Ислом оини рушд ва тараққист

Дини мубини ислом, дар рӯҳияи мӯъминон чунон асолат ва ангеза дорад, ки душманон ва кинатӯзонро ҳайрон ва саргардон сохтааст, чун ҳеҷ оине ғайр аз ислом дорои ин вижагӣ нест.

Вижагии тағйирпазирӣ, таҳаммулпазирӣ ва тавони посухгӯӣ ба ниёзҳои башарӣ дар замонҳо ва маконҳои мухталиф, исломро барои ҳар замон ва макон лоиқ ва шоиста сохтааст ва ин вижагӣ  дар ҳеҷ мактабе ҷуз ислом ёфт намешавад.

Ин оин дорои чунон барномаи боландае аст, ки хайри дунё ва охиратро бо ҳам гирд оварда, зиндагиро ба шеваи дақиқ танзим кардааст. Даре аз дарҳои хайрро нагузошта, магар ин, ки мардумро ба он ташвиқ намуда, калиди онро дар дасти пайравонаш ниҳодааст. Даре аз дарҳои бадиро боз нагузошта, магар ин, ки перомуни он ҳушдор додааст ва ин низ вижагии дигаре аст, ки дар оини ислом беназир мебошад.

Ин сифатҳо қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи асли ислом мебошанд.

Устуворӣ ва пойдорӣ дар ақидаву андеша дар вуҷуди пӯяндагони роҳи ислом мисли рӯшании офтоб ҳувайдост ва ин устуворӣ ҳатто дар миёни он пайравони ин оин, ки исломро ба сурати барномаи дарсӣ фаро нагирифтаанд ва танҳо ин дин ба онҳо ҳамчун мерос омадааст, дида мешавад.

Замоне, ки дилҳои пайравони ин оин бо мафҳуми имон бедор мешаванду ба ёди Худо меафтанд, қалбҳояшон бо офаринандаи осмонҳо ва замин пайванд дода мешавад. Муҳаббат ба дин ва соҳиби дин дар қалбҳояшон маскан мегирад. Дар натиҷаи омӯзиши ин дин  дари олами хирад ба рӯй боз мегардад. Шинохти  асли тавҳид ва шариат рӯҳияи мусалмонро шикастнопазир мегардонад. Ин аст, ки ислом ҳамеша пайравонашро ба огоҳӣ, омӯзишу андеша, тафаккуру тадаббур тарғиб мекунад. Дар натиҷаи андешаву тадаббур хулосаи мӯъминон ин машавад, ки:

وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ حُكْمًا لِّقَوْمٍ يُوقِنُونَ

“Барои он мардуме, ки аҳли яқин ҳастанд, чи ҳукме (низомеву қонуне) аз ҳукми Худо беҳтар аст?” (Қуръони карим, сураи Моида, ояти 50)

Ниёзи мо ба ақидаву андешаи устувори дине, ки Худованд барои бандагони худ баргузидааст замоне комилан ошкор мешавад, ки худро як бор бо пайравӣ аз Ғарб хаста карда, сархаму ноумед баргаштем ва бори дигар ба сӯи Шарқ рафта, аз онҷо низ бо сархамӣ ва нокомӣ мувоҷеҳ шудем ва парешону по дар ҳаво, на ба ин сӯ ва на ба он сӯ муддатеро ҳайрону саргардон ба сар бурдем.

Барномаи Ғарбро озмудем, ҷуз хорӣ, таҳқир, парокандакунӣ, бадахлоқӣ, ришва ва фасод, баҳрае аз он набурдем. Сипас ба сӯи Шарқ гароиш пайдо кардем ва ҷуз фақр, кина, расвоӣ ва маҳрумият аз ибтидоитарин ҳуқуқҳои инсонӣ, парастиши башару пешвосозӣ, бардагиву асиршуданҳо самаре бардошт накардем.

Бо шавқу алоқа зиндагӣ бо Ғарбу Шарқро пазируфтем, аммо аз ин, ки бо Худо зиндагӣ кунем ва барномаи решаӣ ва устувори ӯро таҷриба намоем, худдорӣ кардем ва дар натиҷа бо сархамӣ ва нокомӣ мувоҷеҳ шудем.

Дидем, ки ҳеҷ яке аз аҳли рӯи замин дар ғами мо набуда, баръакс бо рағбати зиёд барномаи нобудии мо рӯи дастҳост.

Аммо алорағми макри маккорон дар миёни қалбҳои тапандаи ин миллат, ки Худованд зиндагии босаодати ҷовидонаро барои онҳо рақам задааст, далерони ифтихорофарине ҳам вуҷуд доранд, ки шабу рӯз барои бедории ин миллат ҷон мезананд ва ангезаи устувориву пойдорӣ, озодагиву  шикастнопазириро дар рӯҳияи ҳамкешон бедор мекунанд.

Мухолифони ин оин ин ҳақиқатро хуб медонанд. Инак, ки мебинанд, мардуми мусалмон рӯз аз рӯз бедор мешавад ва  ин миллат бо баҳрагирӣ аз вижагиҳои дин дар арсаи шукуфоӣ аст, дар ҳоли фикр, тадбир, нақша ва барномарезӣ ҳастанд ва тамоми васоил ва расонаҳоро ба кор андохта, донишмандонро харидаанд, то ин вижагиҳоро аз тани ислом баркананд.

Исломро ҳамчуноне, ки дар таърихи насроният буд, мехоҳанд аз оинаи мавзеъгириҳои калисо дар муқобили илму тараққиёти Аврупо муаррифӣ кунанд. Бо тамоми тавон саҳнаҳои сунъӣ ороста, талош мекунанд, ки мусалмононро ҳамонанди калисо, илмситез, афюнтӯдаҳо, иртиҷоиҳо ва тундгаро  шиносонанд. Кӯшиш доранд, исломро нотавону носозгор дар идораи ҳукумат ва ноӯҳдабаро дар роҳнамоӣ ба мардум ҳамчун соири адёни дигар  муаррифӣ кунанд.

Имрӯзҳо мебинем, ки зимоми тамоми васоити ахбори умум ва ширкатҳои бузурги иқтисодӣ ба дасти душманони сарсахти ин дин афтода, бидуни хастагӣ макрҳо бар зидди мусалмонон меофаранд. Шабу рӯз чеҳраи ин динро ҳатто дар назари пайравонаш сиёҳ нишон медиҳанд.

Чанд сол пеш яке аз дӯстон, ки фарди ором ва хунсард буд ва собиқаи тундхӯиву асабоният надошт, пеши ман омад, аммо бар хилофи сиришт ва табиати ахлоқи ӯ дар чеҳрааш тасвире аз парешонӣ ва асабонияту нооромӣ ҳувайдо буд. Оҳиста аз ӯ пурсидам: Чӣ шудааст? Чаро ин қадар андӯҳгин ва парешон менамоӣ? Бо асабонияте, ки аз ахлоқ ва сиришти ӯ дур буд, гуфт: Ислом ҳатто байни пайравони худ бегона шудааст! Гуфтам: Чаро?

Гуфт: Мегӯянд: “Ислом вопасгаро (иртиҷоӣ) ва дини афюнтӯдаҳост ва дар даврони пешрафти тамаддун ва тараққӣ тавони идораи ҳукуматро надорад!”

Магар ин дуруст мебошад. Ин ҳарфҳо бо чӣ далел аст?

Мегӯянд: “Ақибмондагии давлатҳои исломӣ аз корвони тамаддун ва тараққӣ, далел бар нотавонии ислом аст!”  Магар зиллат, хорӣ, фақр ва бӯҳронҳои мавҷударо мушоҳида намекунӣ? Илова бар ин мусулмонон бо ин зиндагӣ розӣ ҳастанд!!! Чаро ислом аз идораи ҳукумат канор рафтааст ва давлатҳои дигар бо канор задани ислом аз ҳукумат ба ин ҳама пешрафт ноил шудаанд?

Ба ӯ гуфтам: Бародари ман! Ҳеҷ кадом аз ин далелҳо нишонаи нуқси ислом нестанд.

Пурсид: Чӣ гуна?

Гуфтам:  Бародарам! Ин як далели воҳимабарангезу беасос аст ва ҷуз соддалавҳону ноогоҳон онро намепазиранд. Фарз кунем, шумо касеро ба фасоди ахлоқӣ муттаҳам мекунед. Ман мепурсам: Далели ту бар фасоди ахлоқии муттаҳам чист? Оё дуруст аст, ки ту бигӯӣ: Фақри молӣ ва кӯҳна будани либоси ӯ далел бар фасоди ахлоқии ӯст? Оё ҳеҷ фарди хирадманде ин иттиҳомро бо ин далели заиф мепазирад?

Дар ҳоле, ки то андозае ором ва худро ба даст гирифта буд, гуфт: На, кӯҳнагии либосу фақри молӣ рабте ба фасоди ахлоқӣ надорад ва чизеро дар ин маврид собит намекунанд, чӣ бисёранд кӯҳнапӯшон ва камбизоатоне, ки ба ахлоқҳои хуб музайян ва ба хислатҳои зебову нек оростаанд!

Гуфтам: Офарин ва сад офарин. Оре, бародари ман! Чунин аст! Лозим аст ҳақиқати исломро аз вазъияти кунунии мусулмонон ҷудо созем. Ҳамон тавре, ки либоси кӯҳна ва фақри молӣ далели бадахлоқӣ нест, вазъияти кунунии мусулмонон низ далел бар шоиста набудан бар низоми исломӣ нест. Оре, мусулмонон аз корвони пешрафт ақиб мондаанд ва ҳатто аксарият ба ин зиллату хорӣ розӣ шуда, ҳавасманд ба онанд, ки тинҷу ором бошанду аз ҳукумат ва саҳнаи сиёсӣ худро канор гиранд. Аммо чаро???

Гуфт: Хуб, шумо бигӯед, чаро?

Гуфтам:  Зеро исломро аз саҳнаи зиндагии хеш дур андохта, мусалмонон барои расидан ба саодат дари дигар, ғайр аз дари исломро кӯбидаанд. Бинобар ин, ҷодаи мустақимро гум карда, аз роҳи рост баромадаанд.

Мусулмонони имрӯз аз ин, ки худро ба ислом нисбат диҳанд ва ҳақиқати тавҳидро бишносанд,  аз мусалмон будани худ эҳсоси шарму ҳақорат мекунанд. Дар ҳоле, ки ислом ҳамон оин аст, ки боризтарин хусусиёти он озод кардани мардум аз асорату бандагӣ ва зиллату хорӣ буда, дини озодагӣ ва иззату сарбаландист.

Мусалмонони имрӯз ҷуръату шаҳомати пойбандӣ ба ақидаи исломиро надоранд, дар сурате, ки зиллат ва пастии мусулмонон дар гарави аз даст додани ҳақиқати тавҳид аст.

Шоистаи он аст, ки тири ин тӯҳматҳоро мутаваҷҷеҳи ислом накунем ва кӯҳнапарастиву афюнро ба нохалафоне бояд нисбат дод, ки аз тарафи худ, худро ба унвони намояндаи дин муаррифӣ карда, дари иҷтиҳодро бар худ бастаанд, барои мушкилоти замон ҳал ва чорае надоранд, дар ҳузури ҳокимон даст ба таҳриф ва тавсифу чоплусӣ задаанд, ба он чӣ бо ҳавову орзӯи ҳокимон созгор аст, фатво доданд, мардумро ба канорагирӣ ва гӯшанишинӣ аз дунё фаро хонданд ва гуфтанд: дунё мурдору нафриншуда аст.

Аммо бубинем, ки Худо мефармояд:

 وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ ٱلدُّنۡيَاۖ

“Саҳми худро аз дунё фаромӯш макун” (Қуръони карим, сураи Қасас, ояти 77)

Вале мусалмонон саҳми худ аз дунёро фаромӯш кардаанд. Ба ин сурат фақру тангдастӣ гиребони мусулмононро гирифт ва гумон карданд, ки бо маҳрумият метавон саодати охиратро ба даст овард! Ғофил аз ин, ки дунё киштзори охират аст ва он чи ҷойи маломат аст, дунёпарастист, на дунёдорӣ.

Бинобар ин, имрӯз исломро ба афюнтӯдаҳо муттаҳам карданд!

Шохаҳои исломро аз ҳам пароканда карда гуфтанд: Ин дин аст ва он сиёсат! Соддалавҳон ва кӯтоҳназарон ба ин сурат фиреб хӯрданд ва гумон карданд, ки дину сиёсат аз ҳам ҷудо ҳастанд ва шиорҳои карахтиро сар доданд, ки Худованд ба он розӣ нест. Худро ба доми истеъморгарон ва соҳибони афкори карахт овезон карданд, василаҳо ва расонаҳои гурӯҳӣ, барномаҳои дарсӣ ва даъватҳои гумроҳонаро рӯи кор оварданд ва бо сӯистифода аз расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, марказҳои табъу нашр, филмҳо, хутбаҳои намози ҷумъаву конфронсҳо ва ғайра мардумро ба гумроҳӣ кашониданд…

Дар ростои маслиҳати душманон ва ҷабру зулму таҳқир ба дин, мардумро ба сабру хештандорӣ фаро хонда, дар муқобили ҳаракатҳои динӣ истоданд. Касоне, ки мебоист дилсӯзона ва масъулиятшиносона ба ҳалли мушкилоти мусулмонон мепардохтанд ва озодихоҳонеро, ки дар роҳи истиқлоли мардум ҷон ба каф гирифтаанд, пуштибонӣ мекарданд, баръакс ҳар касро, ки хоҳони иззату сарбаландии  миллати худ буд ба унвони иттиҳоми сиёсӣ, тундгароӣ ва ғайра ноумед карданд ва нисбат ба ӯ мегуфтанд: Динашро тарк карда, дар саҳнаи сиёсӣ ворид шудааст!

Ҳамин гуна тавассути худфурӯхтагон ин тарзи тафаккури карахт ривоҷ ёфт ва душманони дин забони худро дарозтар аз ҳамеша дар ҷиҳати таблиғи он берун оварданд ва ба унвони ҳақиқати собит ва тардиднопазир онро бино ниҳоданд.

Пешвою муфтиҳо ва роҳнамоёни дин имрӯз танҳо ба хотири обрӯю иззати сунъии ин дунёияшон динро бозичаи дасти тоғутиён гардониданд. Барои саркӯби мардуми диндор ҳар амалеро, ки барои бақои курсии зимомдорони ҳукумат зарур аст, ҷомаи динӣ мепӯшонанд. Дар баробари зулм, таҳқир ба дин ва диндорон бошад, гунгу кар мешаванд:

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ آمَنُوا بِمَا أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ يُرِيدُونَ أَن يَتَحَاكَمُوا إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُوا أَن يَكْفُرُوا

بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُضِلَّهُمْ ضَلَالًا بَعِيدًا

“Оё ононро намебинӣ, ки даъво доранд, ки ба он чӣ бар ту нозил шуда ва он чӣ пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале майл ба ҳукми тоғут  (ҳокими ситамгар) доранд, дар ҳоле ки ба онон амр шудааст, ки тоғутро рад кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад”. (Қуръони карим, сураи Нисо, ояти 60)

Зиллату хории мусалмонон то ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо ба хотири мӯътадилу таҳаммулгаро нишон додани худ, даст ба рафторҳои ихтилофӣ ва дур аз Қуръону суннат мезананд. Бо амалҳои бегона ба дин худро ширин намуда, мехоҳанд дар ҷамъият ҷойгоҳу эътибор пайдо  кунанд. Дар баробари ин касонеро, ки муроҷиаташон рӯ овардан ба асли тавҳид  ва ҳукми Худост, аз онҳо рӯйгардон мешаванд. Онҳоро ифротиву иртиҷоӣ ва тундрав мехонанд.

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَىٰ مَا أَنزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ رَأَيْتَ الْمُنَافِقِينَ يَصُدُّونَ عَنكَ صُدُودًا

“Чун онҳоро гӯянд, ки ба он чӣ Худо нозил карда ва ба паёмбараш рӯй оред, мунофиқонро мебинӣ, ки сахт аз ту рӯйгардон мешаванд”. (Қуръони карим, сураи Нисо, ояти 61)

Ҳамин ҳолат, бешак мусалмононро мувоҷеҳи хориву зиллат мекунад. Вале бечораи мусалмони дар миёни обу оташ монда, ҳамеша барои рафторҳои сархамона ва пур аз нанги худ, боз аз Қуръону суннат ба худ сипар меҷӯяд. Ингуна инсонҳо ҳеҷ пешравиву нусрате дар амалашон ба ҷуз мусибату мағлубият дида намешавад. Муаммо ин аст, ки ҳар вақте аз онҳо пурсида шавад, чаро шумо ҳамчун мусалмон пайравии беолоиш ва роҳнамоии Қуръону суннатро сарфи назар карда, сари худ ба чангу ғубори амалҳои ихтилофӣ ва бегона ба дин мезанед, мегӯянд, нияти мо хайр аст ва мо мехоҳем бо ин амаламон исломро дини таҳаммулпазиру мӯътадил нишон бидиҳем.

فَكَيْفَ إِذَا أَصَابَتْهُم مُّصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ثُمَّ جَاءُوكَ يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا إِحْسَانًا وَتَوْفِيقًا

“Пас чӣ гуна аст, ки чун ба ҷазои корҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, назди ту меоянд ва ба Худо савганд мехӯранд, ки мо ҷуз эҳсону мувофиқат қасди дигаре надоштаем”. (Қуръони карим, сураи Нисо, ояти 62)

Бояд бидонем, ки ин дин дар асли худ, мӯътадил, таҳаммулпазир, озодапарвару адолатхоҳ аст. Каромати инсонӣ дар дини мубини ислом дар мадди аввал меистад. Новобаста аз эътиқод ва пайравӣ ба дин, нажод, миллат  ва ранги пӯст, Худованд бо вуҷуди бузургӣ ва азаматаш гуфтааст:

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ

“Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем” (Қуръони карим, сураи Исро, ояти 70)

Ин ояти карима далолат бар он мекунад, ки новобаста аз пайравӣ ва пойбандӣ ба дин дар низоми дини мубини ислом каромати инсонӣ ҳифз мешавад. Танҳо дар низоми тибқи Қуръону суннат ҷомеаи мӯътадил ва адолатпарвар ба миён меояд ва ҳар андешаи худсаронаи мӯътадилофар ва дур аз Қуръону суннат ботил аст. Агар мо имон ба ин дошта бошем, ки Худованди меҳрубону ғамхор ғами бандагонашро хӯрда, исломро ҳамчун василаи расидан ба саодати дунё ва охират ба мо арзонӣ доштааст, бояд  розӣ ба ин бошем, ки сиёсат ва низоми исломӣ калиди саодатҳо ва тараққиёту пешрафт, роҳнамои ҷомеаи адолатхоҳу мардумсолор аст.

Ҷудо кардани сиёсат аз ислом ҷузъи илҳомоти шайтон ва гуноҳи нобахшиданӣ аст. Шайтон бо ин нақша мехоҳад, мусулмононро аз воқеияти зиндагӣ канор занад ва лашкариёнаш мехоҳанд ин дини мубинро бо хондани ҷанозаву қироати кур-куронаи Қуръон маҳдуд созанд.

Шиори ҷудоии дин аз сиёсат найранги истеъмор аст ва ҳадаф аз он ҳазфи мусулмонон ва тафаккури динӣ аз арсаи ҳукумат ва зимомдорӣ мебошад; Зеро онон медонанд, ки ислом нерӯи ғалабанопазир ва сипарногусастааст.

Агар ин иддаоҳо саҳеҳ бошад, ки ислом наметавонад зимомдори адолату шоистасалории мардум дар ҳукумат бошад, чигуна дар садсолаҳои гузашта, бо идораи давлату ҳукумати исломӣ тараққиёти фарҳангу адабиёт, илму маърифат, ки таърихи пешин ва имрӯз мислашро надида, ба он ислом муваффақ шудааст?

Таҳияи Шавкати Муҳаммад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *