Коршиносон ба баланд шудани нархи истифодаи қувваи барқ зид нестанд. Аммо…

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки тадриҷан ба тарифҳои нерӯи барқ тасҳеҳот ворид намояд.

Яъне бонк ба ҳукумати Тоҷикистон тадриҷан боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқ ва ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои дастгирӣ аз қишри осебпазири аҳолиро дар ин замина тавсия додааст.

Соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. 

Имсол бошад як бора ду бонки байналмилалӣ БАТР ва БОР ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки нархи истифодаи қувваи барқ боло бурда шавад.  Бонки осиёгии рушд аввоили соли ҷорӣ  аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Пешниҳоди БОР аз он иборат буд, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад.

Варорӯд сабаби тақозои созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ барои баланд бардоштани нархи истифодаи қувваи барқро аз коршиносон пурсид.

Ҳоло дар зер посӯхи коршиносон манзури хонандагон мегардад.

Зафар Абуллоев- коршиноси масоили иқтисодӣ:

go to site Зафар Абдуллоев

Созмонҳои байналмилалии сармоягузорӣ, ки ба сармоягузориҳои лоиҳаҳои инфрасохторӣ машғуланд, аз иҷрокунандагони лоиҳа талаб мекунанд,  ки нархи истеҳсолот ба нархи бозори ҷаҳонӣ баробар шавад. Аз ҷониби дигар ин талабот аз он дарак медиҳад, ки тибқи шартнома лоиҳаҳое, ки ин бонкҳо сармоягузорӣ мекунанд, аз он ҷумла сармоягузориҳои лоиҳаҳои истеҳсоли қувваи барқ, бояд маблағҳои сармоягузоришуда баргардонида шаванд. Табиист, ки бо нархи паст баргардонидани қарзҳо ба дарозо мекашад. Бо баланд бардоштани нарх  суръати пардохти қарз меафзояд. Аз нигоҳи иқтисодӣ ин дуруст аст. Дар масъалаи содирот ҳам бошад, ба таври мисол агар нархи дохилӣ 5 сент бошад,  дар ба кишварҳои ҳамсоя бо нархи ду се баробар қимматтар пешниҳод намудан мушкилиҳо пеш меояд. Харидорони хориҷӣ фарқияти зиёд дар нархро мебинанд. Чун агар Тоҷикистон ба таври мисол баробар бо нархи бозори ҷаҳонӣ ба 30 сент фурӯшад, ин як чанд маротиба аз нархи дохилӣ баланд аст.

Баланд бардоштани нархи истифодаи қувваи барқ аз чанд ҷиҳат хуб аст. Пардохти қарзҳоро метезонад, сифати хидматрасонӣ хуб мешавад, иқтисодиёт пеш меравад.

Созмонҳои сармоягузорӣ ба мисли Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии Рушд ва ғайра ҳам ҳавасманд ба ин ҳастанд, ки давлат роҳҳои ба даст овардани сармоя ва пардохти  онро пайдо кунад. Дар ин ҷода тавсияҳои худро ҳам медиҳанд. Ин аз назари иқтисодӣ дуруст аст.

Аммо ба андешаи ман ин сиёсат як каме хато аст.  Зеро Тоҷикистон,  тибқи санҷишҳо ва оморҳо яке аз кишварҳои фасодзадатарин маҳсуб меёбад.

Дар таҷриба мебинем, ки аз баланд бардоштани нархҳо дигаргуние ба миён наомадааст. Нишондиҳандаҳои омор дар ин ҷода хуб нестанд. Ҳамасола қисме аз қувваи барқ дар роҳ гум мешавад. Гузоришҳои “Барқи тоҷик” аз нигоҳи иқтисодӣ шубҳабарангезандаанд. Ин аст, ки мебинем солҳост қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз истеҳсолкунандагони қувваи барқ мисли “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2” меафзояд. Бинобар, пеш аз бардоштани нарх, бояд пеши роҳи фасодро гирифт.

enter Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов — коршинос: Чун аввалан бе боло бурдани нархи қувваи барқ онро таъмин кардан ғайриимкон аст. Сониян ин талаботи бозори ҷаҳонӣ нисбати тамоми иштирокчиёни ин бозор аст.

Чунки нархи интиқолдиҳандаҳои энержӣ бевосита ба нархи маҳсулоти дохилӣ таъсир дорад ва метавонад боиси дар шароити нобаробар қарор гирифтани иштирокдорони бозор шавад.

Иттиҳоди Урупо ва Амрико бо Чин ҳамин мушкилро доранд.

Дар ҳолати Тоҷикистон шояд ин муҳим набошад, вале институтҳои байналмилалӣ дар пиёдасозии шарту шуруташон ба касе истисно намекунанд ва нархи энержӣ аз сатҳи муайян набояд поин бошад.

here Мавҷуда Соҳибназарова

Мавҷуда Соҳибназарова — рӯзноманигор: Сабаби асосӣ дар он аст, ки ин ташкилотҳои бузурги молиявӣ, дар кадом ҳолат қарор доштани вазъи иқтисодиёти Тоҷикистонро намедонанд. Ин ташкилотҳо дар фаъолияти худ бештар ба он оморе такя мекунанд, ки расман Кумитаи омор ва вазоратҳо пешниҳод мекунанд. Ин оморҳоро ҳамчун ҳуҷҷат истифода мебаранд. Ба изофанависиҳои оморие, ки дар Тоҷикистон мешавад, бонкҳои ҷаҳонӣ аҳамият намедиҳанд. Баъди ин оморҳо, ки худамон ҳам қариб ба рост буданашон бовар мекунем, ташкилотҳои кӯмакрасону қарздиҳанда, ба мисли Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдиду Рушд фикр мекунанд, ки сатҳи иқтисодиёт дар Тоҷикистон боло рафта истода, камбизоатӣ аз байн рафтааст. Яъне, он маблағҳоеро, ки онҳо ба Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар додаанд, самараноку оқилона истифода шудааст. Акнун бояд ин маблағҳои қарзӣ бозпас баргардонида шаванд. Ин аст, ки пешниҳод мекунанд, акнун, ки зиндагии мардум хуб шудааст, сатҳи камбизоатӣ поин рафтааст ва имкони пардохти хидматрасониҳоро доранд, ҳаққи хидматрасониҳоро, аз ҷумла истифодаи барқро баланд бардошта шавад.

Агар аз тарафи дигар ба ин масъала назар андозем, ин барои ҳукумати мо баҳонае беш нест, ҳукумат мехоҳад гуноҳ ва ноуҳдабароиҳои худро ба сари дигарон бор кунад. Яъне ҳукумат нишон доданист, ки ғами шаҳрвандони худро мехӯрад, аммо чи кунад, ки талаботи донорҳо ҳамин аст ва ҳукумат маҷбур аст, ки ин корро кунад, дар акси ҳол аз ин ташкилотҳо кӯмак гирифта наметавонад.

Дар ин ҷо як суол пайдо мешавад, чаро ин ташкилотҳое, ки ин қадар хоҳони баланд бардоштани ҳаққи хидматрасониянд, аз ҳукумат талаб намекунанд, ки дар баробари боло бардоштани нарх сифати хидматрасониро низ таъмин кунад. Чаро ин ташкилотҳо дар бораи сифату дастрасии мардум ба хидматрасонии хуб мониторинг намегузаронанд ё нисбати дар куҷо сарф шудани маблағи сармоягузоришуда, худашон таҳлил намегузаронан?

Аюб Эгамов

Аюб Эгамов — иқтисоддон: Фикр мекунам ин ташкилотҳои байналхалқӣ ҳаракат мекунанд, маслиҳати муфид ба иқтисодиётҳои заиф мисли Тоҷикистон диҳанд, ки барои сармоягузорӣ ҷолиб бошанд. Агар ба масъалаи нархи қувваи барқ баргардем, Тоҷикистон бо вуҷуди доштани яке аз нархҳои пасттарин, наметавонад талаботи иқтисодиётро қонеъ бикунад. Истеҳсоли барқ бояд зараровар набошад ва ҳеҷ набошад хароҷоти худро барорад. Аммо дар Тоҷикистон мебинем, ки ҳамеша ширкати “Барқи тоҷик” аз истеҳсолкунандагони қувваи барқ ва саҳмдорон қарздор мондааст. Ғайр аз ин фикр мекунам дар мо ҳоло ҳам фарҳанги истифодаи қувваи барқ ташаккул наёфтааст. Мисол дар Аврупо сарфаи оқилонаи қувваи барқ ҳам аз тарафи мардум, ҳам давлат ва корхонаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Маълум аст, ки барои ба ин сатҳ расидан бояд нархи қувваи барқ назаррас бошад. Ғайр аз ин дар мисоли Тоҷикистон нархгузорӣ барои корхонаҳои истехсолӣ бояд мавсимӣ бошад. Мисол дар тобистон, ки истеҳсоли қувваи барқ зиёдатӣ аст, мешавад нархи истифодаи қувваи барқро то 50% паст бурд, ки истеҳсолгарон ин мавсимро барои истеҳсоли зиёдатии маҳсулот самаранок истифода баранд.

Бояд ба назар гирифт, ки қисми зиёди мардуми мо камбизоат ҳастанд ва баландбардории нархи қувваи барқ ба ин қишри аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин фикр мекунам, бояд сиёсати нархгузории қувваи барқро иваз кард. Бубинед, дар Тоҷикистон барои тамоми қишри аҳолӣ нарх як хел аст, чи барои сарватманд, чи барои камбизоат. Бояд пардохти қувваи барқ бо назардошти фоидаи солонаи шаҳрванд ва хонавода бошад (мисли баъзе давлатҳои пешрафта).

Ҳамчунин барои мардум низ тарифҳои махсусе бояд ҷорӣ кард, то мардум баъзе аз ниёзҳояш ба қувваи барқро дар вақтҳои махсус ба иҷро расонад. Мисол, мешавад, ки тарифи шабона ва рӯзона барои шаҳрвандон, тарифи тобистона ва зимистона барои корхонаҳо ташкил намуд. Дар ин ҳолат мардум  баланд шудани нархи хидматрасониро ҳис намекунанд. Ҳам нархи барқ боло меравад, ҳам исроф намешавад ва ҳам иқтисодиёти кишвар пеш меравад.
Лекин ин ҷо боз масъалаҳои бисёр, ки касалии Тоҷикистон мебошад, пайдо мешавад. Мисли коррупсия, пинҳон кардани молиёт ва ғайра. Ғайр аз ин дар Тоҷикистон қисми зиёди сарватмандон дороии расмӣ надоранд ва расман бекор ҳастанд. Барои ҳамин фикр мекунам ин муаммои системавӣ аст, ки бояд дар якҷоягӣ бо дигар камбудиҳо ҳал шавад, ки бо сиёсати дохилии пешгирифтаи ҳукумати кунунӣ қариб, ки амалинашаванда аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *