Ду ҳазору 528 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун ҷинояткор дар рӯихати Интерпол аст

Мудири дафтари Полиси байналмилалӣ (Интерпол) дар Тоҷикистон эълом кард: Ду ҳазору 528 шаҳрванди ин кишвар таҳти пайгарди қазоии байналамилалӣ қарор доранд.

gabapentin purchase online uk Абдулғафор Азизов гуфтааст, иттиҳоми ин афрод қатлу куштор, иртикоби ҷиноёти сангин бо истифода аз аслиҳа, терроризм ва ифротигарӣ, дуздии маблағҳои калони молӣ ва дигар маворид аст.

Вай таъкид кардааст, аз ин теъдод як ҳазору 873 нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва 35 нафар ҳам узви ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳастанд.

Иттиҳоми ин афрод фаъолият дар гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ, даъват ва ташвиқ ба барандозии низоми сиёсӣ, терроризм ва ифротигарӣ унвон шудааст.

Мудири дафтари Полиси байналамилалии Тоҷикистон, иллати вуҷуд надоштани номи бархе аз шаҳрвандони ин кишвар дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоии байналмилалиро ба дараҷабандии иттилооти ин ниҳод марбут донистааст.

Абдулғафор Азизов гуфтааст, феҳристи боз дар дастраси мардум қарор мегирад, вале листи маҳрамона дар дастраси умум қарор надорад.

Вай ҳамчунин аз ҳамкории наздики Интерпол дар Тоҷикистон бо ниҳодҳои ин созмон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони таҳти пайгарди Тоҷикистон хабар додааст.

Қаблан бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфта буданд, ки пулиси байналмилалӣ мавриди истифодаи ҳукуматҳои мухталиф қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, дар суҳбати моҳи октябраш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “аз ин полис бо ҳадафи боздошту зиндонӣ кардани бисёре аз онҳое истифода мешавад, ки ба фаъолияти озоди сиёсӣ машғул ҳастанд. Ба ин чиз роҳ додан мумкин нест ва Интерпол бояд ҳар қазияро хеле мӯшикофона таҳқиқ кунад”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *