Пулиси Маскав қаллобиҳо ва фиребҳои марказҳои фурӯши мошинҳоро ошкор кард (Видео)

http://agahitehran.com/advance-search/?filter=all Рӯзи сешанбе, санаи 7 ноябр зимни як амалиёти муштараки оперативии пулис ва сарбозони горди миллии Русия  дар Маскав ҳайати роҳбарикунанда ва кории як маркази савдои мошин бо ҷурми қаллобӣ боздошт шуданд.

where to buy prednisone steroid Сабаби боздошти кормандони маркази савдои мошин шикояти шаҳрвандон аз сифати паст ва тибқи қарордоди шартнома набудани мошинҳои харида, унвон шудааст.

«Зарари моддие, ки ба шаҳрвандон расонида шудааст, баробар ба 50 млн рубли русӣ аст. Дар рафти тафтишот дар фмаркази фурӯши мошинҳо, кормандони милитсия зиёда аз 250 мошин, ҳуҷҷатҳо, васоити электронӣ ва мӯҳрҳои марбут ба парвандаи ҷиноӣ дарёфт ва мусодира намуданд. Шахсони фурӯшгоҳҳои автомобилӣ муайян карда шуданд », — гуфтааст намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Ирина Волк.

Ҳамчунон, ки хабарнигори шабакаи якуми телевизиони Русия дар гузориши худ нақл мекунад, фурӯшандагони маркази савдои мошинҳо аз зудбоварии мизоҷони худ истифода бурда, ба мизоҷон аз рӯи қарордод мошинҳои камгашта, арзонтар аз нархи бозор, ҳолати хуби зоҳирӣ ва кории мошинро ваъда мекардаанд. Мизоҷон вақте, ки аз рӯи эълонҳои таблиғотии дар нашрияҳо паҳн шуда, мошини дилхоҳашонро тавассути телефон мепурсидаанд, кормандони маркази савдои мошин мегуфтаанд, чунин мошинро доранд. Аммо вақти супоридани мошини харидашуда, ба корҳои қаллобӣ даст зада, харидорро фиреб мекардаанд.

Нисбати роҳбарият ва кормандони ин маркази савдои мошинҳо муфаттишон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гумонбаршудагон ба қаллобиро то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Як чунин амали қаллобӣ дар бозорҳои фурӯши мошинҳои Тоҷикистон бо намудҳои дигар, бо таври васеъ истифода мешавад.

Як соҳибкори тоҷик, ки собиқаи таҷрибаи интиқоли мошин аз Аврупо ва фурӯши онҳо дар бозорҳои Тоҷикистонро доштааст, ба “Варорӯд” дар ин бора гуфт, мошинҳое, ки дар бозорҳои Тоҷикистон гӯё аз Аврупо ва Аморати Араб мебаранду аз қатора фароварда, рост ба бозор мебаранд, ҳақиқат надорад.

«Мошинҳое, ки аз Аврупову соҳили Балтика ва Аморати Араб ба Тоҷикистон ворид мешавад, 50 фоизаш ҳамчун қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ҳуҷҷатгузорӣ шуда, аз гумрук мегузаранд. Баъзан, ҳатто ба хотири гарон нашудани нархи гузариши гумрукӣ ба дую се як мошинро бурида, тақсим карда, меоранд. Баъд дар марказҳои таъмири мошин, ин мошинҳоро таъмир мекунанд, ба намуди зоҳирияш хуб кор мекунанд. Рақамҳои нишондиҳандаи гашти мошинро кам мекунанд. Баъди ин ҳама  ба бозори мошин ворид мекунанд», — мегӯяд соҳибкор

Ин соҳибкор мегӯяд, баъди он ки нархи гузариши гумрукӣ чанд карат боло рафт, аксарият соҳибкороне, ки шуғлашон интиқол ва фурӯши мошин буд, аз ин тиҷорат даст кашидаанд. Айни ҳол ин тиҷорат дар дасти онҳое аст, ки дар «боло» одам доранд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон  рӯйдодҳои садамаи мошинҳо рӯз аз рӯз, беш аз пеш ба қайд гирифта мешаванд. Садҳо нафар ҷони худро аз даст дода,  қурбонии ин гуна мошинҳои худсохт мешаванд. Аммо  то ба ҳол нисбати фурӯшандагони чунин мошинҳо ва интиқолдиҳандагони он ба Тоҷикистон, ягон чорабиние ба назар намерасад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *