Масъулини ҳамадон ё хидмати хирсона

Мушоҳидаи ҳодисаи кӯчаке дар Русия водорам кард, ки баъзе андешаҳоямро рӯи коғаз оварда, бо дӯстони ҳамзабон дар фазои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор диҳам.

Чанд нафар ҷавонони тоҷик дар хонаи мансабдори сарватманди рус мардикорӣ мекарданд. Ҳеҷ яке аз онҳо устои ҳирфаӣ ва таҳсилдидае набуд, вале зиндагӣ маҷбурашон сохта, ки тайи чанд моҳ ё соли муҳоҷират нозукиҳои сохтмону таъмири биноро ба дараҷаи барояшон зарурӣ балад шаванд. Соҳиби манзил бо онҳо машварат мекард, ки кадом ранг барои девори хонааш мувофиқтару зеботар аст ва чанд адад тиреза барои он бино кифоятӣ мекунад?  Чанд суоли дигари вобаста ба масоили муҳандисӣ медоду бо баъзе аз пешниҳодоти тоҷикбачаҳо розӣ мешуд, баъзеи дигарашро васеътар бо онҳо  муҳокима мекард. Аз як ҷониб фахр мекардам, ки сатҳи ҳирфаият ва таҷрибаву дониши  ҳаммиллатони муҳоҷирам хеле боло рафтаву мавриди эътироф қарор гирифтааст ва аз тарафи дигар ба фурӯтаниву хоксории он мансабдори рус эҳтиром қоил шудам.

Ба ёдам мутакаббириву «ҳамадонии» ҳамтоёни он мансабдор дар замони шуравӣ расид, ки новобаста аз риштаи таҳсилоти гирифтаашон дар кулли масоил ба раият роҳнамову насиҳатгӯй буданд. Санаи оғози маъракаи пахтачиниро ҳам котиби аввали созмони минтақавии ҳизби коммунист муқаррар мекарду санаи оғози шудгорро ҳамчунин… Ба омӯзгорон педагогика меомӯхту ба кишоварзон зироатпарварӣ. Улуми тиббиро гӯё аз пизишкон хубтар балад буду беҳтарин муҳандис ҳам.

Таҳлилгарон чунин падидаро хоси ҷомеаҳои пасмонда ва дорои низомҳои диктаторӣ медонанд. Боиси таассуф аст, ки ин падидаи нохуб дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҷои батадриҷ ислоҳ шудан чуқуртар реша давондааст ва шаклҳои барои ҷомеа мудҳиштару хавфноктареро касб  кардааст. Ҳар соҳибқудрату мансабдоре дар доираи имкониятҳои доштааш гӯё ба Пешвои минтақавӣ табдил ёфтааст, ки нафаре ҷуръати таҳлилу баррасии ягон ҳарфи ӯро надорад, чи расад ба интиқод ё эътирозе.

Хабарҳои дар ҳамин авохир тариқи расонаҳо пахшшуда перомуни  ба саломатӣ зараровар хондани алоқаи интернетии NGN аз ҷониби Бег Сабурӣ, Вазири алоқа метавонад ба гуфтаҳои мо далел бошад. Чигуна як Вазири алоқа, ки соҳаи тиб ба тахассусаш тамоман бегона аст, бидуни ягон ташхис ва ё муроҷиат ба ягон маркази ташхисӣ, худсарона, эълон мекунад, ки истифодаи NGN ба саломатӣ зарар дорад? Дар баробари ин ҳарфҳои Вазири алоқа, Вазорати тандурустии кишвар ягон ҳарфи радкунанда ё тасдиқкунандае намегӯяд. Ё худ чаро Вазири алоқа дар ҳоле, ки барои тасдиқи даъвояш ягон ҳуҷҷати натиҷаи ташхис ё тадқиқоти тиббиро надорад, бидуни ягон истиҳола ва ё шарм дар ин бора ҳарф мезанад?  Ин худ як баҳси ҷудогона аст.

Аммо, интиқоди раиси вилояти Суғд, ҷаноби Абдураҳмон Қодирӣ аз пизишкон — момодояҳо ҷиҳати афзудани теъдоди амалиёти ҷарроҳии буриши қайсарӣ ва вобаста ба ин муҷозоти 15 нафар табибони чандин навоҳӣ аз ҷониби додситонӣ (прокуратура)-и вилоят мисоли равшани иддаои болоии мост.

Мақоли мардумии «гунҷишкро ҳам бояд қассоб бикушад» сухани ҳавоие нест. Ба ақидаи ин ҷониб ва чандин нафароне, ки онҳоро чун аҳли инсофу андеша медонам, муайян кардани ҳолатҳои зарурати ҷарроҳии модарон барои идомаи насл ва сиҳат мондани модару кудак масъалаи саҳлу содае нест ва дар салоҳияти ҳокиму прокуроре ҳам нест.  

Банда андешаҳои пизишки соҳибтаҷрибаеро оиди ин масъала пурсон шудам. Ӯ бо таассуфи зиёд изҳор намуд, ки ин иқдоми носанҷида ва шитобкоронаю кӯтоҳандешонаи  мақомоти иҷроия ва қудратии ҳукуматӣ, ки  бо нияти ислоҳи камбудиҳои соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак анҷом гирифт ва шояд идома ҳам бикунад, тимсоли «хидмати хирсонаест», ки ба хотири магасе дӯсташро ҳалок кардааст.

Аввалан, чунин интиқодҳои умумиву бепоя аз забони шахси аввали вилоят беҳурмативу носипосӣ ба хидматҳои шабонарӯзии ҳазорҳо табибону ҳамшираҳои шафқати на танҳо вилоят, балки кулли ҷумҳурӣ аст, ки аксарияташон вазоифи касбияшонро софдилона ва гоҳо ҷонфидоёнаву қаҳрамонона адо менамоянд. Сониян, чунин амалро то ҳаде харобсозӣ («саботаж»)-и соҳаи тандурустӣ номидан ҳам шояд саҳеҳ бошад, чун байни беморону табибон фазои нобоварию шубуҳот эҷод мекунад.  Севум, чунин иқдомҳои сабуксарона боиси ҷумҳуриро  тарк кардани табибони соҳибтаҷриба шуда метавонад, ки на ба манфиати беморон асту на ба нафъи табибон. Чаҳорум, чунин эълонҳои худпиаркунанда обрӯйи риштаи ҳифзи сиҳатӣ ва илми тибби кишварро мекоҳонад, билохира, арзиши қасами табибиро зери суол мегузорад.

Аз касе пинҳон нест, ки дар Тоҷикистон кормандони кадом мақомот бештар фасодзадаанд (ба ибораи мардумӣ- бештар пора мегиранд)- мақомоти қудратӣ ё ҳифзи сиҳатӣ? Ин на ба он маънист, ки муаллиф  аз фасоду порахурӣ ва хешутаборчигии   нафаре, чи пизишк ё омӯзгор, раис ё вазире ҷонибдорӣ карда бошад. Ин падидаи мутассифона дар Тоҷикистон қариб ба урф ё қоида табдил ёфта, дар ҳар шакле ҳам бошад, маҳкум шуданист.

P.S. (ба ҷойи охирсухан). Сӯҳбати як шиносамро бо табибе рӯйи сафҳа  меорам, вале дурустиву саҳеҳии ӯро на тасдиқ мекунаму на такзиб. Бо ҳавола ба виҷдони ӯ гуфтаҳояшро чун маводе барои андеша бидуни таҳрир коридам. Ӯ аз табиби шиносаш пурсидааст, ки чаро пизишкон аз беморон маблағ меситонанд? Пизишк фармудааст, ки маоши кормандони тиб барои хоксортарин зиндагии оила ҳам кифоятӣ намекунад ва аз ҷониби дигар дар аксари маворид худи беморон чун арзи сипос маблағе ё тӯхфаҳае ҳадя мекунанд. Гоҳо барои хидматҳои иловагӣ ё дорувории аз худамон масрафкарда маблағ мегирем. Ҳамаи мақомот аз боло то поин инро медонанд, — изҳор доштааст пизишк ва илова кардааст: Роҳбарият ва мақомоти қудратӣ  ҳаҷми чунин «хидматпулиҳо»-и моро ғайримустақим ба танзим медароранд, гоҳ-гоҳ алайҳи баъзе аз пизишкони аз ҳудуд беруншуда парванда мекушоянд ва бо ҷаримаи хеле калони расмӣ ва ғайрирасмӣ (ба кисаи масъулини мақомоти тафтишкунанда) пизишконро раҳо мекунанд. Гоҳо баъди чунин «танбеҳҳо» худи пизишкон дучори бемориҳои ҷиддӣ мешаванд ё тарки касб мекунанд…

Мудассир Устозода

Русия, ш. Нижний Новгород

08.01.2018

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *