Либоси кормандони ҳама вазорату кумитаҳо ягона мешавад — ВАРОРӮД

Либоси кормандони ҳама вазорату кумитаҳо ягона мешавад

buy modafinil in bangalore Кормандони вазорат ва кумитаҳои Тоҷикистон сарулибоси якхелае, ки дар он рамз ё нишони ниҳоди онҳо барчасп шудааст, хоҳанд пӯшид.
Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо такя ба манобеъаш дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
«Дар тарҳи мо нақшаи омодасозии либосҳои яксон барои кумитаҳо ва вазоратҳо набуд, онҳо метавонанд худашон либосҳояшонро интихоб кунанд», — гуфтааст масъуле аз Вазорати фарҳанг
Гуфта мешавад, сарулибоси кормандони дастгоҳи раисҷумҳур ранги обӣ хоҳад дошт. Кормандони кумитаи умури занон ва хонаводаҳо ва кумитаи мудирияти замин ва геодезӣ барои пӯшокҳо андозаҳои худро доранд.
Намунаи пӯшокҳои миллии занонаро Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи умури ҷавонони назди ҳукумати ҶТ омода кардаанд.
Либосҳои миллии занона барои ҳамаи фасли солу ҳама синну соли бонувон пешбинӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, охири моҳи ноябр хабар шуда буд, ки дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад. «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон мебошад.

Добавить комментарий

source url Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

arcoxia 90 mg und pille