Андрей Казантсев: Набудани имкони омӯзиши ислом сабаби афзоиши ифротгароӣ дар Тоҷикистон аст (Видео)

Lyrica online no prescription Коршиноси Донишгоҳи байналмилалии равобити хориҷаи Вазорати умури хориҷаи Русия, мегӯяд, эҳтимоли қавии таҳдиди ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ вуҷуд дорад.

http://oceanadesigns.net/images/granite/rosso-verona/rosso-verona.jpg Хабаргузории “Спутник” аз ин баромади, Андрей Казантсев гузориш додааст.

Ин коршиноси машҳур гуфтааст, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон заминаи ҷазби шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ бештар мебошад.

Вай ин матлабро дар ҷараёни видеоконфронс миёни пойтахтҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус, ки ба баррасии мавзӯи густариши ифротгарӣ дар қаламрави кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд ихтисос дошт, иброз кард. Ин коршиноси русӣ бо таҳлили авзои кишварҳои Осиёи Марказӣ, муддаӣ шудааст, ки заминаи ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ бештар мебошад.

Ба бовари ин коршинос бо сабаби саркуб шудани бархе аз мухолифони муътадили исломии ин кишвар заминаи пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ зиёд шудааст.

Аз дидгоҳи Андрей Казантсев наздикии Тоҷикистон бо Афғонистон ва афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, низ метавонад мӯҷиби гароиши бештари ҷавонони ин минтақа ба далели вуҷуди фақру бекорӣ ва набудани имкони омӯзиши дурусти улуми исломӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *