Тарбия дар мактаби тобеъин: РАСТАГОРОН ВА ЗИЁНКОРОН

Хонандагони арҷманд! Ба вебгоҳи маърифатии Варорӯд рисолае бо номи “Тарбия дар мактаби тобеъин”  дастрас шуд.  Рисола яке аз кӯшишҳои арзишманди донишманд ва таърихшинос Абдуҳамид Билолӣ мебошад, ки ин асарро ӯ бо забони фасеҳ ва балеғи арабӣ иншо намудааст ва бо заҳматҳову ранҷҳои тӯлонии бародари арҷманд,  диншиноси ҷавони тоҷик Наҷмиддин Аюбӣ тарҷумма шудааст. Ин рисола бо сабабҳои маълум рӯи чопро надид.

Аммо ин маҷмӯаи гаронбаҳо ва беназир дар ростои тарбияти нафс  бо раҳнамудҳои беназири тобеин (раҳ.), баёни қавлҳо ва аҳволи он бузургон бо беҳтарин сабки нигориш ба риштаи таҳрир дароварда шудааст. Асари мазкур фарогирандаи ахлоқ ва одобу равишҳои гуногуни тарбиятии нафс аст, ки нигоранда бо овардани намунаҳои саҳеҳ ва равшан аз ҳаёти тобеини бузургвор сафҳаҳои қоғазро нуру зиё бахшида, пайравӣ аз онҳоро ягона роҳи ислоҳи нафс мешуморад, зеро дар ҳар давру замоне мо ниёзманди улгӯву намуна ҳастем ва насли тобеин (раҳ.) беҳтарин улгӯ, шоистатарин намуна ва шогирдони мактаби саҳобагони гиромии Расули акрам (с)  ҳастанд, ки бо пайравӣ аз гуфтору рафтор ва амалкарди онҳо метавонем аз гирдоби ҳалокат ба сӯи соҳили амну осоиш роҳсипор гардем ва худро аз вартаи нобудӣ ва суқут наҷот бахшем.

Ҳамчунон, ки худи тарҷумон васф мекунад, ҳаёти тобеъини саҳобагони паёмбари гиромии ислом(с) воқеан як мактаби тарбияву ахлоқ ва мояи ибрат мебошад: “Насиҳатҳои гаронбаҳо ва равшани онҳо метавонад бори дигар насими рӯҳбахшу сафои ботиниро барои дилҳои торик ва нафсҳои зангзадаи мо ба армуғон оварад ва наслҳои баъдиро аз тӯфонҳои хонумонсӯз, ҷаҳлу фасод ва моддигарӣ раҳои бахшад ва аз миёни дарёи пурталотуми фасоди ахлоқӣ ба соҳили амният бирасонад”.

Инак ганҷинаҳои ахлоқии ҳаёти тобеин ба таври силсилавӣ пешкаши шумо хонандагони арҷманд мегардад.

Пазиро бошед!

РАСТАГОРОН ВА ЗИЁНКОРОН

Худованд ҳангоми офаридани инсон дар вай нерӯе ба амонат ниҳод то битавонад онро бидуни ҳеҷ гуна монеае дар роҳи некиву бадӣ ба кор гирад. Аз ин рӯ, ӯро дар интихоби роҳ ихтиёри комил бахшид. Худованд мефармояд:

﴾ وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا  ۝ فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا ﴿

buy accutane without insurance source Ва савганд ба нафси одамӣ ва ба он кӣ ӯро сохта ва пардохтааст, сипас ба ӯ гуноҳ ва тақворо илҳом карда аст”.  (Қуръони карим, сураи Шамс, оятҳои 7-8)

Подош ва уқубати ухравӣ низ ба далели ҳамин озодии интихоб аст. Чунонки мефармояд:

﴾ قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا ۝ وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا ﴿

http://ninacrews.com/2010/10/upcoming-events/upcoming-events-9/ “Касе растагор ва комёб мешавад, ки нафси хешро покиза нигоҳ дорад ва касе ноумед ва ноком мешавад, ки нафси худро (ба гуноҳ) биолояд”. (Қуръони карим, сураи Шамс, оятҳои 9-10)

Растагорон касоне ҳастанд, ки ба ҳадафи офариниш, ки ҳамоно ибодат ба маънии ом аст, огоҳ гашта, монеаи расидан ба он мақсадро низ шинохтаанд. Боризтарини ин монеаҳо нафсе аст, ки дар ботини онҳо ҷой гирифта, аз ҳолати ваҳшат ба улфат ва аз ҳаяҷон ба оромиш бирасад. Ба ҳамин сабаб наҷотёфтагон бар нафси худ ғолиб шудаанд ва ба ҳар ҷо, ки Худояшон хоста онро ҳидоят кардаанд.

Аммо касоне, ки дар баробари ҳаяҷони нафс дар хавфу ҳарос монда,  дар баробари ҳавобаландии он хору залил ва аз ваҳшати он нигарон шудаанд, лаҷоми нафсро аз даст додаанд ва тан ба бандагии он супоридаанд. Онҳо дар ҳоле, ки аз модарашон озод таваллуд шудаанд, аммо ба итоати нафси аммора даромадаанд. Нафсе, ки ба ҳар ҷо бихоҳад, онҳоро мебарад. Дар ҳақиқат нафс онҳоро ба таҷовуз аз ҳадде, ки Қуръон ва суннат таъйин карда водоштааст. Оқибат зиёнбори дунё ва охират гаштаанд. Чаро? Чунки онҳо хушиҳо ва лаззатҳои дунявиро, ки метавонист дар хидмати дин қарор гирад, аз умури дин муҳимтар дониста, то ҳадди парастиш ба он аҳмият додаанд:

﴾ أَرَأَيْتَ مَنِ اتَّخَذَ إِلَهَهُ هَوَاهُ ﴿

Оё дидӣ касеро кӣ ҳавои нафси хешро худои хеш қарор дода буд?”. (Қуръони карим, сураи Фурқон, ояти 43)

Бинобар ин, дӯзах ҷойгоҳи эшон ва охирин манзилгаҳи онҳо аст.

﴾ فَأَمَّا مَن طَغَى ۝ وَآثَرَالْحَيَوٰةَ الدُّنْيَا ۝ فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَى ﴿

“Пас он кас, саркашию туғён варзад ва зиндагии ин ҷаҳонро бар охират бартарӣ диҳад, ҳамоно дӯзах маъвои ӯст”.   (Қуръони карим, сураи Нозиъот, оятҳои: 37-39) 

Ба ростӣ аблаҳӣ ва аҳмақӣ аст, ки касе таманнои чизе кунад, аммо барои ба даст овардани он кӯшиш нанамояд. Инчунин дар аҳмақии шахсе, ки барои талаби молу сарват дастҳоро ба сӯи осмон баланд кунад, вале дар хонаи худ нишаста бихоҳад аз осмон бар ӯ тилло ва нуқра биборад шакке нест, аммо аҳмақтар аз ӯ шахсест, ки сарват мехоҳаду аммо ягон василаеро барои ба даст овардани он ба кор намегирад. Ӯ ҳамонанди касест, ки умеди наҷот дар охиратро дорад, вале барои ба даст овардани сабабҳои наҷот қадаме намегузорад.

Имом Рофеӣ ингуна инсонҳоро чунин тавсиф мекунад: “Онҳо монанди ғарқшавандае нодон ҳастанд, ки аз дур соҳилро мебинад, аммо интизорӣ мекашад, ки соҳил барои наҷоти ӯ ба сӯяш шино кунад ва бо ин интизории аҳмақона худро ҳалок мекунад”. (Китоби “Ал-масокин”, саҳифаи 63)

Онҳо бояд бо ҷиддият ва бардавом дар ин масир қадам бардоранд ва аз машаққату душвориҳои роҳ дилгиру хаста нагарданд. Бояд лаззату хушгузарониро яксӯ гузошта, мубориза бо нафсро шиори худ қарор дҳанд. Чунин интизории беҳуда аз ҷониби он ғарқшавандаи нодон нишонаи бебасиратӣ ва кӯрии қалб аст. Ҳарчанд бо ду чашм мебинед, аммо ин кофӣ нест. Зеро ду чашми дигар дар дил вуҷуд дорад, ки ҳар гоҳ кӯр шавад инсон аз роҳи ҳақ берун мешавад. Тобеии бузургвор, Холид (раҳ) дар ин бора мегӯяд: “Ҳар бандае дорои чаҳор чашм аст: ду чашми зоҳирӣ барои дидани дунё ва ду чашми ботинӣ барои дидани охират. Ҳар гоҳ Худо хайри бандаеро бихоҳад ду чашми ботинии ӯро боз мекунад, то охиратро бубинад ва агар ғайри онро барои бандаи хеш хост, ӯро ба ҳоли худ мегузорад”. Сипас ин оятро хонд:

﴾أَمْ عَلَى قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا﴿

Оё бар дилҳои эшон қуфл аст?”  (Қуръони карим, сураи Муҳаммад, ояти 24)

Вой бар ту! Шино кун ва худро наҷот деҳ, зиндагӣ бастагӣ ба ҳаракати бозуҳои ту дорад, ҳар зарбае, ки бозуи ту бар об мезанад, туро қадаме ба соҳил наздиктар мекунад. Соҳили хушбахтӣ ҳам аз инсонҳои ҳушманд мехоҳанд барои расидан ба он талош кунанд.

Давом дорад…

Таҳияи Наҷмиддин Аюбӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *