Путин: Уммати исломӣ бахши муҳимме аз мардуми гуногунмиллати Русия мебошад (Видео)

buy Lyrica Pregabalin Владимир Путин,  президенти Федератсияи Русия зимни мулоқот бо раҳбарони мусалмони Русия дар Қазон  гуфт, ки уммати исломӣ — қисми муҳими мардуми гуногунмиллат ва гуногунэътиқоди  Русия мебошад.

source url Владимир Путин дар давоми суҳбат бо уламои ташкилотҳои динии мутамаркази мусалмонони Русия ва роҳбарони Академияи исломии Булғорӣ, масоили исломӣ, пешбурди низоми ягонаи таълими динӣ, рушди мадрасаҳои исломӣ ва натиҷаҳои нахустини Академияи исломии Булғориро  баррасӣ намуд.

«Бо таъсиси Академияи исломии Булғорӣ як сегонаи бузурги илмӣ ба вуҷуд овардем. Ҳам мадраса, ҳам донишгоҳ  ва ҳам академияро таъсис додем. Ин лоиҳаи аҷиб хеле  барои кишвар муҳим аст”.- изҳор намуд Владимир Путин

Путин ёдовар шуд, ки дар соли 2013 замони ташрифаш ба Қазон  мулоқот  бо бисёр масъулони муфтиёт анҷом дода буд, аз ҷумла онҳое, ки айни ҳол дар ин вохӯрӣ низ ширкат доранд.

«Ман он замон ҳам гуфта будам ва боз  ҳам бе ягон шубҳа таъкид мекунам, ки исломи анъанавӣ қисми муҳими рамзи фарҳангии Русия буда, уммати исломӣ бе шак, бахши муҳимме аз мардуми гуногунмиллати Русия мебошанд», — гуфт Путин.

Бояд қайд намуд, ки бино ба хабаргузории Интерфакс президенти Русия дар ин сафараш аз шаҳри Уфаи пойтахти Бошқордистон низ дидан карда буд. Дар ҳошияи сафари Уфа, Владимир Путин аз Маркази исломии Бошқордистон низ дидан кард. Дар зимни вохӯрияш бо муфтии ин ҷумҳурӣ Талгат Тоҷиддин зиёд шудани шумораи масҷидҳо дар Бошқордистонро мусбат арзёбӣ намуд.

«Ин хеле хуб аст, ки ҳама чиз рушд мекунад. Тавре ки шумо гуфтед, дар соли 2000-ум дар Бошқордистон 16 масҷид буд ва ҳоло ин адад то ба 1200 расидааст. Ин нишон медиҳад, ки динҳои анъанавии мо, аз ҷумла ислом рушд мекунад. Ин хеле хуб аст, ки шумо омӯзиши мутахассисонро дар соҳаи ислом пайдо кардаед” — қайд намуд Путин. 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *