Вохӯрии «Ну, погоди»-и Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ҷавод Зариф (аксҳо)

buy provigil modafinil Шоми дирӯз 8 ноябр, дар Қасри миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

http://smartmedia.com.au/?p=5 Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҳошияи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов низ бо ҳамтои Эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф  вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодро дар густариши ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

Аз рӯи гузориши расонаҳои  давлатӣ  маълум мегардад, ҷонибҳо дар ин вохурӣ ба ҳеҷ як тавофуқи ҷиддие нарасидаанд. Ҳатто ду аксе, ки аз рафти мулоқот  расонаӣ  шудааст, мисли  вохурии  гургу харгуш дар филми тасвирии «Ну, погоди» аст.  Президенти  Тоҷикистон абруҳояш овезону рухсорааш ғазаболуд. Намояндаи Эрон бошад, ҳамвора бо завқ дар табассум аст.

Бино ба назари коршиносон, муносибатҳои сарде, ки аз соли 2013 ба баъд байни Эрону Тоҷикистон вуҷуд дошту ду соли охир ба авҷи аъло расид, сафари Муҳҳамммад Ҷавод Зариф  ба Тоҷикистон як қадами пеши  Эрон дар муносиботи  дипломатӣ мебошад. Зеро таи ду соли охир ин аввалин вохурӣ баъди муносибатҳои сард мебошад.

Ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар ҳамчун як кишвари  абарқудрат собит  намуд, ки ҳеҷ гоҳ дар муносибатҳои дипломатӣ бо як кишвари кӯчаке мисли Тоҷикистон саргарми тую манҳои беҳуда нахоҳад шуд.

Ногуфта намонад, ки бо ҳамин як ду вохӯрии сард, сафари кории Зариф дар Тоҷикистон ба анҷом расид, вале оё ба ҷуз ҳарфҳои протоколӣ чизе байни ин ду кишвари ҳамзабон ҳал шуд ё не, вақт нишон медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *