнус, ояти 55)

Агар мусалмон ва оқил ҳастӣ ва Қуръонро қабул дорӣ, пас қазоват бо туст!

Чанде пеш маликаи Англия келинашро огоҳӣ дод, ки ӯ дигар ҳақ надорад, ки либосҳои баданнамо пӯшад. Оё медонӣ чаро ӯ чунин дастур додааст? Гумон накун, ки ин пиразан худоҷӯ ва пайрави ҳукми илоҳӣ шудааст. Далели чунин дастур фақат як чиз аст ва он роз ин ки маликаи Англия ва хонаводааш мехоҳанд аз бақияи мардум фарқ кунанд, ашхоси “фавқулодае” бошанд. Ба шаъну шараф ва шахсияти ин хонавода намезебад, ки мардони бегона бадани онҳоро дида, ба эҳсосот оянд.

Эй бонуи мусалмон! Магар пайрави мактаби ислом будан бароят чунин ифтихор ва дараҷаи волоро набахшидааст?

Бигзор як бор аз равзанаи ақл бингар, на аз нигоҳи арзишҳои динӣ! Оё сазовор нест, ки як бонуи боҳиҷоб мисли ту маликае барои сарзаминаш бошад? Бовар кун арзиши ту аз кампирзани Англия ва келинаш ҳазорон дараҷа болотар аст. Ту бояд барои мардони сарзаминат малика бошӣ, на ин ки василае барои лаззат додани номаҳрамон. Тамоми зебоиҳои ту фақат барои шарики зиндагии туст, на барои ҳама.

Хоҳари гиромиям! Зеботарин ҳадяи Худованд ба ту ҳиҷоб аст. Ғунча зебост чун гулбаргҳоро дар миён ҷой дода ва ҳиҷоб зебост, чунки туро дар миён гирифтааст. Бо ҳиҷоб зеботар буданро таҷриба кун! Ҳиҷоб ҳам зебост ва ҳам зебоӣ. Ҳамчуноне ки шоире ин маъниро нозукбинона ба тасвир гирифтааст:

Эй зан ба ту аз Фотима ин гуна хитоб аст,

Арзандатарин зинати зан ҳифзи ҳиҷоб аст.

 

Ҳакиме  моҳияти боҳиҷобиву беҳиҷобиро дар мисоли се дона себ басо моҳирона  баён кардааст.

Ӯ себи аввалро пӯсташро комилан гирифт ва зуд ҷои зардиаш сиёҳ гардид.

Себи дувумро нимашро пӯст гирифт, ки танҳо онҷо, ки пӯст надошт, сиёҳ шуд.

Савумиро солим бо пӯсти шаффофи худ гузошт ва кӯтоҳу зебо навишт: -Пӯшидагӣ боиси бардавомии зебоист.

Хоҳарам! Ҳиҷоб иззати ту аст. Ба динат ифтихор кун ва бидон, ки ислом ҷуз бузургдошти ту чизи дигаре намехоҳад. Оне, ки туро офарид, аз ҳама нисбат ба ту меҳрубонтар ва донотар аст. Чун Худо ҳиҷоб гирифтанро бароят салоҳ донист, пас ин лутфи илоҳиро сипосгузор бош. Ҳиҷоб ба унвони болҳое барои парвоз аст, парвоз ба сӯи Аллоҳи бениёз.

“Гармои тобистон чӣ лаззатбахш аст, вақте бо Худо муомилаи биҳишту дӯзах мекунам. Гарморо ба ҷон мехарам, аммо ҳиҷобамро ба ҷаҳаннам иваз нахоҳам кард”,-гуфтааст яке аз хоҳарони бошараф.

Мавқее, ки бесатр ҳастӣ, танҳо касе, ки зарар мекунад, худат ҳастӣ. Медонӣ чаро? Чунки ройгон зебоиҳоятро ба як нигоҳи ҳавасолӯди писарони хиёбон мефурӯшӣ.

Хоҳарам! Ту бояд закоти зебоиятро пардохт кунӣ, ки он ҳам сатру пӯшиш ва покдоманист.

Шоире ғамхорона ба ту хитоб дорад:

Дар хиёбон чеҳра ороиш макун,

Аз ҷавонон салби осоиш макун.

Зулфи худ аз рӯсарӣ берун марез,

Дар масири чашмҳо афсун марез.

Ёд кун аз оташи рӯзи маод,

Турраи гесӯ мадеҳ бар дасти бод.

Хоҳарам дигар ту кӯдак нестӣ,

Фоштар гӯям арӯсак нестӣ.

Хоҳари босатрам! Мабодо талхии нигоҳҳо муҳаббати ҳиҷобро аз дилат сард накунад. Ғамгин машав! Ин рӯзҳо ислом ғариб аст. Мусалмонон ғарибанд. Ҳангоми дамидани субҳи ислом низ ҳолат ҳамин гуна буд. Он замон Сумайя ғариб буд. Хадиҷа ҳам ғариб буд.  Оишаву Фотима ва садҳо хоҳарону модарони боимон қаблан таъми  тамоми ингуна нигоҳҳоро чашидаанд. Имрӯз барои як зан бо ҳиҷоб будан хеле сахт аст. Ғамгин машав, эй бону! Пайравӣ намудан ба модарони мӯъмин ин сахтиҳоро ҳам дорад. Шояд ба хотири ҳифзи ҳиҷоб аз ватанат ҳиҷрат мекунӣ. Муҳоҷир мешавӣ. Дард дорад, аммо талх нест, чунки мукофоташ олист, сазовор шудан ба ризоияти илоҳист, шарафёбӣ ба ҷаннат аст.

بَدَأَ الإِسْلامُ غَرِيبًا ، وَسَيَعُودُ كَمَا بَدَأَ غَرِيبًا ، فَطُوبَى لِلْغُرَبَاءِ

“Ислом ба ғарибӣ омад ва боз ғариб хоҳад гашт, ҳамчуноне ки ғариб буд. Пас хушо ба ҳоли ғарибон! (ҷаннат бод)”,-нақл кардаанд Абуҳурайра (р) аз забони Паёмбари ислом (с).  (ривояти Муслим)

Шоири ширинкалом қорӣ Абдуллоҳ басо ҷолиб ҳоли азизони Худоро ба қалам додааст:

Биё бишнав бародар қиссаи хобе, ки ман дидам,

Ки хор андар сари девор зери по чаман дидам.

Ҳар он касро, ки роҳи ҳақ пазируфтаст дар ин олам,

Ба мисли Юсуфу Мӯсову Аҳмад беватан дидам.

Ҳоло дар поёни мақола қиссаи муассиреро пешкаши шумо хонандагони олиқадр карданӣ ҳастам. Ҷавонзане ҳодисаи воқеиро нақл карда мегӯяд:

-Имсол дар яке аз маросимҳои ҷашнӣ қарор доштем. Ҷамъияти бузурге аз мардону занон гирд омада буданд. Баъди сипарӣ шудани муддате аз ҷашн иттифоқи аҷибе рух дод. Духтарчаи тақрибан шашсолае рӯи саҳна давид ва баландгӯякро ба даст гирифт. Баранда ва масъулони чорабинӣ аз ҳайрат дам фурӯ баста буданд ва ба ҳамдигар мегуфтанд: -Ин духтарбача кист? Чаро ба назди баландгӯяк рафт? Чӣ гуфтан мехоҳад?

Духтарча тавассути баландгӯяк бо садои баланде ба ҷамъият хитоб карда гуфт: -Киҳо Худоро дӯст медоранд? Ҳар, ки Худоро дӯст дорад, дасташро боло бардорад.

Ҳозирин, ки аз ширинзабонии духтарак ба завқ омада буданд, бо нигоҳи ҳайрат ба ҳамдигар нигаристанду ҳамагон дастҳояшонро боло карданд. Аксари ширкаткунандагонро занон ташкил мекарданд ва бештарашон ҳам беҳиҷоб буданд. Духтарбача бо як ҳолати маъсумона гуфт:

-Агар Худоро дӯст доред, пас ҳиҷобатон канӣ? Магар Худо нагуфтааст, ки ҳиҷобатонро риоят кунед. Оё шумо Худоро ҳамин тавр дӯст медоред?

   Оҳ…Чӣ саҳнаи аҷибе буд…Бисёр завқбахшо буд… Ашки хелеҳо аз гӯшаи чашмонашон бирехт. Ӯ ба ҳамаамон дарси бузурге дод. Он ҷаласаи чандсоата як тараф ва чанд лаҳзае, ки духтарбача гап зад, як тараф буд. Ӯ бо дили кӯчакаш ба ҳамаамон дарси муҳаббат дод.                                                                  

Хулоса, ин занҷираи севумини силсиламақолаҳои камина дар мавзӯи ҳиҷоб аст. Мехоҳам ин паёмҳо марҳаме барои захми дили шумо хоҳарони боҳиҷоб ва устувор шудани ақидаатон бигардад, ки ягон золиме натавонад ҳиҷобро аз саратон поин оварад. Ҳамзамон умедворем, ки ин дастур барои бонувон ва ҷавондухтароне, ки ҳанӯз дар торикии ғафлат қарор доранд ва намедонанд чи тавр аз он ба рӯшании ҳақиқат бароянд, ҳамчун раҳнамо хидмат намояд.

(идомаи рисола дар мақолаи навбатӣ бо номи “Ҳифзи истиқлоли зан бошад ҳиҷоб” ироа хоҳад гашт)

Шавкати Муҳаммад

Мақолаҳои пешин:

Ҳиҷоб тоҷи бандагии зан аст

Гули иффат дар бӯстони ҳиҷоб мерӯяд

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *