Эрдуғон узрхоҳии НАТО — ро қабул накард — ВАРОРӮД

Эрдуғон узрхоҳии НАТО — ро қабул накард

http://oceanadesigns.net/images/granite/golden-lightning/golden-lightning.jpg Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия узрхоҳии НАТО — ро қабул накард.

http://hitsharesquare.com/activity/p/110730/ “Туркия бояд муқобили ҳамагуна кӯшишҳои ислом ва миллати туркро ба масхара гирифтан бошад” — таъкид намуд Эрдуғон.

“Дигар аз ҷониби касе ҳам набошад, аз таҳқир набояд чашм пӯшид. Билохира ба ислом ва мардуми мусалмон таҳқир намуданро бояд нуқта гузошт. Вагарна ин узрхоҳиҳо ҳеҷ маъние надорад”- изҳори норизоиятӣ кард, Эрдуғон.

Ин вокуниш ба далели бе эҳтиромӣ ба Мустафо Камол Отатурк, бунёнгузори ҷумҳурии мустақили Туркия ва президенти феълии ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар размоиши Паймони Атлантикаи Шимолӣ “НАТО” дар Норвегия, ки ба манзури касби омодагӣ барои ҷанги эҳтимолӣ баргузор шуда буд, садо дод. Дар ин размоиш як афсари Норвегӣ Камол Отатурк ва Раҷаб Эрдуғонро таҳқир намуд. Аз паи ин 41 нафар ходимони ҳарбии худро Туркия аз размоиш бозхонд кард.

Ёдовар мешавем, ки  Франк Бок-Йенсен, вазири дифоъи Норвегия бо интишори баёнияе дар сомонаи расмии ин Вазорат, дар иртибот ба беэҳтиромӣ ва иқдоми хасмона алайҳи Туркия ҳини размоиши Созмони Атлантикаи Шимолӣ “НАТО” дар Норвегия, аз Туркия расман узрхоҳӣ кард.

Дар  баёния қайд карда буд, ки “Ин иштибоҳ аз ҷониби як шаҳрванди Норвегия, ки танҳо барои размоиш истихдом шуда буд, анҷом гирифтааст. Паёме, ки аз ҷониби як шаҳрванди оддии Норвегия мунташир шуда, ҳеҷ иртиботе бо давлати Норвегия ва сиёсатҳои ин кишвар надорад. Бобати матолибе, ки дар ин паём мунташир шудааст, узрхоҳӣ мекунам. Туркия яке аз муҳимтарин муттаҳидони “НАТО” аст ва ба ҳамкории наздик бо ин кишвар аҳамияти зиёде қоил ҳастем. Шаҳрванди ихтилоф ба миён овардаи Норвегӣ, ки ин паёмро нашр кард, билофосила ихроҷ шуда, таҳқиқоти густарда дар ин замина оғоз шудааст”

Ҳамчунин Йенс Столтенберг, Дабири кулли “НАТО” низ ба далели бе эҳтиромӣ ва иқдомоти хасмона алайҳи Отатурк ва Эрдӯғон дар размоиши низомии “НАТО” дар Норвегия аз Туркия узрхоҳӣ карда буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *