Тарбия дар мактаби тобеин: ИБРАТ АЗ ЁРОНИ ПАЁМБАР (С)

Ҳеҷ кас наметавонад худро ба сифатҳои фард ё гурӯҳе монанд кунад, магар ин ки дар миёни онҳо зиндагӣ намуда, ҳамроҳи онҳо ҳаракат карда бошад.

Табиист, ки наздиктарин ва ошнотарини мардум ба ҳоли саҳобагони Паёмбар Муҳаммад (с) насли тобеин (раҳ) ҳастанд. Ба ҳамин далел аз ҳама бештар таҳти таъсири рафтори онҳо қарор гирифта, тавонистаанд ҷонибҳои мухталифи шахсияти ононро тавсиф кунанд.

Маймун ибни Меҳрони тобеӣ дар тавсифи ёрони Расули Худо (с) ва муқоисаи онҳо бо насли замони хеш мегӯяд:

“Ба маҳзари касоне шарафёб шудаам, ки ё сукутро бармегузиданд ё ба ҷуз ҳақ калимае бар забон ҷорӣ намекарданд. Ба хидмати мардоне расидаам, ки баъд аз адои намози субҳ то тулӯи хуршед ба ҷуз зикри Худо чизе намегуфтанд. Мардонеро ёфтаам, ки аз тарси Парвардигор ба осмон нигоҳ намекарданд. Агар бархе аз онҳо зинда шаванду аъмоли шуморо мушоҳида кунанд, ба ҷуз қибла (яъне, фақат қиблаатон бо онҳо як аст, аммо рафторатон дигар) ҳеҷ чизе аз шумо қабул намекунанд”.  (“Сифат-ус-сафва”, 4/194)

Маймун ибни Меҳрон (раҳ) дар ин ҷо танҳо ба бархе аз сифатҳои насли бунёдгузор ишора мекунад. Ӯ мебинад, ки наслҳои баъдӣ аз ин сифатҳо маҳрум шудааст. Ӯ ҳатто мӯътақид аст, ки насли кунунӣ чунон аз асҳоб (р) фосила гирифтаанд, ки агар онҳо зинда шаванд ва корҳои эшонро бибинанд, ба душворӣ мусалмон буданашонро бовар хоҳанд кард. Ин нигаронӣ аз ҳассосияти бисёр зариф ва дурбини шогирдони асҳоб (р) ҳикоят мекунад ва далолат ба иззату эҳтиромест, ки тобеин нисбат ба асҳоби киром (р) доранд. Ибни Меҳрон (раҳ) бисёр дур медонад, ки насли тобеин битавонанд ҷои асҳобро пур кунанд ё ҳатто ба ҷойгоҳи онҳо наздик шаванд.

Вай дурӣ гирифтани наслҳои баъдиро аз усулу арзишҳои инсониву имонӣ далели равшан барои ин иддао медонад. Имом Ҳасани Басрӣ яке аз тобеини бузургвор низ дилбастагии сахте ба саҳобагон (р) дошт, аз тағйироте, ки бар сари насли замони ӯ омадааст, чунин дарди дил мекунад:

“Механдему аз амалкарди худ ғофилем. Худованд амалҳои моро назорат дорад. Аллоҳ агар бар асоси рафторамон бо мо бархӯрд кунад, ҳеҷ чизеро аз мо нахоҳад пазирӯфт. Вой бар шумо эй фарзандони одам! Магар шумо тавон ва нерӯи ҷангидан бо Худоро доред? Ман қавмеро дидаам, ки дунё дар чашми онҳо аз хокистари зери пояшон камарзиштар буд. Қавми дигареро низ дидам, ки ба ҷуз хӯрокаи шаб чизи дигареро  надоштанд, аммо дар ҳамин ҳолат низ ҳамаи онро сарф намекарданд, балки баъзеи онро садақа медоданд, дар ҳоле, ки худ гуруснатар буданд”.  (“Сияру аълом-ин-нубало”, 4/585)

Он чи Имом Басриро водор мекард, ки  ин гуна аз саҳобагон ёд кунад, хоҳишу шавқи ӯ барои ҳидоят ва раҳнамоии насли муосири хеш ба сӯи он сифатҳову ахлоқи бузург буд, зеро аз нобуд шудани насли саҳобагон(р) хеле эҳсоси дилтангӣ ва нигаронӣ мекард.

Аз муҳимтарин сифатҳое, ки Маймун ибни Меҳрон (раҳ) аз насли асҳоб нақл мекунад, барбод надодани вақт аст. Саҳобагон бар ин масъала бисёр ҳарис буданд. Онҳо намегузоштанд, ки вақти гаронбаҳояшон беҳуда сипарӣ шавад. Ҳамчунин онҳо сахт аз Худои хеш метарсиданд. Ҳасани Басрӣ боризтарин сифати асҳоб (р)-ро дар ҳақир шуморидани дунё ва дил набастан ба он медонад. Онҳо дилдодаи охират ва шефтаи сафову бародарӣ буданд. Савганд ба Худо ин чаҳор вижагӣ, аз муҳимтарин сифатҳо дар миёни асҳоб (р) будааст, сифатҳое, ки бисёр ба душворӣ метавон онро дар миёни наслҳои баъдӣ ёфт.

Саҳобагон ба хотири зоеъ шудани лаҳзае аз вақт худро ҳисобу китоб мекарданд ва ҷуз дар зикри Худо лаб ба сухан намекушоданд, зеро кирдорашон бар гуфторашон ғалаба карда буд ва бештари вақтҳо сукут ихтиёр менамуданд. Онҳо аз Худо бисёр метарсиданд. Ҳамин тарс ҳолате барои онҳо эҷод карда буд, ки ашк дар чашмонашон хушк намешуд. Тарс аз Худо иллати асосии ороста шуданашон ба сифатҳои нобе буд, ки таърих онро дар миёни ҳеҷ миллате дар худ надидааст.

Онҳо ҳақиқати ҷаҳонеро, ки дар он мезистанд дарк карда, дар шинохти он монанди наслҳои баъдӣ дучори хато нашуданд. Онҳо медонистанд дунё пулест, ки инсонро ба охират мепайвандад ва мӯътақид буданд, ки дунё хонаи фано аст, на сарои абадиву бақо. Умр дар он маҳдуд аст. Онҳо барои анҷоми кори нек сабқатҷӯӣ  мекарданд. Гарчи дунё барои бисёре аз саҳобагон худро ҷилва дод, аммо он азизон худро асири дунё накарданд. Ҳақиқатан дарк карда буданд, ки бидуни муҳаббату бародарӣ ба биҳишт ва ризомандии Худо ноил нахоҳанд шуд. Зеро Паёмбар (с) ба онҳо фармуда буданд:

«وَالَّذِى نَفْسِى بِيَدِهِ لاَ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ حَتَّى تُؤْمِنُوا، وَلاَ تُؤْمِنُوا حَتَّى تَحَابُّوا، أَوَلا أَدُلُّكُمْ عَلَى شَىْءٍ إِذَا فَعَلْتُمُوهُ تَحَابَبْتُمْ، أَفْشُوا السَّلاَمَ بَيْنَكُمْ»

“Савганд ба Худое, ки нафси ман дар дасти ӯст, дохили биҳишт намешавед, то имон наоваред ва имон наовардаед то якдигарро дӯст надоред. Оё шуморо ба чизе раҳнамоӣ кунам, ки агар онро анҷом диҳед, якдигарро дӯст хоҳед дошт? Миёни худ салом карданро интишор диҳед”.  (“Саҳеҳ”-и Муслим, 54)

Онҳо дар байни худ барои эҷоди фазои дӯстӣ ва рафоқат, мусобиқа мекарданд ва яқин доштанд ҷомеае, ки паёмбарашон бунёдгузорӣ кардааст, наметавонад алайҳи лашкари ботил нерӯманд бошад, магар ин ки аз пойдевори мустаҳками инсонгарӣ ва арзишҳои волое бархурдор бошад.

Ба ҳамин далел бар тақвияти он бино таъкид карда, тамоми воситаҳои устувор намудани бунёди бародариро фароҳам карданд, то монеаи бузурге дар баробари ҳуҷуми душманони Худо эҷод карда бошанд. Дар натиҷаи ин тарбия дар оғози ташкили ҷомеаи идеалӣ ва мадинаи фозила гурӯҳе аз онҳо розӣ буданд худ гурусна бимонанд, вале бародари динии худро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд. Ин аст қуллаи баланди бародарӣ:

وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ

“Ва эшонро бар худ тарҷеҳ медиҳанд, ҳарчанд, ки худ сахт ниёзманд бошанд”.  (Қуръони карим, сураи Ҳашр, ояти 9)

Он чи зикр шуд ҳамаи сифатҳои саҳоба набуд, балки муҳимтарин авсофи асҳоб ба нақл аз шогирдони мактаби онҳо ҳамчун Маймун ибни Меҳрон (раҳ) ва Ҳасани Басри (раҳ) буд, ки бо чашми худ дида ва бо тамоми вуҷуд ламс карда буданд.

Давом дорад…

Таҳияи Наҷмиддин Аюбӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *