Агрегати якуми НБО “Роғун” имсол ба кор медарояд? — ВАРОРӮД

Агрегати якуми НБО “Роғун” имсол ба кор медарояд?

http://almanarastl.org/wp-json/oembed/1.0/embed?url=http://almanarastl.org/sample-page/ Дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини мулоқот анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар додааст.

http://rg-onlinesolutions.co.uk/charity-2/ Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқот Пиетро Салини ваъда кардааст, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароварда  хоҳад шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавиро баррасӣ кардаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун Ширкати «Салини Импреҷило» баҳри татбиқи саривақтии нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ карда, корҳоро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *