Мусофирони мошине, ки зери сангреза монда буданд, наҷот ёфтанд — ВАРОРӮД

Мусофирони мошине, ки зери сангреза монда буданд, наҷот ёфтанд

buy Lyrica Pregabalin Се мусофири мошини тамғаи «Старекс», ки дар натиҷаи сангреза ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе зери сангреза монда буданд, наҷот ёфтаанд.

http://arc-theatre.com/?thh=352 Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Сардори маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар натиҷаи сангреза ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе мошини тамғаи «Старекс» бо се мусофир зери сангреза монда, дар натиҷа ронанда, сокини ноҳияи Рӯшон Манучеҳр Раҳматуллоев дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, се нафар мусофири онро наҷотдиҳандагони Кумита аз дохили мошин берун оварданд.

Ба иттилои манбаъ, ин мусофирон дарҳол ба Бемористони марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин интиқол дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти 8 январи соли равон дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз кӯҳҳо санг фаромад.

Бино ба манбаъ дар минтақаи роҳи мазкур  резиши санг ҳанӯз ҳам идома дошта, корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ муваққатан қатъ  гардидаанд.

«Айни ҳол 50 метри роҳ дар ин мавзеъ тоза карда шуда, баробари хотима ёфтани резиши санг корҳои тозакунии роҳи мазкур идома меёбанд.  Намояндагони сохторҳои дахлдор дар  макони офати  табиӣ қарор дошта, тамоми техникаи мавҷуда баҳри тоза намудан ва кушодани роҳ сафарбар карда шудаанд», — хабар додаанд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *