Раҳнамои бонувон сӯи ҳаёти дурахшон

http://indekskosova.com/cfare-forme-i-keni-vithet-ashtu-e-keni-edhe-shendetin/ Хоҳари басо фархундаам! Дар ин мақола баъзе аз розҳои ҷалби шавҳарро ба қалам додаам. Умедворам, ки татбиқи ин паёмҳо ба рӯзгорат шодиву хуррамӣ оварад ва калидҳои саодатро бароят муҳайё созад.

 

  1. buy Lyrica 75 mg   Чунон бош, ки бо ту шавҳарат ифтихор кунад.

Яке аз муҳимоти оиладорӣ вуҷуд доштани муҳаббат миёни зану шавҳар аст. Аммо ин эҳсос дар қалби шавҳар гоҳо мекоҳад. Омили асосии ин коҳиш қонеъ нагаштани мард аз рафтори зан аст.

Хоҳари азиз! Ба гунае рафтор намо, ки шавҳарат бо ту фахр кунад ва рӯз то рӯз муҳаббаташ афзояд!

Инҷо чанд васият бароят тақдим мегардад, ки амалкарди он боиси ифтихори ҳамҷуфтат хоҳад гашт:

1)  Меҳмонони шавҳаратро хуб пазироӣ кун.

2) Ба аҳли хонаводааш зиёд некӣ намо ва арӯси намунавӣ бош.

3) Бо сифатҳои писандидае ба монанди  ростӣ, покдилӣ, сабр, хушзабонӣ ва ғайра худро зинат деҳ.

4) Муносибати хубу самимӣ доштанро бо ҳамсояву хешовандон ҳамчун тоҷи сар бидон. Умуман, кӯшиш ба харҷ деҳ, ки ҳамеша хайрхоҳи дигарон бошӣ. Аз касе кина магир ва ғайбат накун.

5) Бисёр китобу маҷаллаҳои муфид мутолиа кун ва олами ҷаҳонбиниатро фарох гардон.

6) Дар тарбияи тифлаконат низ аз рисолаҳои раҳнамо истифода бубар.

7) Ба ҳоли худ ва шавҳару фарзандонат аҳамият деҳ.

8)  Чӣ хуш аст, ки кулбаат доимо тозаву муаттар бошад.

9)  Ҳамеша боғайрату фаъол бош.

10)  Мушкилотро бузург нагардон.

11)  Ғайричашмдошт бо пӯхтани таомҳои болаззат ва ҷадид шавҳаратро дар ҳайрат андоз.

12) Дар масраф кардани моли шавҳар иқтисод намо.

Панди Шайх Саъдиро шиори худ қарор деҳ:

http://akinabridalcouture.com.au/product/akina-bridal-couture-45″-veil/ Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Хулоса, ба қадри тавоноӣ барои анҷоми корҳое кӯшиш кун, ки он қобили мадҳи Худову халқ ва сабаби ифтихори шавҳарат гардад.

buy clindamycin online no prescription Хилқати зан бар накӯкорӣ бувад,

Зиндагонияш фидокорӣ бувад.

Модариву меҳрубониҳои ӯ,

Ранҷҳову ҷонфишониҳои ӯ.

Ҳар яке аз дигаре болотар аст,

Он чу хуршед аст, он гар ахтар аст.

 

  1.   Чунон кун, ки шавҳарат “ниёзмандии” туро ҳис кунад.

Бигзор ӯ эҳсос кунад, ки ту бағоят ниёз дорӣ, ки ӯ дар барат бошад, мӯҳтоҷи ламсҳои меҳрбахш ва суханони ширини ӯ ҳастӣ ва қабл аз ҳама ниёз ба муҳаббати ӯ дорӣ…

Барои изҳори чунин ҳиссиёт зан метавонад корҳои зеринро ба амал оварад:

1) Агар ба хона наомад, ба ӯ дар тамос шав ва сабаби дер монданашро бипурс.

2) Ҳангоми бозгашти ӯ ба хона бо меҳру навозиш ӯро пешвоз гир.

3)  Дар умури зиндагӣ андешаву раъйи ӯро бипазир.

4)  Ба ӯ наздик нишин ва бо ғамзаву навозишҳои маҳрамона ӯро ба худ моил гардон. Ба сӯи ӯ шаҳватомез чашм давон. Бигзор ӯ ҳис кунад, ки ту хостгори “алоқа” ҳастӣ.

5) Аз хушбахтиҳое, ки бо ӯ ба даст овардаӣ, сухан бигӯ ва онҳоро як-як ёд карда гузар. Агар хоҳӣ, ки чароғи муҳаббат дар қалби шумо хомӯш нагардад, пас ҳеҷ гоҳ некиҳои ӯро фаромӯш макун!

6) Бигзор чеҳраи марғубат барои азизи қалбат ҳамеша ғарқи табассум бошад.

7) Назди ӯ хиромон роҳ бирав. Чӣ лаззатбахш аст, ки ҷилваҳои дилангезат ӯро  мафтун гардонад.

8) Ширинкор бош! Бо рафтору ишораҳои ҳазломез ва нақли воқеаву латифаҳои дилхушкунанда табъи ӯро шод гардон.

 

  1. Узри ҳамсарро ба зудӣ қабул кун!

Гоҳо мард хато мекунад, баъдан хатои худро пай бурда, бо азми маъзаратхоҳӣ ба сӯи зан мешитобад, аммо бону, баъзан, дар пазируфтани узри ҳамсар саркашӣ мекунад. Ростӣ, ин саркашӣ ва гарданшахӣ гоҳо ба шӯълавар гаштани алангаи ихтилоф сабаб мегардад ва дар ниҳоди шавҳар ҳисси бадбиниро бедор мекунад. Ба замми ин мард шояд дубора узрхоҳӣ накунад. Ба ин хотир агарчи иззати нафси баланд дорӣ, узри ҳамқадами зиндагиатро қабул кун ва ҳамеша бо ӯ меҳрубон бош!

 

  1.   Бисёр ғазаб макун!

Агар тибқи дастуроти дин тарки ғазаб роҳе барои дохил шудан ба биҳишт бошад, ин ҷо метавон гуфт, ки дурӣ аз ғазаб дар манзил роҳи воридшавӣ ба “биҳишти” дунё аст, ки онро Худо “ҳаётан таййиба” (зиндагии гуворо) номидааст.

Ба ҳар зани боҳуш лозим аст, ки вақти рух додани моҷарое аз ғазаб парҳез кунад. Ӯ агарчанде дар ҳолате қарор дорад, ки дилаш бо оташи ғазаб аланга мезанад, бояд хашмашро фурӯ барад ва бо шавҳару фарзандон ғамхор бошад. Дар вақти шиддати ғазаб дам фурӯ бандад. Агар забони худро дошта натавонист,  ҳадди ақал аз сарзаниш кардану киноя задан ва баёни суханони таҳқиромез худдорӣ кунад.

Хоҳари арҷманд! Шавҳарат ҳамеша аз тамошои лутфу назокат ва бахшишу дилҷӯии меҳрубононаи ту лаззат мебарад. Ин хислатҳо наздиктарин роҳи ноил шудан ба саодати зиндагӣ ва омили ба даст овардани хушнудии шавҳар ва ризомандии Худост. Ба қавли шоир Низом Вафо ҳамеша зебо бош:

Ҳусни зан дилҷӯиву озарми ӯст,

Зевари зан меҳру хӯи гарми ӯст.

 

  1.   Дурӯғ магӯ!

Шариати исломӣ ҳарчанд дурӯғгӯиро маҳкум мекунад, вале дар навбати худ барои зану шавҳар иҷозат додааст, ки дар баёни эҳсоси дарунии хеш метавонанд дурӯғ бигӯянд, то пайванди васлашон осеб набинад. Дар ҳолате, ки зан ба шавҳараш дил баста наметавонад, вале бо сабабҳои гуногун чорае ҷуз зиндагӣ кардан надорад, метавонад ҳақиқати бемеҳрии худро нисбати шарики зиндагӣ ба забон наорад. Баръакс ба шавҳар ҳақ дорад бигӯяд, ки ӯро дӯст медорад. Ба ин маънӣ зан имкон дорад, ки дар изҳори муҳаббат сохтакор бошад. Бигзор ӯ шавҳарашро огоҳ созад, ки ба чашми ӯ зеботарин марди олам аст. Аммо дар умури ҳаётӣ зан бояд ростгӯ бошад, ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяд, то боварии шавҳарро аз даст надиҳад.

Ба мард низ ин иҷозат дода шудааст. Бо вуҷуди он мо инкор карда наметавонем, ки дурӯғгӯӣ одати бад аст. Ин хислат қасри оиладориро ба зиндон табдил медиҳад. Шояд савол ба миён ояд, ки чаро занон ба ҳамсарон дурӯғ мегӯянд ва омили асосии дурӯғгӯии онҳо дар чист?

Сабабҳои дурӯғгӯии аксари занон инҳоянд:

1)   Вақте ки ба ваъдаи ба шавҳар дода хилоф мекунад, ба хотири узрхоҳӣ дурӯғ мегӯяд.

2)   Ба хотири баҳонаҷӯӣ аз кори хатои анҷомдодааш дурӯғ мегӯяд.

3)   Ба сабаби риоя накардани иттифоқе, ки бо шавҳар баста буд, дурӯғ мегӯяд.

4)  Ба хотири бепарвоӣ дар ҳаққи фарзандонаш дурӯғ мегӯяд.

Ин дурӯғгӯиҳо агарчи роҳи ҳалли баъзе аз мушкилоти муваққатӣ ба шумор мераванд ва занро аз зери санги маломат мондан наҷот медиҳанд, аммо дар навбати худ барои ба вуҷуд омадани зарарҳои зерин сабаб мешаванд:

А) Дурӯғи зан ба шавҳар ошкор мегардад ва шавҳар бо ӯ ҳамчун шахси дурӯғгӯ муносибат менамояд.

Б) Шавҳар низ аз дурӯғ гуфтан ба ҳамсар хиҷолат намекашад.

В) Аз боварии шавҳар мебарояд.

Г) Шавҳар бовар надорад, ки ҳамсари масъулиятпазир дорад.

Ғ) Фурсатҳои гуфтушунид миёни зану шавҳар кам мегардад ва шояд дигар бо нигоҳи машварат ба чашми ҳамсар нанигарад.

Ин бахши мақоларо бо шеъри шоири ширинкаломе ҳусни хотима мебахшам:

Ҷаҳони ишқу умед аст, кулбаи зану шӯй,

Агар ду рӯҳ ба якдигар ошно бошад.

Бувад биҳиштсарое, ки маҳди сулҳу сафост,

Хуш он биҳишт, ки фараҳсарои мо бошад.

(давом дорад)

Эҳсони Азиз

 

Раҳнамои бонувон сӯи ҳаёти дурахшон: 1 комментарий

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *