ШАБИ ВИСОЛ

Шаби висол шаби ҷонпайванди зану шавҳар бо ҳамдигар аст. Шаби васл беҳтарин ва нотакрортарин лаҳзаи умр аст, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда намегардад. Шаби васл оғози орзуҳои оиладорист. Дар аввалин бархурди шаби васл духтар номи занро мегирад. Шаби васл ҳамчун шаби умр, шаби издивоҷ, шаби висол, шаби бинои оила, шаби ваъда, шаби хушнудӣ тавсифи зиёде дорад.

Домоду арӯс ин шабро бо шавқу иштиёқи зиёде интизорӣ мекашанд. Ёди ин шаб ба дили онҳое, ки қасди никоҳ доранд, саодату фараҳмандӣ ва хавфу изтироб меорад. Афкори онҳоро ҳодисаҳои ғайричашмдоште фаро мегирад… Ин амал ба зеҳни онҳо аз нақлу шунидаҳо, аз ривоятҳо нақш бастааст. Табиати шахсии ҳар дуи дилдода дар таваҷҷӯҳ ба доду ситоди шаби нахуст дар хотири онҳо хаёлоти махсусеро эҷод кардааст.

Бояд навхонадорон хуб бидонанд, ки шаби нахусти васл бо вуҷуди ҳама лаззату оромишу осоиш, гузашта аз ин даҳшату ваҳшат, яъне асли воқеии худ шаби хеле оддӣ аст. Ягона нуктаи муҳим баста шудани дар ва дар хилват мондани ду ҳамҷон дар танҳоӣ аст. Аз воҷиботи ду ҳамҷон дар ин шаб қабл аз ҳама оромӣ бахшидан бар қалбу рӯҳи нозуки ҳамдигарист. Набояд мард худро дар майдони ҷанг пиндорад, ӯ бояд вазифаи мардиашро ҳамин шаб иҷро кунад, вагарна дар ин корзори ҷисму тан мағлуб хоҳад гашт. Дарки ҳамдигарии навхонагон аз воҷиботи муҳиме аст, ки байни ҳамдигар мулоқоти табииву самимона доранд. Агар онҳо ин амрро бо эҳсосоти табиияшон пушти сар намоянд, бидуни ягон изтиробу машаққат ба муроди хеш мерасанд. Мулоқот бояд дар фазои муҳаббат анҷом ёбад. Андешае аз қабили ғолибият дар ин шаб ё мағлубият бар зеҳни мард бар хилофи фитрату табиат аст. Гӯиё шаби васл ба назари баъзеҳо маъракаи ҷангиеро мемонад. Мард бояд ба ҷои шитобкорӣ муддате бо зан ҳазлу шухӣ намояд. Бозиву шухии зану мард новобаста аз он ки забонӣ аст ё ҳиссӣ, аз кирдорҳои баргузида маҳсуб меёбад.

Аз муҳимоти шавҳар аст, ки бояд махсусан дар шаби аввал бо зан меҳрубонона рафтор намояд. Мард бояд дарк кунад, ки зан манзили падару модарашро тарк намуда, ба олами дигар ва дунёи нав ворид шудааст. Бояд ҷавондухтар аз ҷониби ҷинси муқобил меҳру муҳаббат ва лутф эҳсос намояд. Домод арӯси хешро ҳамчун сайде набинад, ки бояд ӯро ба зудӣ шикор кард, балки ӯро ҳамчун номзади ҳамфикр донад, бо ӯ тибқи чунин меъёр рафтор намояд, на тибқи он ки ӯ ҳамсар аст.

       Ин ҷо, мухтасаран, ба суннатҳо ва мустаҳаботи муҳимтарини шаби васл ишора карда мегузарем.

  source link Якум: Мард бояд шаби нахусти издивоҷ ба ҳамсараш шарбату ширинӣ ва амсоли он пешниҳод кунад. Аз Асмоа духтари Язид ибни Сакин (р) ривоят кардааст, ки мегӯяд:

buy Seroquel fed ex    «Ман Оишаро барои Расули Худо (с) тайёр кардам ва сипас назди Паёмбар (с) рафтам ва аз он кас хостам дидори Оиша (р) дароянд. Расули Худо (с) назди Оиша (р) даромада, дар канораш нишастанд. Он гоҳ як косаи бузурги пур аз шир оварданд ва Паёмбар (с) аз он миқдоре нӯшиданд ва бақияро ба Оиша (р) доданд. Оиша (р) аз шарм сарашро пойин андохт. Асмоа (р) мегӯяд: -Оишаро сарзаниш карда гуфтам: -Косаро аз Паёмбар (с) гир. Сипас ӯ косаро гирифту миқдоре аз он нӯшид…» http://oceanadesigns.net/images/granite/arandis-dream/arandis-dream.jpg (ривояти Имом Аҳмад)

   Дувум: Мард бояд дар шаби аввали оиладорӣ дасташро ба сари ҳамсараш гузошта, дар ҳаққи ӯ дуо кунад. Дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят омадааст:

   «Ҳар гоҳ яке аз шумо издивоҷ кард…, бояд ба пешонии ӯ дасташро гузошта «бисмиллоҳ» гӯяд ва дар ҳаққи ӯ дуои хайру баракат карда гӯяд: -Худоё! Ман хоҳони хубии ӯ, хубии чизҳое ҳастам, ки дар ӯ офаридаӣ ва аз шарри ӯ ва шарри чизҳое, ки ӯро бар он офаридаӣ, ба ту паноҳ мебарам».              (ривояти Бухорӣ ва Абӯдовуд)

 Сеюм: Мард бо ҳамсараш бояд ду ракат намоз хонад. Модари мӯъминон Оиша (р) нақл намуда мегӯяд: Аз Паёмбари Худо (с) чизи аҷибе дидам. Паёмбар (с) шаби аввале, ки ба наздам ворид шуд, ба ман наздик омада, иҷозати намоз хондан пурсид. Пас аз он ки ба ӯ иҷозат додам, ба намозу муноҷот пардохт.

  Чаҳорум: Барои мард мустаҳаб аст, ки қабл аз ворид шудани зан дар шаби аввал дандонашро бо мисвок хушбӯ гардонад. Зан низ бояд ин корро анҷом диҳад. Агар дар гузашта аз мисвоки махсусе истифода мекарданд, имрӯз ҳам метавон аз он истифода кард ва ҳам аз мисвокҳои нав ва хамирадандон истифода намуд. Дар ин бобат ҳадисе аз номи Шурайҳ ибни Ҳониъ ривоят шудааст, ки мегӯяд:

   «Ба Оиша (р) гуфтам: Ҳангоме ки Паёмбар (с) ба манзил ворид мешаванд, аввалин коре, ки анҷом  медоданд, чӣ буд? Оиша (р) гуфт: -Мисвок задан»

Панҷум: Ҳангоме ки мард мехоҳад бо зан хуфтухоб кунад, бояд дуои зеринро зери лаб замзама кунад:

  «Бисмиллоҳ, Худоё! Шайтонро аз ман ва аз он чи рӯзиам кардаӣ, дур гардон».

Паёмбар (с) дар идомаи ҳадис фоидаи ин дуоро чунин баён мефармоянд:

«Агар Худованд фарзанде ба онҳо ато фармуд, шайтон ба ӯ зиёне намерасонад».

  Ҳамин тавр, дар охир бори дигар таъкид бамаврид аст, ки шаби нахустини ҳаёт шаби муҳаббат аст. Аҳамияти рӯҳонии ин шаб аз аҳамияти биологӣ бештар аст. Мард бояд дар ин шаб бо шитобкорӣ ба шуури зан ҷароҳат набахшад. Бо тадриҷ ӯ метавонад ба ҳамаи талаботаш бирасад. Ҳар ду дар фазои ишқу муҳаббат ва оромиву сукунат, на дар сурати ваҳшиёна «ширинӣ»-и ҳамдигарро хоҳанд чашид.   

Таҳияи Эҳсони Азиз

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *