Поёни шаби сиёҳ сафед аст

provigil no prescription Эй фарзанди Одам, фаромӯш накун, ки аз пайи гуруснагӣ серӣ, аз пайи ташнагӣ серобӣ, аз пайи бехобӣ хоб ва аз пайи беморӣ тансиҳатӣ меояд. Шахси ғоиб меояду марди роҳгумзада роҳ меёбад ва каси гирифтор кушоиш мебинаду торикӣ бартараф мегардад. «Умед аст, ки Худованд кушоиш диҳад…»(оят)

Мужда деҳ, ки аз пайи шаб субҳи содиқе меояд, ки онро паси кӯҳҳо ноаён месозад.

Мужда деҳ, ки ба каси ғамзада ногаҳон халосие мерасад, ки аз суръати нур тезтар аст.

Мужда деҳ, ки сари фалокатзадаро лутфи ниҳоне ва дасти ноаёни меҳру шафқат масҳ хоҳад кард.

Чун биёбоне дидӣ, ки ба дарозо тӯл кашидааст, яқин дон, ки аз пайи он гулшани сабзу хурраме ҳаст.

Чун дидӣ, ки ресмон сахт шудан дорад, яқин дон, ки рӯзе қатъ хоҳад гашт.

Аз хотир набарор, ки аз пайи ашк шодие ҳаст ва аз пайи ҳарос амне ҳаст.

Оташи сӯзон Иброҳими халилро асаре накард, зеро ӯ таҳти риояву ҳимояти Офаридгори оташ қарор дошт, ки онро барояш http://weband.co.uk/home/contact «сарду саломат» гардонид.  

Баҳри пуртуғён Мӯсои калимро ба коми хеш набурд, зеро бо қуввату садоқат фарёд кард: «… Бешак, Парвардигорам Ҳамроҳи ман аст, ки маро роҳнамоӣ хоҳад кард» (оят).

Паёмбари ҳабибурраҳмон дар ғор дӯсти хешро чунин мужда медиҳад: «Аллоҳи ягона ҳамроҳи мост». Сипас, амну осудагӣ ва кушоиш болои эшон фуруд омад.

Албатта, касоне, ки дар банди ҳоли ҳозираанду аз қайди шароити танги хеш баромада наметавонанд,  ба ҷуз шикасту тангӣ ва бахти сиёҳ чизе дигар нахоҳанд дид. Зеро эшон танҳо девори хона ва дарвозаи онро пеши назар доранду халос. Бояд ин гуна ашхос ба дидани паси парда кӯшиш кунанд ва ҷилави афкорашонро боз гузоранд, то берун аз девор ҷаҳида бошад.

Зиқ нашав, зеро давоми ҳол амри муҳол аст ва кор ҳамеша якранг нест.

Дар хотир дор, ки беҳтарин ибодат, ба кушоиш умедвор будан аст.

Бидон, ки рӯзҳо гузарову дунё гирдгардон аст ва поёни шаби сиёҳ сафед асту ғайб аз назарҳо ноаён.  Бешак, Худованд дар тадбири олам ҳар рӯзу ҳар соат андар кор аст. Шояд, ки Худованд баъди ин ҳама гирифториҳо кушоише бахшад. Бешак, поёни шаби сиёҳ сафед аст.

   Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсуд нопадид,

  Ҳеҷ роҳе нест к-онро нест поён, ғам махӯр.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *