Шоҳнаими Карим, фаъоли ҲНИТ аз боздоштгоҳи Юнон озод шуд

buy Pregabalin cheap Шоҳнаими Карим, яке аз масъулони аршади ҲНИТ бо қарори Додгоҳи Олии Юнон аз боздоштгоҳи ин кишвар озод шуд.

http://stemcellprofessionals.com/stem-cell-therapy-for-knees-york-pennsylvania/ Бино ба иттилоъи хабаргузории Паём, имрӯз Додгоҳи Олии Юнон дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди Мирзораҳим Кузов (машҳур ба Шоҳнаими Карим), узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ-ро рад намуда, ӯро аз ҳабс озод кардааст.

Тибқи манбаъ мурофиа дар бинои Додгоҳи Олии Юнон бо ширкати қозии парванда, ҳайати мушовараи Додгоҳи Олию намояндаи Додситони Кулли Юнон, ҳайати вакилони ҷаноби Кузов ва ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, имрӯз дар шаҳри Афина баргузор гашт.

“Қозии Додгоҳи Олии Юнон бо ҳайати мушовара далелҳои пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистонро беасос ва сиёсӣ номида, далелҳои пешниҳоднамудаи вакилони дифоъ ва шоҳидон, аз ҷумла, суханронии  Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ- ро қонеъкунанда донист ва ҳукми озодии Кузовро содир намуд”. — омадааст дар хабар

Манбаъ афзудааст, ин мурофиаи аввалин нисбати намояндагони ҲНИТ дар асоси дархости ИНТЕРПОЛ мебошад, ки аз тарафи додгоҳ рад шуд. То ҳол ҳеч кишваре намояндагони ҲНИТ- ро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва ИНТЕРПОЛ истирдод накардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД Тоҷикистон Абдуғаффор Азизов, дар мусоҳиба бо нашрияи “Ҷумҳурият” чанд рӯз пеш гуфта буд, ки дар натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Интерпол муяссар гаштааст, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд.

«Ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад», — гуфта буд Азизов.

Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим), раҳбари бахши дороиҳои ҲНИТ шаби 9 октябр дар роҳи бозгашт аз анҷумани ҳуқуқи башари САҲА аз Варшава ба Эрон дар фурудгоҳи Афина, пойтахти Юнон дастгир шуд. Исми ӯ дар рӯйхати афроди таҳти таъқиби Интерпол будааст.

Шоҳнаими Карим моҳи сентябри соли 2015  тарки Тоҷикистон карда буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *