Нагирифтани  ҳаққи  бознишастагӣ аз Русия айби  худи  муҳоҷирони  корӣ аст

Зиёда аз 20 сол мешавад, ки таъмини хонаводагии шаҳрвандони Тоҷикистон асосан аз ҳисоби муҳоҷират мебошад. Зиёда аз 1 млн нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд. Талаботҳои қонунии кишвари Русия барои буду боши муҳоҷирон ниҳоят сангин аст. Андозҳои муҷаввизи корӣ (патент) низ дар ҳама минтақа ва ҷумҳуриҳои тобеи Федератсияи Русия гуногун буда, ҳатто дар баъзе минтақаҳо ба мисли минтақаи худмухтори Ямало-Ненецк андоз барои як моҳ 8219 рубли русӣ, баробар ба 140 доллари амрикоӣ ва 1240 сомонӣ муаян шудааст. Дар умум ба ҳисоби миёна муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздик ба 4 ҳазор рубли русӣ андози ҳармоҳа месупоранд. Аммо бениҳоят кам ба назар мерасад, ки муҳоҷирони тоҷик аз ҳисоби ин андозҳо ва кору фаолияташон ба ҳаққи бознишастагӣ даст ёфта бошанд.

Пардохти ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷир барои кишвари Русия таҷрибаи нав нест. Кайҳост бо кишваре мисли Белорус шартнома дорад ва ба муҳоҷироне, ки аз ин кишвар дар Русия кор мекунанду ба синни бознишастагӣ мерасанд, Русия ҳаққи бознишастагӣ пардохт мекунад.

Чанд вақт аст раванди гуфтушунидҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия низ дар бораи ба мувофақа расидан барои аз ҷониби Русия пардохтани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик  давом дорад.

Умед дорем, ҷониби Тоҷикистон ҳам дар раванди ба мувофақарасӣ дар ин ҷода, муваффақ хоҳад шуд.

Варорӯд дар ин бора бо Иззат Амон, ҳуқуқшинос, сиёсатшинос ва раиси Созмони ҷамъиятии минтақавии мусоидат ба ҳуқуқи муҳоҷирон  дар Русия, ки асосан ба дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, мусоҳибае анҷом дод. Инак ин мусоҳиба пешкаши хонандагон мегардад.

click Варорӯд: Дар бораи ҳаққи бознишастагӣ барои муҳоҷир аз рӯи қонун маълумот медодед. Оё як чунин таҷриба дар ҳоли амал қарор дорад. Ҳаққи бознишастагӣ, ки тибқи маълумот шартномааш аллакай байни Белорусия ва Русия баста шудаасту дар ҳоли амал қарор дорад, чи гуна будааст?
http://burlingtoncarshow.ca/wp-json/oembed/1.0/embed?url=http://burlingtoncarshow.ca/latest-news-car-show/ Иззат Амон: Бале,  таҷрибаро   кишварҳои  урупоӣ  ва  арабие, ки  бо  кишварҳои  муҳоҷирони  корӣ  аз  он  ҷо барои  кор  меоянд  хуб  истифода  мебаранд.  Барои  амалӣ  гаштани  ҳамчунин  як  таҷриба  кофист  ду  давлат  миёни  ҳам  шартнома  банданд.  Баъзан  вақт  кофист  то  ниҳодҳои  марбутаи  ду  давлат,  ки  масъулияти  муҳоҷирони кориро  ба душ  доранд  шартнома  банданд. Дар  он  шартнома,   дар қатори  дигар шарту  шароитҳои  будубоши  муҳоҷирони  корӣ  масалаи  ҳаққи  бознишастагӣ  низ   дарҷ  мегардад.
Чуноне ки  медонем,    қонунгузории  кишварҳо   синну  соли  гуногунро  барои  бознишастагон    муаяйн  намудааст.  Умуман  тамоми  паҳлуҳои  масъала  бо  кишвари  қабулкунандаи  муҳоҷирони корӣ  ҳаллу фасли  худро  ёфта,  шартнома  баста  мегардад. Албатта  баъди бастани  шартнома,  парлумонҳои  ду  кишвар  он  шартномаро   боястӣ  ба  тасвиб  расонанд.  Агар  ба  тасвиб расиду  имзои  раҳбарони  кишварҳоро  хурду  дар рӯзномаҳо  нашр  гашт,  ба  ҳукми  қонунӣ  хоҳад  даромад.
Он чи  вобаста  ба  шартнома  миёни  Русия  ва  Белорус  аст  ин аст, ки ин ду  кишвар  иттиҳод  дорад (союзное  государство). Дар  аксар  маворид  лозим  ба  бастани  шартнома  ҳам  надоранд.  Яъне  ҳолатҳои  шарҳрвандӣ  аллакай  дар  шартномаи   иттиҳод   (союзный  договор)   дарҷ  гаштааст.  Шаҳрвандони  Белорус  дар  Русия  ва  ҳамчунин  шаҳрвандони  Русия дар  Белорус  аз  ҳуқуқҳои  яксон  бархурдоранд. Албатта  ғайр  аз  ҳаққи  интихоб  шудану   раъй  додан, ки  ҳамонро  низ  мехоҳанд  ҳал  намоянд.
http://oceanadesigns.net/wp-json/oembed/1.0/embed?url=http://oceanadesigns.net/envira/bianco-perlino/ Варорӯд:  То чи андоза дастёбӣ ба ҳаққи бознишастагӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик ба воқеият наздик аст?
Иззат Амон: Агар  хато  накунам  чанд  сол  қабл  байни   Хадамоти  муҳоҷирати  Тоҷикистон  ва  кишвари  Русия  ҳамингуна  як  шартнома  ба  имзо  расида  буд. Вале  ғайр  аз  ба имзо  расиданаш  дигар  мо  аз  тақдири  он  шартнома  хабаре пайдо  накардем.  
Гарчанде  медонем  баъзе  аз  корхонаҳо, ки  муҳоҷирони  корӣ  дар  он  муддатҳои  тулонӣ  фаъолият  намудаанд  ҳаққи  бознишастагӣ  мегиранд.
Варорӯд: Киҳо метавонанд ба ҳаққи бознишастагӣ ё худ нафақа даст ёбанд. Чи талаботҳои қонунӣ мавҷуд аст?
Иззат Амон: Ҳар муҳоҷире,  ки  синнаш  ба  синни  нафақа  расиду  муҳлати  фаъолияти  кориаш  барои  гирифтани  ҳаққи  бознишастагӣ   кофӣ  бошад,   метавонад   аз  ҳаққи  бознишастагӣ  бархурдор  гардад.  
Бубинед,  мо  дар  қонунгузории  Русия   режимеро  бо  номи  благоприятствования  дорем,  ки  ин  режим  ҳуқуқи   шаҳрвандони  хориҷиро  бо  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Русия  баробар  карда  аст. Ғайр  аз  ҳаққи  раъй  додану  интихоб  шудан. Бинобар ин, тибқи  ана  ҳамин  режим  барои  гирифтани  ҳаққи  бознишастагӣ    ҳеҷ  гуна  шартнома  ҳам лозим  нест.  
Нагирифтани  ҳаққи  бознишастагӣ  аввал  айби  худи  муҳоҷирони  корӣ,  сонӣ   розӣ  набудани  корфармоҳост.  Яъне  мушкил  мушкили  ҳуқуқист, на  қонун.
Варорӯд:  Аз ҷиҳати сиёсӣ ва муносибати дипломатӣ  ҳукумати Тоҷикистон оё тавони ба ҳадди дилхоҳ ҳал намудани ин масъаларо дорад?
Иззат Амон: Бояд  тазаккур  намоям, ки  ҳануз  соли  1994  дар  шартномаи  Минск,  ки  дар  ҷаҳорчубаи    ташкилоти  Иттиҳоди  муштаракулманофеъ (СНГ)  ба  имзо  расид,  ин  ҳуқуқҳо  ба  шаҳрвандони узви  иттиҳод  дода  шуда  буданд. Азбаски  шартномаҳои  ба  имзорасида  кор  намекунанд,   ҳуқуқи  кории  шаҳрвандон  низ     ба таври бояду  шояд  ҳимоя  намегарданд.
Ҳукумати  Тоҷикистон  ин  мушкилро  чандин  сол  қабл  ҳал  карда  аст, вале  чун  равобит миёни  Тоҷикистону  Русия   баъди  ба  имзо  расидани  шартнома  сард  гашт,   ба  ҳукми  қонун  даромадани  шартнома  низ  ба  дарозо  кашид.  Мутмаинам, агар  Тоҷикистон  ба  Иттиҳоди  гумрукии  Иттиҳоди   Авруосиё  ворид  гардад  ин мушкил  ҳалли  худро  хоҳад  ёфт.
Варорӯд: Дар боло ишора кардед, ки мушкилии ба ҳаққи бознишастагӣ даст наёфтан ин мушкилии ҳуқуқист на қонун. Аммо ҳал намудани мушкилиҳои ҳуқуқӣ бештари вақт бе кӯмаки ҳуқуқшинос, вакили дифоъ ва ё худ ниҳоди махсус имконнопазир аст. Бубинед, чанд рӯз пеш Аида Қосимбекова, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод ба амал оварда гуфт, ки бояд теъдоди кормандони Намояндагии кумитаи муҳоҷирати ин кишвар дар Русия зиёд карда шавад, то муҳоҷирони қирғиз дар ҳалли муаммоҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ба мушкилӣ дучор нашаванд. Оё ҳамингуна андешаи мусоидат дар ҷомеаи тоҷикӣ ба назар мерасад?

Иззат Амон: Гумон  накунам,  ҳамчунин  як пешниҳоде  аз ҷониби  намояндагони  парлумони  Тоҷикистон  кадом  вақте  садо  диҳад.  Намояндагони  қирғиз  аз  ҳуқуқҳои  интихобкунандагонашон  ба  таври  бояду  шояд  дифоъ  мекунанд.

Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  Тоҷикистон  дар  Русия  шояд  аз  камбудии  кормандон  танқисӣ  накашад. Мушкил  сари  тахассуси  онҳост. Яъне аксар кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия  мутахассиси  соҳа  нестанду  бо  кадом  воситае  ба  ниҳод  ба кор  гирифта  шудаанд. Шояд кормандони Намояндагии Тоҷикистон ҳам хеле иродаи корӣ ва хидмат дошта бошанд, вале усули менеҷменти корӣ ақибмонда аст. Ходими намояндагии Хадамот ба муҳоҷири муроҷиатнамуда, на ҳамчун ходим, балки мисли додситон ба ҷинояткор, ё як мансабдор муносибат мекунад. Вақте номи ниҳод хадамот аст, пас кормандаш ходим, яъне хидматгузори мардум аст. Агар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон одобу усул ва равиши корро мутобиқ ба номи ниҳодашон  ба роҳ монанд, фикр мекунам хеле пешравиҳо ба миён меояд.

Варорӯд: Вазъи ҳуқуқии имрӯзаи муҳоҷирони тоҷик аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
Иззат Амон: Мутаассифона  имруз  муҳоҷирони  кории  тоҷик  дар  Русия  вазъи  хубе  надоранд.  Ин  мушкил  мушкили  системавӣ  буда,  танҳо  хоси  муҳоҷирони  кории  тоҷик  нест.  Албатта  омилҳои  гуногун  барои  ба  чунин  вазъ  расидан  таъсири  худро  расонидаанд, ки мо  дар  фурсати  дигар  метавонем  сари  ин  омилҳо  суҳбат  биороем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *