Ба чеҳраи ҷониби тобони мусибат нигар

follow link Шахси зираку ҳушманд талафоту зиёнро ба фоидаву суд табдил медиҳад. Нодону аблаҳ бошад, мусибатеро ба балои бад мегардонад.

http://huertodelcura.com/fr/tag/detente/ Паёмбари ҳабибурраҳмонро  (с) аз Макка берун карданд. Он ҳазрат (с) ба Мадина рафтанд ва он ҷо давлате бунёд карданд, ки таърих мислашро надидаву нашунидааст.

Имом Абуҳанифаро ба зиндон андохтанд ва хеле ранҷ доданд. Баъди ин ҳама мақоми имоматии аҳли суннатро ноил гашт.  

Ибни Таймияро ба ҳабс кашиданд. Аз он ҷо илми фаровоне ба олам баровад.

Имом Сарахсиро ба чоҳи сиёҳ ниҳоданд. Дар он ҷо оид ба фиқҳ бист ҷилд китоб таълиф кард.

Ибни Асирро хонанишин карданд. Китоби «Ҷомиъ-ал-усул…» ва «Ниҳоя»-ро, ки аз машҳуртарин ва муфидтарин китобҳои ҳадис ба шумор меравад, ба олам баровард.

Ибни Ҷавзиро аз Бағдод ронданд. Қироати ҳафтгонаро ба таҷвид даровард.

Молик ибни Рийбро бемории марг даррасид. Ба олами шеър қасидаи шевову оламгири хешро, ки ҳамвазни девони шоирони давраи аббосӣ буд, пешкаш кард.

Абизуайби Ҳузалӣ  ҳамаи фарзандони хешро аз даст дод. Ба марги эшон марсияе хонд, ки гӯши оламро ба худ кашиду ҳамагонро ба ҳайрат андохт ва таърих санохони он гашт.

Чун ба мусибате гирифтор шудӣ, ба ҷониби тобони он бингар.

Чун касе ба ту нӯшобае бо лимон дароз кард, ба он як каф шакар илова намо.

Чун нафаре ба ту мор ҳадя кард, пӯсти арзишманди онро гиру бақияашро  дур кун.

Чун туро каждуме неш зад, онро малҳаме дон, ки туро аз заҳри ҳаёт эмин медорад.

Агар шароити сахте дорӣ аз он нола накун, балки ба он нигоҳи меҳру сафо бингар, то аз он гулшане созӣ, ки гулу шукуфаи зиндагӣ  ва ғунчаҳои ҳаётро ба бор орад.  «Шояд шумо кореро написандед. Аммо Худованд дар он (бароятон) хубии зиёде ниҳодааст»(оят).

Мегӯянд, ки дар Фаронса пеш аз инқилоб ду нафар шоири бузурге  ба зиндон кашида шуданд, ки яке дилгарми ҳаёт буду дигарӣ шахси ноумеду рӯҳафтода. Он ду сари хешро аз равзанаи маҳбас берун карданд. Он ки дилгарми ҳаёту зиндагӣ буд, чашм сӯи ситорагони осмон карду хандид. Дигарӣ, ки шахси ноумеду рӯҳафтода буд, ба лойи кӯча нигаристу  гиря кард.

Ба чеҳраи ҷониби тобони мусибат нигар, зеро бадии маҳз вуҷуд надорад. Балки ҳамеша хайр асту нафъ ва кушоишу аҷр.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *