Каромат Шарипов: «Ихроҷи маро аз Русия метавон одамфурӯшӣ номид» — ВАРОРӮД

Каромат Шарипов: «Ихроҷи маро аз Русия метавон одамфурӯшӣ номид»

Рӯзи 6 январ, Каромат Шарипов бо Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд. Ӯ мегӯяд зимни вохурӣ Рамазон Раҳимзода аз ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудааш қаноатманд шудааст ва масъулинро гуфтааст, масъаларо омӯхта, ӯро дар ҷараён гузоранд.

Варорӯд дар ин бора, бо Каромат Шарипов мусоҳибае анҷом дод, ки шакли пурраи он дар зер пешкаши Шумо хонандагони гиромӣ мегардад.

http://skatec.cz/?page_id=454 Варорӯд: Сабаби асосии ихроҷи шумо аз Русия чи буд?

Каромат Шарипов: Як мафияе, ки дар Русия асосан онҳо тоҷик ҳастанд, нуфуз доранд, онҳо ҳавасманд буданд, ки ба ман чунин мушкилот эҷод намоянд. Ниҳоят ин корро карданд. Бо роҳҳои мафиозӣ ва ғайриқонунӣ бо муҳру имзои намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия ба Суди Русия маълумотномае пешниҳод карданд, ки дар он гуфта мешавад, гуё ман шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошам.

source link Каромат Шарипов Соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1984 Омӯзишгоҳи олии низомию сиёсии Симферопол ва соли 1989 – Мактаби олии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Соли 2010 дипломи Академияи хидмати давлатӣ дар Қафқози Шимолиро бо ихтисоси «мудирияти давлативу маҳаллӣ» ба даст овардааст. Дар ҳайати  пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан дар Русия бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории «Тоҷик-диаспора»-ро таъсис дод. Соли 2003 дар Маскав созмони ҷамъиятии «Народная Лига «Таджики»-ро ташкил кард. Соли 2008 дар Маскав ҷумбиши «Таджикские трудовые мигранты» таъсис ва сабти ном кард. Соли 2016 додгоҳи олии Русия бо талаби вазорати адлия созмонро бекор кард ва гуфт, ки ин ташкилот ба нақзи оинномаву протоколҳои анҷуман роҳ додааст. Каромат Шарипов дар қазияҳои марбут ба басташавии бозори Черкизов ва моҷароҳои муҳоҷирон дар бозори “Садовод”-и Маскав дар соли 2014 дахолат кардааст. Ахиран дар русия боздошт ва шаҳрвандияш бекор карда шуда, рӯзи 13 декабри соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд. Маълумот аз ozodi.org 

where can i buy benadryl in the uk Варорӯд: Шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштед? Инро чигуна собит менамоед?

Каромат Шарипов: Бо чанд далел метавонам собит намоям, ки ман шаҳрвандии Тоҷикистонро надоштам. Вақте ман барои пешбарии номзадиам ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коммисияи Марказии Раъйпурсӣ ва Интихоботи Тоҷикистон муроҷиат намуда будам, ба ман расман ҷавоб дода буданд, ки шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро надоред ва ҳар касе дорои шаҳрвандии Тоҷикистон намебошад, ҳаққи пешбарии номзадии худро ба вакилии МН МО ҶТ  надорад.

Чизи дигар фармони президент аз соли 1995 буд, ки нафароне, ки дар қувваҳои мусаллаҳи кишвари бегона фаъолият мекунанд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд. Ман дар қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат кардам аз ин кор ба нафақа баромадам. Нафақаро аз Русия мегирифтам. Аҳлу оила, фарзандонам шаҳрванди Русия ҳастанд. Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ман бо роҳи қонунӣ шаҳрванди Русия шуданамро тасдиқ мекунанд, дар даст дорам. Албатта ҳама инро ман дар вохӯриям бо вазири ВКД ҶТ баррасӣ намудам.

Варорӯд: Зимни вохурӣ бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кадом масъалаҳоро баррасӣ кардед?
Каромат Шарипов: Дар вохурӣ бо вазир Рамазон Раҳимзода пеш аз ҳама масъалаҳои марбут ба ихроҷи банда аз Русия матраҳ шуданд. Ҳуҷҷатҳои лозимае, ки тасдиқ мекунанд, ман шаҳрванди Тоҷикистон нестам, ба вазир пешниҳод кардам. Ҳама ҳуҷҷатҳоро нишон додам. Вазир гуфт, ки аз қазияи ихроҷи ман аз Русия танҳо тавассути расонаҳо хабардор шудааст. Дар бораи маълумотномаи пешниҳодшуда ба Суди Русия, ки гуё шаҳрванди Тоҷикистон будани маро тасдиқ мекунад, хабар надоштааст. Вақте вазири ВКД хабар надорад, президент хабар надорад, ин амал ба ҷуз аз роҳи мафиозӣ боз чигуна ҳам метавонист суръат бигирад?

Гуфтам ба вазир, ки  чаро пеши роҳи қонуншиканӣ ва ҷинояткории як гурӯҳ инсонони бо ном тоҷикро намегиранд. Охир онҳо аз номи мақомоти шумо чунин ҳуҷҷати “справка возвращение на родину”  ба суди давлатии рус пешниҳод намуданд. Магар ин аз рӯи адолат ва давлатдорӣ мебошад?  Вазир гуфт, огоҳие, ки аз ин қазия доштам, барои ҳалли ин масъала кофӣ набуд ва тайёрам санҷида бароям.

Ман ростӣ  барои ҳаминаш ҳам миннатдорӣ изҳор менамоям.

Ин қазия танҳо марбути ман нест. Муроҷиати ҳазорҳо муҳоҷирон ва хонаводагони онҳо дар дасти ман вуҷуд дорад, ки қонуншиканона аз ҷониби мақомоти Русия бо онҳо муносибат мешавад.

Варорӯд: order accutane online canada Аз ин вохурӣ бо вазири ВКД чи натиҷаҳоро интизоред?

Каромат Шарипов: Тамоми ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардам. Ба мақомот дастур дод, ки ин ҳамаро биомӯзанд ва ӯро дар ҷараён гузоранд. Ба фикрам аз ҳуҷҷату далелҳое, ки ман нишон додам, вазир қаноатманд шуд.

Охир ин як кори оддӣ нест. Катастрофа аст. Агар ин масъала дар қисми болоӣ, яъне аз тарафи президентҳои ҳарду кишвар, парламентария ва ҳамчунин дигар мақомотҳои марбута ҳалли худро наёбад ва ба такрори ингуна қазияҳо бо роҳи гуфтушунид нуқта гузошта нашавад, ин хат кашидан ба озодӣ ва принсипҳои демократӣ мебошад. Як кишвари бо ном демократие, ки шаҳрвандашро бо роҳи ғайриқонунӣ ду се мафиоз ихроҷ мекунад, вале дар қиссааш нест, чигуна метавонад даъвои адолату ҳуқуқбунёдӣ кунад? Вақте шаҳрванд натавонад аз ҳуқуқҳои инсонии худ дифоъ кунад, натавонад даъво кунад. Ин чи аст. Ин катастрофа аст, катастрофа. Худатон хулоса бароред.

Варорӯд: Оё пеш аз ин бо Рамазон Раҳимзода вохурда будед?

Каромат Шарипов: Муҳтарам вазири ВКД, Раҳимзода солҳои тӯлонӣ дар Федератсияи Русия намояндаи ВКД Тоҷикистон буд. Инчунин ҳамчун роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон дар Русия шуда, фаъолият кардааст. Он солҳо ман роҳбари диаспораи тоҷикон будам. Кӣ будани Каромат Шариповро Рамазон Раҳимзода нисбат ба дигар вазифадорони давлатӣ хуб медонад. Мо ҳамкории хуб доштем.

Варорӯд: Ба ҷуз вохурӣ бо Рамазон Раҳимзода барои даъвоятон боз чи корҳоро анҷом додаед?

Каромат Шарипов: Дар Тоҷикистон муроҷиатҳои ман ба системаҳои имрӯзаи давлатӣ ва намояндагиҳои дипломатии Русия дар Тоҷикистон фиристода шудаанд. Ҷавобе, ки  ман хостам гирифта нашудааст. Ин поймол намудани ҳуқуқи инсон мебошад. Шахсоне, ки ба поймол намудани ҳуқуқи инсон даст задаанд, бояд пешгоҳи қонун ҷавоб диҳанд.  Ин танҳо як ихроҷ намудани банда аз Русия нест. Инро метавон одамфурӯшӣ ҳам ҳисоб кард. То имрӯз ба муроҷиатҳои ман ва адвокатҳои ман ҷавобе расонида нашудааст. Ман ҳамаро бо таври қонунӣ исбот мекунам. Таҷриба ҳам дорам. Солҳост, ки ман аз ҳуқуқи муҳоҷирони зодгоҳам дифоъ мекунам.

Гуфтаниам, ки ба  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати маълумотномаи қалбакии мақомоти Тоҷикистон ба Суди Русия додашуда, аризаи шикоятии ман расонида мешавад.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *