Ғамгин мабош, ба амри тақдир қаноат кун

«Ҳар он гирифторие, ки  дар  замин ва нафсҳои шумо рӯй медиҳад, пеш аз он ки онро ба вуқуъ пайвандем, (он чиз) дар китоб аст» (оят).

Қалам аз навиштан бозмонду варақҳо пӯшида гаштанд ва амру тақдир навишта шуд.

Моро танҳо ҳамон чиз мерасад, ки Худо онро навишта буд. Зеро «он чизе, ки ба ту расид, бояд ба ту мерасид. Ва он чизе, ки сӯйи ту наомад,  ба ҳеҷ ваҷҳ  сӯйи ту намеомад»(ҳадис).

Чун ин эътиқоду пиндор дар қалби ту ҷойгир шуда, дар замири ту маконати худашро ёбад, балову гирифторӣ ба атову бахшиш, мусибат ба неъмат ва умуман ҳар ҳодисае, ки бар сарат меояд, ба подошу мукофот мубаддал мегарданд. «Агар Худо ба бандае хубӣ хоҳад, ӯро гирифтор мекунад»(ҳадис). Бинобар ин ҳар нохушие, ки ба сарат меояд, хоҳ беморӣ бошад, хоҳ марги наздикон, хоҳ талафоти молӣ бошад, хоҳ фалокати манзил, Худованд тақдир кардаву ҳукми Ӯ иҷро шудааст. Ихтиёру ирода, ки моли Худост, чунин будааст ва аҷру савоб, ки дастранҷи банда аст, ҳосил шуд ва гуноҳ бахшида гашт.

Хушо ба ҳоли мусибатзадагон, ки ба қисмату ҳикмати Худованди гирандаву диҳанда, ки аз кирдораш касе Ӯро намепурсад,  сабру ризоро пеша мекунанд.

Вақте ки банда ба қазову қадар ва қисмати муқаддар имон меорад, асабҳояш ором ва хотираш ҷамъ шуда, дилаш аз васвасаҳои шайтонӣ дар амон мемонад.

Зиқ нашав. Андӯҳгин набош. Гумон накун, ки деворро аз афтидан, обро аз рехтан, бодро аз вазидан ва оинаро аз шикастан боздошта метавонистӣ.

Воқеияти амр чунин аст, гарчи писанди ману ту нест. Зеро, кори муқаддар бояд рӯй диҳад ва теғи сарнавишт бояд гузарад. «Касе хоҳад имон орад ва касе хоҳад кофир шавад»(оят).  

Ба  сарнавишти хеш таслим шав, зеро хоҳ-нохоҳ аз он ҷойи гурез надорӣ. Вагарна онро бо хашму ғазаб ба гарданат бор мекунанд.

Ин тавр ки бошад, чун ҳама сабабҳоро пеш гирифтӣ ва илоҷи бударо сарфа кардӣ, сипас он коре рух дод, ки аз он дар ҳазар будӣ, ғамгин машав. Зеро ин айнан чизест, ки дар сарнавишт буду бояд мешуд.

Ҳаргиз нагӯй, ки «Агар ман чунину чунон мекардам, чунину чунон мешуд. Вале ба ҷойи ин гӯй, ки «Худо тақдир кард ва он чи хост амалӣ намуд»»(ҳадис).

Аз китоби «Сӣ омили саодат»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *