Роҳҳои муқобила бо бевафоии ҳамсар — ВАРОРӮД

Роҳҳои муқобила бо бевафоии ҳамсар

Агар шумо ҳам яке аз қурбониёни бевафоӣ бошед, бешак дар сарнишебии зиндагии худ қарор гирифтаед. Бештари ҳамсароне, ки чунин мушкилӣ доранд, мӯътақиданд, ки то ба ҳол ҳеҷ гоҳ чунин ҳаяҷони шадидеро таҷриба накардаанд. Бе шак онҳо эҳсоси хашм, афсурдагӣ, тарс, гуноҳ, танҳоӣ ва шармсорӣ мекунанд.

Ҳамсаре, ки мавриди бевафоӣ қарор гирифтааст, ҳамеша аз худ мепурсад: Чӣ тавр тавонист чунин коре бо ман бикунад? Чӣ тавр тавонист ба ман хиёнат кунад ва борҳо ва борҳо ба ман дурӯғ бигӯяд? Ҳаргиз дигар наметавонам ба ӯ бовар кунам.

Чунин фарде дучори эҳсоси назаррасе мешавад ва эҳсос мекунад, ки ӯ ба қадре осеб дидааст, ки ҳатто қодир ба баёни он дар қолаби калимот нест.

Вақте зану шавҳар чунин ҳаяҷони шадидеро таҷриба мекунанд, пурсиши асосӣ ин аст, ки оё беҳбудии заношӯӣ имконпазир аст ё на? Чӣ тавр метавон ин бӯҳронро пушти сар гузошт?

http://paterson-associates.co.uk/property-search/?location=girvan ОЁ МЕХО buy modafinil uk debit card Ҳ buy accutane nz ЕД ЗИНДАГИИ ЗАНОШ ӮИЯТОНРО НАҶОТ ДИҲЕД?

Зуҳури бевафоӣ нишондиҳандаи он аст, ки издивоҷатон барои муддати тӯлоние дучори мушкилии ҷиддӣ будааст, хоҳ онро ташхис дода бошед ё на. Қурбонии бевафоӣ бояд аз худ бипурсад: чӣ балое бар сари муҳаббатамон омад? Дар бартараф кардани кадом ниёзи ӯ шикаст хӯрдаам? Қурбонии бевафоӣ бояд иллатро нахуст аз худ ҷӯё шавад.

БА ҲЕҶ ВАҶҲ ИН  ВАЗЪИЯТРО ТАҲАММУЛ НАКУНЕД

Издивоҷ иртиботи махсусест, ки дар он ду нафар яке мешаванд ва бояд бо ҳам бимонанд. Нафари сеюм дар ин миён намеғунҷад. Зуҳури бевафоӣ ба маънои он аст, ки зиндагии муштарак қабл аз ин аз ҳам пошида шудааст ва шавҳар бо роҳи ғайримашрӯъ ба ҳавасбозӣ машғул мешавад ва гоҳ-гоҳ рахти хоби хешро дигар мекунад. Бинобар ин ба ҳамсарон тавсия мешавад, ки масири мустақил ва сахтгиронаро дар пеш бигиранд ва барои ҳамсари бевафо ошкоро бигӯянд, ки ба ҳеҷ унвон ин вазъиятро таҳаммул карда наметавонанд.

Дар ин ҷо манзури мо ин нест, ки бо фаҳмидани ин масъала доду фарёд намуда, хонаро тарк кунад ва ё ёру дӯстонро огоҳ созад, балки мақсади мо ин аст, ки бо суръату осонӣ майдонро барои нафари саввум холӣ накунад. Зеро дар аксари маврид занон бо мушоҳидаи ин вазъият бисёр саросема шуда, баъд аз чанд кашмакашу даргирӣ бо ҳамсар зиндагии заношӯиро тарк мекунанд ва ба осонӣ ба нафари саввум иҷоза медиҳанд ва ӯ аз ин фурсат истифода карда, метавонад дар дили ҳамсар ҷои худро пайдо кунад. Шумо сарфи назар аз шикасти отифие, ки дидаед, бояд бимонед, мушкилотро ҳал кунед ва шахси саввумро кам-кам аз зиндагии хеш берун кунед. Иҷоза надиҳед, ки ба ин осонӣ зиндагии чандсолаатонро аз даст дода, ҳама чизро раҳо кунед. Агар лозим дидед ва ё бисёр эҳсоси хашму асабоният гардидед, бо ҳамсаратон сӯҳбат накунед, аммо ба нақшаҳои заношӯии худ монанди расидагӣ ба умури хона ва фарзандон ва ғайра амал кунед.

БИДОНЕД ЧӢ ИНТИЗОРЕ ДОРЕД

Бештари бевафоиҳо метавонад ба талоқ мунҷар нашавад ва дар охир бо рафъи ихтилоф бианҷомад, аммо фароянди бевафоӣ дарди таҳаммулнопазиреро ба мардум ворид мекунад. Агар худро барои он чӣ пеш хоҳад омад, омода кунед, на танҳо азоби камтаре мекашед, балки ба издивоҷатон фурсати бештаре барои беҳбуд фароҳам меоваред.

Барои мисол, баъд аз чанд рӯз аз вуқӯи ин ҳодиса, вақте ба андозаи кофӣ тавонистед, ки бар аъсоби худ мусаллат шавед, мӯҳри сукутро бишиканед ва дар фазои муносиб дур аз ҳама ба таври муфассал бо ҳамсаратон сӯҳбат кунед ва бубинед чӣ ангезаҳое сабаби ба майдон омадани ин рафтори ношоиста шудааст?  Аз шумо чӣ интизоре доштааст, ки натавонистаед онро иҷобат кунед? Шахси саввум аз кадом холигоҳ истифода мекунад, чӣ камбудӣ ва хислатҳои шумо писанди шавҳаратон нест?

Дар бархе мавридҳо зиндагии заношӯӣ дорои костагиҳоест, ки агар ислоҳ шавад, мушкилот то ҳадди зиёде бартараф мешавад, аммо дар мавридҳои дигар зану мард мушкили хосе бо ҳам надоранд ва шояд мард дар як мавқеи васвасаангез қарор гирифта, дучори лағжиш шудааст. Аз ин рӯ, шумо бояд ба унвони як ҳамсар собит кунед, ки ҳанӯз ҳам маркази отифии хонаводаатон ҳастед ва метавонед дубора ҳамсаратонро ба хонавода бозгардонед.

ШУРӮЪ БА РАФЪИ  НИЁЗҲОИ ЯКДИГАР КУНЕД

Дар ин марҳила ҳамсари хиёнатдида бояд саъй кунад, то ниёзҳои отифиеро, ки фарди дигаре барои ҳамсараш бартараф мекунад, ба шакли беҳтаре бартараф кунад. Зану мард метавонанд издивоҷашонро бозсозӣ кунанд ва бо бартараф кардани ниёзҳои якдигар, фасли тозае аз муҳаббатро дар зиндагии худ барномарезӣ намоянд.

Вақте муҳимтарин ниёзҳои отифии якдигарро бартараф мекунед, муҳаббату издивоҷатон аз пештар ҳам нерӯмандтар мешавад…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *