Дар сояи адолат — ВАРОРӮД

Дар сояи адолат

Дӯстони азиз! Ин ҷо чанд нуқтаеро дар мавзӯи “адолат” ба риштаи таҳлил кашиданӣ ҳастем.

Вожаи адолат аз решаи арабии адл гирифта шуда, ба маъниҳои зерин меояд:

http://revueplanches.com/category/carnet-de-la-directrice/ Адолат buy modafinil online now , яъне инсоф доштан ва додрас будан аст.

Seroquel oral Адолат , яъне баробар тақсим кардан аст.

cost of lipitor vs atorvastatin Адолат, яъне ҳар чизро дар ҷои худ ниҳодан аст.

Адолат, яъне тарафдори ҳақ ва ҳақпарастон будан аст.

Ҳамин тавр, аз шарҳи калимаи адолат бармеояд, ки баробар тақсим кардани чизҳои моддӣ низ як навъи адолат мебошад.

Наврас метавонад бо баробар тақсим кардани ягон навъи ҳадя байни хоҳару бародаронаш адолатро ҷорӣ созад.

Падару модар имкон доранд бо баробар таъмин кардани фарзандон бо обу таом ва либосу лавозимоти зарурӣ адолатро байни онҳо барпо кунанд.

Раис метавонад бо баробар муносибат кардан бо ҳамаи коргарон адлро миёни онҳо барқарор намояд…

Ногуфта намонад, ки татбиқи адолатро метавон дар ҳама кор риоя кард, ба ҷуз муҳаббат. Наврас наметавонад муҳаббатро байни хоҳару додаронаш баробар тақсим кунад, яъне ҳамаро як хел дӯст дошта бошад.

Инчунин падару модар низ наметавонанд ҳамаи фарзандонро як хел дӯст доранд.

Муаллим низ қодир нест нисбати ҳамаи шогирдон меҳру муҳаббати баробар дошта бошад.

Бинобар ин, агар мо касеро аз каси дигар бештар дӯст дорем, маломат нахоҳем шуд. Зеро муҳаббат амри дил аст. Қудрати идораи дил ва эҳсоси ботин дар дасти мо нест, дар дасти Холиқест, ки дилро офаридааст. Лекин мо имкони адолат карданро дар корҳои зоҳирӣ дорем.

Аз нигоҳи Муҳаммад Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ адолат аз се фазилат-ҳикмат, шуҷоат ва иффат ба вуҷуд меояд.

Мутафаккирони форсу тоҷик Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон адолатро ба тарзи идораи давлат ва фаъолияти сардори мамлакат вобаста намуда, зуҳуроти онро дар ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми меҳнаткаш, риояи қонун ва даст кашидан аз зулм медиданд. Баъзе аз мутафаккирони форсу тоҷик Фирдавсӣ, Ҷомӣ ва амсоли онҳо бошанд, аз арзишҳои исломӣ бо камоли маҳорат истифода карда, дар баробари тасвири шоҳи идеал, ки бояд одилу хайрхоҳ бошад, ба ташкили ҷамъияти идеалие (намунавӣ), ки дар он ҳама баробаранд, фаро хондаанд.

Одатан дар ҷое, ки ба сӯи адлу инсоф даъват мекунанд, он ҷо ҳатман аз мазаммати зулму бедодгарӣ гап мезананд. Аз ин рӯ, ҳар куҷое, ки дар бораи адолат сӯҳбат меравад, он ҷо дар танқиди зулму ситам низ ишора кардан бамаврид аст. Аз мафҳуми адолат ва зулм пайдост, ки ин ду калима маънои ба ҳам муқобил доранд, яъне зидмаъно ҳастанд.

Дарси таърих низ бароямон маъниҳои ин ду калимаро равшан месозад. Зеро маънии адолат чунонки маълум гашт, ба ҳукуматҳо ва раҳбарони он низ иртибот мегирад, ки то чӣ ҳад адлу инсоф доранд ва то куҷо ниёзҳои мардумро барои таъмини ҳуқуқашон ва як зиндагии шоиста бароварда мекунанд. Хушбахтона, чун ба саҳифаҳои таърих бо диққат назар дӯзем, мебинем, ки дар ҳар давру замон сарварону подшоҳони адолатпеша будаанд. Онҳо бо ҷорӣ намудани адлу инсоф дар ҳукумати худ боиси ободӣ, оромӣ ва осудаҳолии халқ гардидаанд. Ин гуна шоҳонро халқ бисёр ҳурмат мекард ва дӯст медошт. Номи Анӯшервони Одил, Умар ибни Хаттоб (р), Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ва даҳҳо шоҳону халифагон дар саргаҳи шоҳони адолатпеша сабт шудааст. Ин ҷо мехоҳем намунаеро аз адли шоҳон пешкаш кунем. Қаҳрамони ҳикояи мо Умар ибни Хаттоб (р) аст, ки одилии ӯ забонзади мардум гардидааст.

Ҷавонписари қибтие аз сарзамини Миср вориди Мадина шуда, ба сӯи Умар ибни Хаттоб (р) ҳузур оварду гуфт:

-Эй амири мӯъминон! Бо шикояте назди шумо омадам. Ҳокими Миср Амр ибни Ос (р) мусобиқаи аспдавонӣ ташкил намуд. Аспи ман дар ин озмун аспи писари ҳоким-Амр ибни Осро сабқат намуд ва ғолиби озмун гардидам. Аз ин сабаб писари ҳоким маро бизад ва гуфт: -Оё ту аз фарзанди бузургон низ пеш мегузарӣ?

Амири мӯъминон (р) бо баробари шунидани шикояти ҷавон ба Амр ибни Ос (р) чунин мактуб навишт:

-Вақте ки ин мактуб ба ту расид, ҳамроҳи писарат ба назди ман оед. Баъди тай намудани ҳазорон километр роҳ ва ташрифи Амр ибни Ос (р) ҳамроҳи писараш ба даргоҳи Умар (р) халифа ҷавони мисриро даъват карда гуфт: -Ин асоро гир ва фарзанди ин шахси «бузург»-ро бизан.

Ҷавон асоро ба даст гирифта, ӯро зад.

Он гоҳ Умар (р) гуфт: -Акнун падарашро бизан. Савганд ба Худо, ки  ба сабаби салтанати падараш ӯ чунин муносибатро раво дидааст.

Ҷавони қибтӣ гуфт: -Эй амири мӯъминон, ман қасосамро аз шахсе, ки маро зад, гирифтам.

Умар (р) гуфт: -Қасам ба Худо! Агар ҳокимро низ задан мехостӣ, туро бознамедоштам.

Дар ин асно Умар ибни Хаттоб (р) ба Амр (р) панди ҷовидонаеро баён намуд:

-Эй Амр, шумо кай боз мардумро ба худ ғулом гирифтед, дар ҳоле ки модарон онҳоро озод таваллуд кардаанд?

Умар (р) ҳамеша аз паи ҳақ буд ва аз ин сабаб бо лақаби одил машҳур гардидааст. Шоире моро дар ин хусус панд дода мегӯяд:

Хоҳӣ, ки шавад замона хуррам аз ту,

Магзор расад ба ҳеҷ дил ғам аз ту.

Аммо паи исботи ҳақ ар лозим шуд,

Бигзор биранҷад дили олам аз ту.

Ин ҷо қиссаи дигареро аз рӯзгори набераи Умар (р), яъне Умар ибни Абдулазиз (раҳ) меорем, ки пандомӯз аст:

Вақте ки Умар ибни Абдулазиз (раҳ) баъди эълон шудани халифаи мусалмонон чун аз дафни амакбачааш Сулаймон ибни Абдулмалик – собиқ амири мӯъминон — фориғ шуд, ба назди ӯ фарзандаш тозон омаду сӯҳбат кардан хост. Умар ибни Абдулазиз (раҳ) ба фарзандаш хабар дод, ки каме хоб меравад. Зеро қариб се рӯз аст, ки нахобидааст. Баъдан ҳамсӯҳбат хоҳад шуд.

Ҷавон, ки дарвоқеъ мисли падараш парҳезгор буд, гуфт: Пеш аз он ки ҳаққи мазлумонро ба соҳибонаш бозгардонед, хоб мекунед, падарҷон?

Умар ибни Абдулазиз (р) гуфт: — Эй писаракам, ман дирӯз ҳам хоб нарафта будам, зеро ба корҳои амакам Сулаймон андармон шудам. Чун намози пешинро хондам, ҳаққи мазлумонро ба соҳибонаш бозмегардонам.

Ин дам фарзанд ба сухан омаду гуфт:

— Аз куҷо медонед, ки шумо то пешин зинда мемонед? Бархезед, эй амири мӯъминон! Аввалан ҳаққи мазлумонро бозгардонед.

Бо шунидани ин суханон ҳамон лаҳза хоб аз чашмони Умар ибни Абдулазиз (раҳ) парид ва гуфт:

— Писарҷонам, ба ман наздик шав ва ӯ вақте ки ба падараш наздик омад, аз миёни дидагонаш бӯсиду гуфт:

-Ҳамд ба Худое, ки аз камарам шахсеро офаридааст, ки дар корҳои дин бароям мадад мерасонад.

Воқеан ҳам Умар ибни Хаттоб (р) ва Умар ибни Абдулазиз (раҳ) татбиқгари ҳукми илоҳӣ буданд, ки Аллоҳ мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا

“Албатта Аллоҳ шуморо амр мекунад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш бозгардонед. Ва ҳар гоҳ байни мардум ҳукм кунед, одилона ҳукм кунед. Аллоҳ чи дилписанд панд медиҳад. Воқеан Аллоҳ шунавову бино аст”. (сураи Нисо, ояти 58)                    

Аммо, мутаассифона, подшоҳони бешуморе дар ҳар давру замон роҳи зулму ситамро пеша гирифта, даст ба бадӣ мебаранд. Ин гуна подшоҳон намегузоранд, ки мардум озодона зиндагӣ кунад. Онҳо ба ҷои он ки дили мардумро гарм кунанд, онҳоро аз тамоми ҳуқуқашон маҳрум месозанд. Бо савганд хӯрдану овардани ҳилаҳои дигар одамони соддалаҳвро фиреб медиҳанд. Ин гуна золимон то дами марг даст аз ғорату тороҷи моли мардуми дорову нодор намекашанд. Чун забони ҳақиқатгӯе бар онҳо дароз гашт, ӯро хоини ватан ҳисобида, бо тӯҳмат ба кунҷи зиндон равона мекунанд. Ба хотири манфиатҳои дунявӣ омодаанд, ки обрӯи халқи худро резонанд ва ҳатто зидди дини Аллоҳ мубориза баранд. Азбаски Иблис онҳоро аз роҳ бурдааст, боҷуръатона диндорон ва донишмандонро таҳқир мекунанд. Намегузоранд, ки касе сар аз итоат бикашад.

Оре, воқеан пайравӣ аз ҳавову ҳавас рӯҳияи адолатхоҳии ин гуна подшоҳонро заиф карда, дидаи Худобинашонро кӯр намудааст. Аз онҳо дар дили мардум хашм ва ғазаби азим мемонаду бас.

Дар таърих номи ин қабил шоҳон ҳамчун шоҳи золим ва ситампеша ёд шудааст, ки машҳуртарини онҳо Намрӯд ва Фиръавн ба шумор мераванд.

Шоир Нахшабӣ дар “Тӯтинома” золимонро ҳушдор дода мегӯяд:

Нахшабӣ, зулм бадтарин чиз аст,

Аз ситам синаҳо кабоб шавад.

Ҳар кӣ бо хонае кунад зулме,

Хонааш оқибат хароб шавад.

Мардум дар ҳар давру замон беадолатиро сарзаниш ва адолатро ситоиш мекунанд. Зеро мардум ташнаи адолатанд. Анҷоми як кори одилона агарчи кам аст, аммо боиси кушоиши корҳои бисёр хоҳад шуд.

Беҳуда Паёмбар (с) нагуфтаанд:

“Ба зулм гувоҳ намешавам”.

Ҳамин тавр, дар сояи адолат ҳар кас ба ҳаққи худ мерасад ва роҳи зулм ба ситамгарон баста мешавад.

Бо барпо намудани суннатҳои одилона ободиву оромӣ ҳокими сарзаминҳо мегардад ва файзу баракат меафзояд.

Дар сояи адолат миллат ислоҳ мешавад ва давлат пойдор мегардад.

Эҳсони Азиз

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *