Ҳабси ронандаи тоҷик дар Перм аз паи фавти ду нафар дар натиҷаи садама

buy modafinil in usa Ҷавони муҳоҷири тоҷики 19-соларо ба хотири аз беэҳтиётӣ сабаби марги ду шаҳрванди Русия шудан, то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

http://kootenayhomes.com/listing/392-columbia-gardens-road-trail-british-columbia-2425783/ Дар садамае, ки 11 майи соли равон дар чорроҳаи хиёбони Ласвинская ва Богдан Хмелнитскии шаҳри Перм рӯй дода, дар натиҷа як духтараки ҷавон ва ҳам як марди дигар фавтида буданд, ҷавони муҳоҷири тоҷик гунаҳкори асосӣ дониста шуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд.

Бино ба маълумотҳои дар расонаҳои русӣ нашршуда, муҳоҷири тоҷик бо як микроавтобус ронандагӣ мекардааст. Ҳини ронандагӣ аз уҳдаи идораи микроавтобус набаромада, ба мошини ВАЗ- 2110 бармехӯрад. Дар натиҷаи зарбаи шадид, микроавтобус ба роҳи пиёдагард чапа мешавад ва як духтараки дар пиёдагард буда, зери он мемонад. Ҳамчунин ронандаи мошини ВАЗ 2110 низ ҷароҳати вазнин мебардорад. Ҳарду баъдтар дар беморхона мефавтанд.

Ҳини тафтишот муаян шудааст, ки шаҳодатномаи ронандагии муҳоҷири тоҷик қалбакӣ будааст.

Айни ҳол парвандаи ҷиноии муҳоҷири тоҷикро суди ноҳиявии ноҳияи Кирови шаҳри Перм дар ҳоли баррасӣ қарор додааст.

Аз шахсият ва ному насаби муҳоҷири тоҷик чизе гуфта нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *