Барзу Абдураззоқов: «Мо ба наслҳои дигар танҳо ҳисси тарс ба мерос мегузорем»

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ки феълан дар театрҳои Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаҳо аст, мегӯяд, ки танҳо бо сохтани биноҳои нави театр дар Тоҷикистон намешавад ин бахши фарҳанги тоҷикро дубора эҳё кард.

Ин нуктаҳоро Барзу Абдураззоқов 20 ноябр дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён дошт. Нахуст аз ҷаноби Абдураззоқов пурсидем, ки ин сафараш ба Тоҷикистон ба чӣ сабаб сурат гирифтааст:

go to site Барзу Абдураззоқов: Ман ба Душанбе ба хотири гирифтани визаи Ӯзбакистон омадам. Зеро, як моҳ фурсати рухсатӣ дорам ва бо даъвати театри ба номи Муқимии шаҳри Тошканд мехоҳам дар он ҷо намоишномаи “Фарҳод ва Ширин”-и Алишер Навоӣ рӯи саҳна биоварам. Чун шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, метавонам визаи Ӯзбакистонро ё аз шаҳри Алмаатову Бишкек ё Душанбе бигирам. Аммо ба хотири аёдати наздиконам, бахусус падару модарам, фарзандонам ва дӯстонам тасмим гирифтам ба Душанбе омада, шаҳри азизи худро дубора бубинам ва фардо субҳ ба Тошканд парвоз хоҳам кард. Тӯли ин солҳо асарҳои зиёди сиёсиву иҷтимоиро рӯи саҳна гузоштам, аммо ҳоло мехоҳам асари театрии ошиқонаеро таҳия созам. Вале на “Ромеа ва Ҷулетта”, балки алоқамандам асари ошиқонаи шарқиеро рӯи саҳна биоварам. То дар баробари қаҳрамонҳои асар ба умқи он ғӯта бизанам, бихандаму кӯҳканӣ кунам ва фидоии ишқ бошам. Ба ин далел худро барои таҳияи намоишномае чун “Фарҳод ва Ширин” омода медонам.

source url Радиои Озодӣ: Дар ҳамин ҳол ҳаводорони тоҷик низ муштоқи тамошои офаридаҳои шумо ҳастанд. Оё имкон набуд, ки ин асарро дар театрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузоред?

follow Барзу Абдураззоқов: Саволи хеле душвор… Ҷое бояд рафт, ки он ҷо даъватат мекунанд. Ман наметавонам дари хонаи касеро бикӯбаму бигӯям, ки ман наздат омадаам. Ҳар ҷое, ки меравам, қаблан даъватам мекунанд, занг мезананд. Феълан ман аз 14 театри кишварҳои мухталиф даъватнома дорам, ки ин ё моҳи дигаре он ҷо барои кор биравам…

Театри тоҷикро солҳои сивум яҳудиҳо бунёд кардаанд

Радиои Озодӣ: Тӯли чанд соли ахир шумо дар театрҳои Қирғизистон ва Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаҳо будед. Вазъи ҳунар ва театрро дар ин кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Барзу Абдураззоқов: Дар асл ҳамаи театрҳои ҷаҳон узви як оила ва бародарон ҳастанд. Яке сарватмандтару дигаре чашмтангтар ё баръакс. Яке ба забони гурҷиву дигаре ба арманӣ ё тоҷикӣ ҳарф мезанад. Ҳама фарзанди Ҳазрати Одам мебошанд. Вале агар бо Тоҷикистон муқоиса кунем, қазоқҳо бештар пулдоранд ва агар хостанд, аз кишварҳои дигар коргардонҳои машҳурро даъват мекунанд. Танҳо як театри русзабони ба номи Горкийи Қазоқистон ҳамасола то чаҳор коргардони хориҷиро даъват мекунад, аз он ҷумла, маро. Театри академии ба номи Авезови шаҳри Алмаато метавонад дар як сол 10 коргардони хориҷиро даъват кунад. Вале дар ин маврид як нуктаи муҳиме аст.

Бритониё империяи футбол аст, вале онҳо даъво надоранд, ки бояд танҳо футболбозони англис дар он ҷо бозӣ кунанд. Зеро бритониёиҳо дарк мекунанд, ки сифати бозӣ муҳим аст, на шаҳрвандии бозигарон. Дар санъат низ сифат муҳим аст ва набояд фарқияте вуҷуд дошта бошад, ки коргардон тоҷик аст ё яҳудӣ ё миллати дигаре. Муҳим сифати пешниҳоди асари театрӣ аст, на шаҳрвандии коргардон. Коргардон намоишномаро меофарад ва меравад, аммо ин намоишнома боқӣ мемонад. Ин нуктаро дар хориҷ аз Тоҷикистон муддатҳост, ки дарк кардаанд, вале дар ватани мо на. Ман ба ҳамсӯҳбатонам низ мегӯям, ки театри тоҷикро солҳои сивум яҳудиҳо бунёд кардаанд. Мителману Александрин буданд, ки ҳунармандонеро мисли Тӯҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Қосимову Аслӣ Бурҳонов ва дигаронро тарбият карда, рӯи саҳна оварданд. Бибикову Пижов буданд, ки падараму Ҳошим Гадо, Маҳмудҷон Воҳидов, модарам ва Марям Исоеваро ба театри тоҷиқ муаррифӣ карданд. Онҳо буданд, ки имрӯз ҳам мо аз ҳунари Исфандиёр Ғуломову дигарон баҳрабарем… Ҳоло бошад, бар ин назарем, ки 25 сол қабл мо ба истиқлолият даст ёфтему дигар бароямон чизе ва касе даркор нест. Дар ҳоле, ки имрӯз ба мутахассисони хориҷӣ сахт ниёз дорем.​

Касе маро даъват намекунад

Радиои Озодӣ: Ҳоло сохтмони бинои театри нави миллӣ дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Ахиран вазири фарҳанги Тоҷикистон эълон кард, ки театр бунёд мешавад, аммо кишвар мутахассисони касбӣ дар ихтиёр надорад. Шумо ба ин назар мувофиқед?

Барзу Абдураззоқов: Ман қаблан гуфта будам, ки пеш аз рехтани пойсутуни бинои театри нав мақомотро зарур аст нахуст то 40 нафар донишҷӯро ба донишкадаҳои ҳунарии Москва, Петербург ва Лондону Париж фиристанд. Вақте театр сохта мешавад, ин ҷавонон бармегарданд ва дар он ҷо кор мекунанд.

Аз ин театре, ки бо харҷи миллионҳо сомонӣ сохта мешавад дар сурати набудани ҳунармандони касбӣ ҳеҷ фоидае нест. Кӣ он ҷо кор мекунад? Коргардон надорем, рассоми хуби театрӣ надорем, оҳангсоз надорем. Пас, ин танҳо як иморате мешавад ва тамом. Дар кишваре, ки оби гарму хунук ва барқ надорад, ин харҷҳо ҳама беҳуда хоҳанд буд.

Немирович мегуфт, ки театр ин як қолину як одам аст. Дар таҳхона низ театр метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Гап сари бино нест, ҳунармандон муҳим мебошанд.

Радиои Озодӣ: Пас, шумо чаро ба ватан барнамегардед?

Барзу Абдураззоқов: Бозгаштам аз ман ки аслан вобаста нест, зеро касе маро даъват намекунад. Ҳар ҷое, ки исми ман пайдо мешавад, фаъолияти он зуд қатъ мегардад. Ҳам вазорати фарҳанг ҳузури маро намехоҳад ва ҳам дигарон. Дар ин шароит бозгашти ман ҳам дигар маънӣ надорад. Беҳтар аст, ки ба кишварҳои дигаре биравам ва мисол дар Минск ё Москва намоишнома гузорам, ки он ҷо маро интизоранд.

Озодии баён надорам

Радиои Озодӣ: Агар бозгашти эҳтимолии шумо ба Тоҷикистон сурат бигирад, чӣ шартҳое бояд иҷро шаванд?

Барзу Абдураззоқов: Пеш аз ҳама бояд театр бошад ва хонаводаам тинҷ бошад. Бояд маоше дошта бошам, ки дастнигар нашавам. Сензура болои корам набояд бошад. Озодии баён бояд дошта бошам. Азбаски озодии баён надорам, дар театр кор кардани ман манънӣ надорад.

Ин шарти аввал ва муҳимтарин мебошад. Зеро, ҳоло ҳар асари классикиро рӯи саҳна оваред, онро метавонанд ба диди худ арзёбӣ кунанд. Агар имрӯз ман “Гамлет”-ро рӯи саҳна гузорам, мегӯянд, ту зидди шоҳ намоишнома дуруст кардӣ. Агар коргардони “Шоҳ Лир” шавам, мегӯянд, зидди хонаводаи шоҳ сухан мегӯӣ. Тасмим бигирам, ки “Тортюф”-ро рӯи саҳна гузорам, мегӯянд зидди диндорон иқдом кардаӣ. Агар “Колобок”-ро ба саҳна гузорам, бар ин фикр мешаванд, ки як бор фирор кардӣ, акнун мехоҳӣ бори дувум бигрезӣ. Гап сари аҳмақҳоест, ки кори туро назорат мекунанд.

Ҳар коре ки накунӣ, инҳо шубҳа доранд. Бояд нахуст шубҳаи инҳо бартараф шавад. Агар, фарз кардем, ки маро дубора ба Тоҷикистон даъват мекунанд, онҳо бояд дарк кунанд, ки ин осмону ин замину ин фазо моли ман ҳам мебошад.

Зеро, шиносномае, ки дар киса дорам, паспорти тоҷикӣ аст. Ман наметавонам теша бар пойи худ бизанам. Ман охир ба Тоҷикистон барои рехтани худ барнамегардам. Ман оилаву фарзанд дорам, волидайн дорам. Шояд ин саразаминро ман аз онҳо бештар дӯст медорам.

Радиои Озодӣ: Ахиран бо падари шумо сӯҳбат доштем ва он кас изҳор доштанд, ки шумо дар бархе аз маворид вокунишҳои тунд нишон медиҳед, ки бароятон мушкил эҷод мекунад. Шумо ба ин гуфтаҳои падаратон мувофик ҳастед?

Барзу Абдураззоқов: Дуруст аст. Бубинед, ки агар шумо аз роҳ дар сурати чароғи сурх убур кунед ва ман аз дасти шумо медорам, ки ин кор нодуруст аст, магар ҳамин кор тундӣ аст? Ё агар ҳушдор диҳам, ки дар пеш ҷарие ҳаст ва набояд он ҷо рафт, магар ин тундӣ аст? Магар интиқод аз кори бади феълии худ тундӣ мебошад? Мо ин таҷрибаро дар гузашта паси сар кардаем. Магар ҳушдор аз худдории шаробнӯшиву сигоркашӣ тундӣ аст?

Танҳо иморати нав наметавонад театри нав бошад

Радиои Озодӣ: Пас, дар сурати бозгашти худ ба Тоҷикистон шумо театри навини тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Барзу Абдураззоқов: Театри нав ин одами нав аст. Танҳо иморати нав наметавонад театри нав бошад. Барои театри нав шахсият зарур аст, ки ҳоло онро ман намебинам. Бояд шахсиятро гирди ҳам овард ва на танҳо дар арсаи театр. Ҳоло барои сохтмони театри нав садҳо миллион сомонӣ ихтисос медиҳанд, вале барои тарбияти шаҳсиятҳо ҳатто ду миллион ҷудо намекунанд.

Фаррух Қосимов дар бинои саққобозӣ намоишномаи “Юсуфи гумгашта”-ро таҳия кард, ки дастоварди ҷаҳонӣ шуд. Яъне, шахсият муҳим аст.

Солҳои шӯравӣ дар мардуми мо тафаккури ғуломӣ ва тарс сахт ҷой гирифтааст. Бо гузашти 25 соли иқтиқлолият мо натавонистем ҳисси ғуломиро аз худ дур созем. Фикр мекунам, барои ин амр фурсати бештаре зарур аст. Мо ба наслҳои дигар танҳо ҳисси тарс ба мерос мегузорему халос. Ин ҳама натиҷаи зиндагии 70 соли шӯравӣ аст. Яъне, замони шӯравӣ ҳам ғулом будем ва ҳоло низ. То ҷое ҳанӯз ҳам мисли замони шӯравӣ коммунист боқӣ мондаем ва ҳамаи арсаҳои зиндагии мо ба ин арзишҳои дурӯғин пойбанд мондааст.

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *