ОЛАМИ ИНСОНӢ ВА ОЛАМИ ҲАЙВОНӢ

go Чанде буд, ки дар ин маънӣ андеша мекардам, ки чаро хусусан мардумони аврупоӣ ва умуман ғайримусалмонон ба ҳайвонҳо ин қадар муҳаббат доранд.
Масалан сагу гурбаро мегиранду дар беҳтарин шароит нигаҳдорӣ мекунанд, беҳтарин хӯрокҳо барояш медиҳанд ва ҳеҷ аз он иҷтиноб намекунанд.
Ҷое дида будам, ки як собиқ ҳамкори амрикоиям акси тифли хурдсолашро гирифта аст, ки паҳлӯ ба паҳлӯи як саги хонагӣ хобида аст.
Баъди якчанд вақт менавишт, ки кӯдак шабонгаҳ хоб намекунад ва аз бехобии ӯ ҳама дар изтироб ҳастанд.
Банда маслиҳаташ додам, ки аввалин коре, ки мекунӣ бояд ҳадди ақал хонаи сагатро ҷудо кунӣ, ки ҳамроҳ бо ин тифли маъсум набошад.
Манзур аз ин маслиҳатам он буд, ки ҳазрати рисолатпаноҳ, мунҷӣ ва муршиди башарият Муҳаммад (с) аз нигаҳдории саг дар хона наҳй кардаанд, магар он, ки барои посбонӣ бошад.
Аммо даровардани саг ба дохили ҳуҷраи хоб ва ё ҳуҷраи таом ин як амри хеле накӯҳида аст, ки барои мо мусалмонон чигунагиаш маълум аст ва ҳоҷат ба баён надорад.
Ҳоло, ин уруфу одати мост ва марбути ба мост!

go to site Аммо чаро аврупоиён ё ғайримусалмонон ин қадар муҳаббати вижа ба ҳайвонҳо доранд?

-Фикр мекунам, ки ягона омили ин муҳаббат дар он аст, ки дар ҷамъияти ин мардумон муҳаббат ба инсоният хеле дар ҳоли таназзул аст, онҳо камтар ба якдигар боварӣ доранд, риштаи хешу таборӣ қариб, ки комилан гусаста шуда аст, муҳаббати падар ба фарзанд ё фарзанд ба падар на он чунон аст, ки мо дорем.

Ҳамин, ки фарзанди духтар ё писар бузург шуд, роҳ мегирад ба зиндагии мустақилона ва чунон «озод» мезияд, ки дигар ҳеҷ ҷои чуну чаро набояд дошта бошад.

Бузургсолонашонро куҷо мисли мо бемору парасторӣ мекунанд?
Агар марди куҳансоли ингилисӣ сарватманд бошад, барои худ парастору масҳгару чарбгар иҷора мегирад ва агар надошта бошад, бояд аз ҳазинаи давлат парасторӣ шавад.
Ин аст, ки урупоиҳо ҳамеша дар кӯшиши он ҳастанд, ки як механизми идоракунии давлатӣ бар асоси қонун ҳамеша ҳукмфармо бошад, ки мардумонро бо ҳуқуқҳояшон таъмин кунад.
Яъне ҳар чӣ бештар ин механизм мардумӣ ва мардумсолортар бошад, ҳамон андоза хуб аст, то ҳамагонро фаро бигирад.
Шумо тасаввур кунед, ки муҳаббату боварии байни инсонӣ дар як ҷамъият комилан зеру забар шаваду ҳукумате ҳам набошад, ки дармондагону бечорагону мазлумонро парасторӣ намояд, медонед чӣ мусибате барпо мешавад?!
Ин аст, ки дар сурати аз байн рафтани меҳру шафқати инсонӣ як халое дар замири инсонҳо падид меояд, ки он бояд ба ҳар шакле набошад пур карда шавад.
Фикр мекунам, ки яке аз ҷиҳатҳои пур кардани ҳамин муҳаббат ин руҷӯъ кардан ба дӯст доштани ҳайвоноте ҳаст, ки аз нигоҳи онҳо ҳадди ақал зарар намерасонанд.

Ӯ дигар ба инсон боварӣ надорад,
Ӯ аз инсон хавф дорад,
Инсон ӯро дурӯғ мегӯяд, фиреб мекунад, молашро ғасб мекунад,
Ӯ дигар аз инсон дида ба ҳайвон мушфиқтар аст.
Ӯ барои сагаш моҳона фалон миқдор пул ҷудо мекунад, аммо ҳозир нест, ки як инсони гуруснаи қади роҳро бурдае нон бидиҳад.
Ӯ барои сагаш шуда, ба шиками муҳоҷир тир мезанад,
Ӯ барои сагаш шуда, гӯшҳои муҳоҷирро мехояду захмӣ мекунад.

Аммо ӯ намедонад,ки ин ҳайвоне, ки ғайр аз ғаризаи шаҳвониву ғазаб дигар чизе надорад, ҳеҷ арзише ба ин мардумношинос қоил нест.
Аслан намедонад, ки моҷаро чист.
Барои ҳайвон ҳамон табиати ҳайвониаш созгортар аз он аст, ки ӯро биёриву хонашини пушти телефизиун созӣ.

Яъне шери бешаро оварда, маймунбозӣ ёд додан ё хирсро оварда, дучархасаворӣ кардан тавҳин бар шеру хирс аст, на чизи дигар!
Билахира, ҳайвонҳо низ ба худ оламе дигар доранд…

Аммо замоне, ки нидо ва ниёиши ҳазрати Румӣ ба гӯш мерасад, ки:
«Аз деву дад малуламу инсонам орзуст» он гаҳ дарк мегунӣ, ки ниёгони мо то чӣ андоза дар талаби инсони комил будааанд.
Онҳо мекӯшиданд, то инсонро ба дараҷаи камол расонанд, ки инсонигарӣ биёмӯзад ва инсонигарӣ кунад.
Андешаи ниёкони мо ва бузургони мо он аст, ки чун инсон равиши инсонии худро агар пайравӣ намояд, дигар ҳама мавҷудот аз дасти ӯ дар амон хоҳанд монд.
Чӣ олами ҷамод,
Чӣ олами набот,
Чӣ олами ҳайвонот,
Чӣ олами инсонҳо!

Медонед, дар ҳолати ба даст овардани ҳамон равиши инсонии комил, ки ҳадафи пешиниёни мо буд, мо ба ду натиҷаи бузург ноил мешавем:
Яке қадршиносии инсон ва дуввуми қадрдонии дигар мавҷудот.
Дар он ҳол муҳаббати мо ҳатто ба ҳайвонҳо табиӣ хоҳад буд, на сохтагӣ мисли урупоиён, ки онҳо он муҳаббатро дар натиҷаи гум кардани муҳаббати инсонӣ дарёфтаанд.
Пас,д ар ин замони гуфтугӯи маданиятҳо ва наздик гаштани фарҳангҳо моро ногузир аст, ки равандҳои пиёдашудаи кишварҳоро пеш аз он, ки дар ҷамъияти худ пиёда созем 110 даҳ бор паҳлу гардонем, то тамоми ҷанбаҳои онро шинохта бошем, то бидонем, ки зери чӣ боре меравем.
Агар хубе дарёфтем бигирему онро чунон, ки шоистаи миллати мост роҳандозӣ кунем ва гар баде ё норавое дидем аз он фарсахҳо худро канор гирем ва аз зарарҳояш насли худро огаҳ намоему дарси ибрат бигирем.

Ҳамон гуна,ки Абуалӣ Ибни Сино гуфта буд:

Парҳез аз он шакар ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас ки бо мор нишаст.

Худоро шукр ва сипос, ки меъёрҳои мо дар шинохти инсон чизи дигар аст ва паноҳ бар Худой аз он рӯзе, ки дар ин меъёр халале пайдо шавад ва андешае домангири ҷомеъа гардад, ки намунаи зиндагии саодатмандонаро танҳо дар зисту зиндагонии ғарбиёна бубинад.

Имоммуҳаммад Ғоибов

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *