Озмун

Соле, ки дар Тоҷикистони азиз гузашт, ин “Соли ҷавонон” буд. Воқеан ҳам соле буд, ки бидуни “тағо” ё ба истилоҳи роиҷи имрӯза, “таға”, тасаввур кардан ғайри имкон буд.

Як чашмаку ду чашмак, “Соли ҷавонон”-ро ҳам падруд гуфтем. Суоли ман ин аст, ки соли 2017 дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” буд, аммо барои кӣ соли пур аз барор буду барои кӣ соли пур аз мушкилот?!

Қабл аз ин ки бигӯем аз “Соли ҷавонон” чӣ гирифтем, бояд ин нуктаро қайд кунам, ки “ҷавонон шоҳсутун ё пояҳои асосии ҷомеа ва давлату миллат ба ҳисоб мераванд”. Ин қишр аз ҳама ҷиҳат осебпазир аст ва бесабаб нест, ки соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карданд.

Бардошти мо ин аст, ки дар ин сол ҳатто қонунҳоро тағйир доданд, то пеши роҳи ҷавонон барои курсии “раис ё вазир” шудану вазифа гирифтан ҳамвор шавад. Яъне, дар ин сол ҳукумат заминаи қонуниро барои ҷавонон фароҳам овард, то дар ҳукумат саҳм дошта бошанд.

Аз рӯйи хабарҳо, метавонем гӯем, ки аллакай сафи ҷавонон дар сатҳи роҳбарӣ бештар шуда истодааст. Назари ман ин аст, ки ин сол баъзе аз ҷавонон дар доираи “Соли ҷавонон” ба имкониятҳои хуб расиданд, аммо қишри дигар ҳам ҳаст, ки онҳо ба сабаби надоштани имконият аз ин барнома берун мемонанд ва мушкилоташон ҳал намешавад. Умед мекунем, ки ин мушкили ҷавонон ҳал бишавад.

Имрӯз, ки бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вазоратҳо, кумитаҳо ва муассисаву корхонаҳои давлатӣ озмун барои ҷойи кори холӣ эълон карда истодаанд, камина дар “чор” ҷой ҳуҷҷат супоридам. Мутаассифона, намедонам бо кадом сабаб аз озмун нагузаштам. Шояд мавқеи географиям дуруст нагирифта бошад!

Суҳбате доштам бо чанд тан корҷӯён, ки солҳои пешин соҳиби диплом шудаанд ва гувоҳ аст, ки ҳанӯз роҳхат ба ҷойи кор нагирифта, билотаклиф мондаанд. Як корҷӯе, ки “чор” сол пеш донишгоҳро хатм кардаасту аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, иброз дошт, ки дар “Соли ҷавонон” ба “се” корхона ҳуҷҷат супоридааст, аммо то ҳол ӯро ба кор даъват накардаанд. Корҷӯи дигаре мегӯяд, ки «дар “Соли ҷавонон” ба “панҷ” муассиса ва корхона барои озмун ҳуҷҷат супоридам, намедонам бо надоштани “тағо” ё чизи дигар, мутаассифона аз озмун нагузаштам». Як ҷавони корҷӯе мегӯяд, ки «ман дар “бист” озмун иштирок кардам, баъзеашон “табрик, Шумо аз озмун гузаштед, баъдан мо бо Шумо дар тамос хоҳем шуд. Мунтазири занги телефонии мо бошед”,- гуфта, на аз худашон дарак ҳасту на аз занги телефонашон».

Бубинед, ҷойҳои кори холии озмунҳо танҳо барои саргардонию сарсонии мардуми камбағали бечора аст. Шиками сер кай парвои шиками гуруснаро дорад!?

Як қисми иштироккунандагони озмун бо “шиносбозиву тағобозӣ” ва ё бо роҳи дигар вориди вазорату кумита ё муассисаҳо шуданду ба ҷойи кор таъмин гардиданд, аммо қисми зиёди иштирокдорони озмун дар нимароҳ умедвор мемонанд. Ба назари ман, иштирокдорони озмун, бо вуҷуди доштани “дониш ва маҳорати хуб”, то ягон “тақдирҷунбон” дар озмун пайдо нашавад, барои соҳиби ҷойи кори хуб шудан хеле мушкилӣ мекашанд. Мушкили иштироккунандагони озмун ба ҷойи кор  танҳо  дар надоштани “тағо” аст.

Яъне, кулли корҷӯёне, ки дар пайи ҷустуҷӯйи кор дар вазоратҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ мешаванд, тақдир ба рӯйи на ҳамаи онҳо механдад. Ин корҷӯён бошанд, мехоҳанд дар ягон ҷойи хуб кор кунанд, аммо афсӯс, ки кори дилхоҳ ёфтанашон мушкил аст, на ҳар кас метавонад ба кор дарояд. Қисми зиёди корҷӯён ноумедворона ба ин қазия нигоҳ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки пайдо кардани ҷойи кори хуб дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле мушкил аст. Ин талабот дар давлати иҷтимоӣ то куҷо риоят мешавад ва то кадом андоза хатмкунандагоне, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм кардаанд, бо ҷойи кор таъмин мешаванд?

Озмунҳо на барои “камбағалу деҳотӣ”, балки барои “бою шаҳрӣ” будааст, ки бо воситаи “тағо” ва ё “через” ба кор роҳ меёбанд. То ба кай “через”, то ба кай “тағо”, то ба кай “камбағалу деҳотӣ”, то ба кай “бою шаҳрӣ”?! Ку виҷдон, ку адолат, ку шаффофият?!

Хуб мешуд, ки се — чорнафарӣ намоядагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии зидди коррупсия дар рафти озмунҳои сатҳи давлатӣ иштирок намуда, шаффофияти озмунро назорат кунанд. Он гоҳ мутахассис бемонеа соҳиби ҷойи кор хоҳад шуд.

Гарчанде ман дар “Соли ҷавонон” аз тарафи як гуруҳ тоифаҳо аз кор ронда шуда бошам ҳам, лекин аз ин хафа нестам. Баръакс, хушҳолам, ки ман аз кор рафтам. Дар “Соли ҷавонон” бекор ҳам бошам, ғамгин нестам, баръакс, хурсандам. Муҳим саломатӣ, кор пайдо мешавад. Муҳим ин ки, дар Ватани азиз аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарам.

Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар катра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон — Тоҷикистонро дӯст дорем.

Шервони УМРИДДИН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *