Кур-курона ба касе тақлид макун

http://lstyle.sk/team/martin-sochor/ Шахсияти дигаронро ба рӯйи худ накаш ва саъй накун, то туро бо номи дигарон шиносанд. Зеро, азоби пайваставу доим ҳамин аст.

buy modafinil czech republic Хеле зиёданд, касоне ки шахсият, рафтор, гуфтор, истеъдод, қобилият ва имконияти хешро нодида мегиранд, то дар шахсияти дигарон шакл гирифта, назди мардум бо он намоён гарданд. Аммо, ногаҳон ин ҳама кӯшиш ба нокомӣ дучор мешаваду ба маъное «аз ин рондаву аз он монда» мегарданд.

Оё фаромӯш кардед, ки аз одами нахустин то охирин касе дар сурат (сад дар сад) мувофиқи худро надорад. Пас чаро дар  имконияту қобилият мувофиқи хешро меҷӯянд?!!!

Ту офаридаи хосе ҳастӣ, ки дар таърих мисолу монанди худро надорӣ ва шабеҳи ту дар оянда низ такрор нахоҳад шуд.

Ту тамоман шабеҳи Аҳмаду Аббос нестӣ. Беҳуда худро ба танури тақлиду шабоҳат ва ташаккул наандоз.

Бояд бо ҳамин табиат ва сурату андоми хеш ҳаракат намоӣ. «Ҳар нафар мазҳабу равияи худро донист» (оят). «Ҳар кас самти равиши худро дорад. Роҳи хубиро пеш гиред» (оят).

Тавре ки офарида шудаӣ, кору зиндагӣ кун. Овозатро дигаргун нанамо. Оҳанги гуфторатро тағйир надеҳ. Тарзи роҳравиатро гум накун.  Худатро бо ваҳйи илоҳӣ ба қолаб андоз. Аммо вуҷуди худатро мункир  нашав ва истиқлоли хешро аз даст надеҳ.

Ту рангу бӯйи махсусе  дорӣ. Ту барои ҷомеа бо ҳамин рангу бӯй зарур ҳастӣ. Зеро, ту чунин офарида шудаиву туро чунин мешиносанд. «Касе аз шумо марди сустирода нашавад» (Ҳадис) (сустирода-шахсе, ки аз худаш раъй ва истиқлоле надорад ва ҳар лаҳза аз раъйи нафари дигар пайравӣ мекунад).

Мардум бо табиати гуногуни хеш мисли олами набототанд, ки талху ширин баланду паст… бигзор чунин бошанд.

Агар себ бошад, намешавад, ки онро ба шакли нок гардонанд. Зеро ҷамолу ҳусни он дар себ будан аст.

Бешак, гуногунии рангу забон ва имконияту қобилият ояте аз оятҳои офаридгор аст. Бинобар ин, барои аз байн бурдани ояти Ӯ кӯшиш накунед!!!   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *