Дар боби арифметика ва 70 сол хӯрдани ленинободиҳо

go to link «Шумо ҳафтод сол хӯрдед», «ленинободиҳо 70 сол хӯрданд, «ҳафтод сол ленинободиҳо моро нагузоштанд», «ленининбодиҳо корхонаҳои саноатиро дар шаҳри худашон сохтанд»… Чунин ҷумлаҳоро қариб ҳаррӯз мешунавам. Агар Шумо бигӯед, ки боре ҷумлаҳоеро ба чунин маъно нашунидаед, дақиқан дурӯғ мегӯед.
Мутаассифона, ин ҳарфҳо на танҳо аз забони мардуми оддӣ, балки аз забони зиёиёну сиёсатмадорон низ садо медиҳад.
Фикр мекунам, ин гуна ҳарфҳои ҳавоӣ аз забони зиёиёни беҳунар ва бебарор(неудачник)-и замони Шуравӣ ба мерос мондааст.
Аксари маҳалчиён маълум мешавад, ки гирифтори ҷаҳли мураккабанд ва на аз ҷуғрофиёи ватани кучакашон огоҳанду на аз арифметикаву на аз таърихи дирӯзаи хеш. Аз ҷуғрофиё огоҳ нестанд, ки маро ҳам ленинободӣ мешуморанд ва сабабгори бадбахтиашон. Аммо касе, ки андак аз ҷуғрофиё огоҳ аст, медонад, ки миёни водии Зарафшон ва Хуҷанд як ағбаи хеле баланд вуҷуд дорад ва на зарафшониҳо худро хуҷандӣ мешуморанд ва на хуҷандиҳо инро қабул доранд. Воқеъият ҳам чунин аст.(Инҷо арз бояд кунам, ки гарчӣ хуҷандӣ нестам, хуҷандӣ буданро ифтихор медонам).
Агар онҳо андак фаросат медоштанду боре таърихи замони шуравиро варақ мезаданд, мефаҳмиданд, ки сулолаи хуҷандиҳо аз устоди аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид ва ин дар соли 1946 ба вуқуъ омада буд. Ҳоло 1946-ро аз 1991 тарҳ кунед. Дидед? Оё посух 70 баромад? На! Посух 45 аст! Пас инсоф кунед! Шарм доред!
Дар мавриди ин ки аксари корхонаҷоти саноъатӣ дар Хуҷанд сохта мешуд, устод Иброҳим Усмон чанд сол пеш дар рӯзномае навишта ва дурӯғ будани ин иддиъоро исбот карда буданд. Онҷо аз ҷумла гуфта мешуд, ки аввалан Хуҷанд сад сол пеш аз Инқилоби уктобр саноъат дошт. Сониян ҳама корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар ҷануби кишвар сохта шуда буданд. Ва мисол овард, ки НБО «Норак», Корхонаи алюминий, Корхонаи кимиёвии Ёвон, Корхонаи неруҳои азотии Вахш, Текстилкомбинати Душанбе ва ғ. дар ҷануб сохта шуда буданд. Бигзарем.
Дар мавриди ин, ки хуҷандиҳо ба мардуми ғайрихуҷандӣ “ход” намедоданд,
намегӯям, ки миёни мансабдорони хуҷандӣ маҳалгароён набуданд. Аммо ин, ки ангор аксари эшон намегузоштанд, ки дигарон сабзанд, дурӯғ ва туҳмат аст. Устод Акашариф Ҷӯраевро агар аз Дарвоз Бобоҷон Ғафуров намеовард, магар устод мешуд? Чаро устод Қаноат ба баландтарин қулла баромада тавонисту шуморо нагузоштанд? Чаро Мусо Диноршоев ба дараҷаи академикӣ расид, шумо то нисфи роҳаш ҳам натавонистед, ки равед? Академик Сайидаҳмад Одинаев, Муҳаммадхоҷаев, Баҳодур Искандаров, Талбак Назаров, Ғиёсов, Юсуфшо Ёқубов … чӣ гуна аз садди хуҷандиҳо гузаштаанд?
Дар адабиёт ҳам аз устод Қаноат то Бозор Собиру Гулрухсору Абдуҳамид Самад, ки муваффақ буданд. Касе ҳам пеши роҳашонро нагирифт.
Ман навиштаҳои мунсифонаву беғаразона дар бораи даврони хуҷандиҳоро танҳо дар мақолаву мусоҳибаҳои Абдулло Ҳабибов, Саломиддин Мирзораҳматов ва Абдулло Давлатов хондаам ва ба Шумо ҳам хонданашро тавсия мекунам. Муаллифони номбурда, баракс аз хуҷандиҳо сипосгузорӣ мекунанд.
Гузашта аз ин ҳама бояд ба воқеъиятҳо тан диҳем. Ба ирсият бовар кунем. Чун имруз ҳам агар дар донишгоҳҳои Оксфорд ва Ҳарвард 8 тоҷик таҳсил кунанд, ҳамаашон аз ҳамон минтақаи мавриди назар аст.
Ва 26 сол аст, ки хуҷандиҳо аз ҳукумат дур андохта шуданд, вале имрӯз танҳо дар Хуҷанд саноат побарҷост.
Манзурам, маҳалгароӣ нест, зикр кардам, ки хуҷандӣ нестам. Манзурам ин ки бояд ҷаҳлро канор гузорем, ба воқеъиятҳо воқеъбинона баҳо диҳем. Аз хуҷандиҳо омӯзем. Саноатро, тиҷоратро, фарҳангро ва зиндагиро.
Дар анҷом як ҷумла аз “хӯрдани ленинободиҳо” ҳам бигӯем: Вақте, ки Ҷаббор Расулов мемирад аз хонааш костюми нав намеёбанд, ки бо расму русуми замона бипӯшонанд. Ду костюм дошта, ки астари ҳардуяш дарида будаанд. Қаҳор Маҳкамов, ки дируз мурд. Бо ҳамон волгаи Газ-24-аш. Ҳеч расонае, нагуфт, ки дар Чехия ё Дубай ё Маскав қаср харидааст.

follow Азиз Нақибзод

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *