Асоси тавҳид ва эътиқод — ВАРОРӮД

Асоси тавҳид ва эътиқод

Хонандагони гиромии Варорӯд! 

Ҳайати эҷодии вебгоҳи маърифатӣ ва фарҳангии Варорӯд дар шабакаи иҷтимоъии «Одноклассники» чанде пеш як назарсанҷие ба роҳ монд, ки тибқи он мо мехостем бидонем, ки бештар мухлисон мо кадом мавзӯъҳоро мехоҳанд аз вебгоҳи мо бихонанд.  Ҳамзамон мо мехостем бидонем, ки ниёзи бештари мардуми ҷомеаи тоҷикӣ ба кадом мазӯъҳои диннӣ аст. Натиҷа нишон дод, ки аксарият мехоҳанд бештар дар мавзӯъи тавҳид, худошиносӣ ва исломшиносӣ маълумот дошта бошанд.

Бинобар, мо тасмим гирифтем, мавзӯъ ба мавзӯъ, тарҷумаи тоҷикии китоби “Фиқҳи акбар”-и Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит раҳматуллоҳи алайҳро, ки таҳияи диншинос Атохон Ғаниев мебошад ва  аз ҷумлаи муътабартарин китобҳои худошиносӣ, исломшиносӣ ва ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ба шумор меравад, пешкаши шумо созем.

 

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

Lyrica 150mg buy Асоси тавҳид ва эътиқод

أَصْلُ التَّوْحِيدِ وَمَا يَصِحُّ الاعْتِقَادُ عَلَيْهِ يَجِبُ أَنْ يَقُولَ: آمَنْتُ بِاللهِ وَمَلاَئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَالبَعْثِ بَعْدَ المَوْتِ وَالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ مِنَ اللهِ تَعَالَى وَالحِْسَابُ وَالمِْيزَانُ وَالْجَنَّةُ وَالنَّارُ حَقٌّ كُلُّهُ.

Асли тавҳид ва он чи ки бояд ба он эътиқод дошт, воҷиб аст, ки ҳар мусулмон бо яқин ва бовар бигӯяд: “Ба Худованд ва фариштагонаш, китобҳо ва паёмбаронаш, ба зинда шудани пас аз марг ва ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки аз тарафи Худованди Мутаъол аст, имон овардам, ҳисобу мизон (тарозуи аъмол) ва биҳишту дӯзах, ҳамаи инҳо ҳақ ва ростанд.

http://crug-glas.co.uk/wp-json/oembed/1.0/embed?url=https://crug-glas.co.uk/portfolio/dinner-with-us/ Аллоҳ ягона ва дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ аст

وَاللهُ تَعَالَى وَاحِدٌ لاَ مِنْ طَرِيقِ الْعَدَدِ، وَلَكِنْ مِنْ طَرِيقِ أَنَّهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، » قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ (1) اللَّهُ الصَّمَدُ (2) لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ (3) وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ (4) «.

Худованди Мутаъол якто аст, на ба эътибори адад (шумурдан), балки аз ин ҷиҳат ки шарик ва монанд надорад. http://shellystearooms.com/franchise/ “Биг ӯ beloc aspirin 75mg , Ӯст Аллоҳи ягона, Худованди бениёз, ки на касеро зойида ва на аз касе зойида шуда ва ҳеч шабеҳ ва ҳамтое (монанде) Ӯро нест”. (“Ихлос”, 1-4).

لاَ يَشْبَهُ شَيْئًا مِنَ الأَشْيَاءِ مِنْ خَلْقِهِ، وَلاَ يُشْبِهُهُ شَيْءٌ مِنْ خَلْقِهِ، لَمْ يَزَلْ وَلاَ يَزَالُ بِأَسْمَائِهِ وَصِفَاتِهِ الذَّاتِيَةِ وَالْفِعْلِيَّةِ، أَمَّا الذَّاتِيَةُ فَالحَيَاةُ وَالْقُدْرَةُ وَالْعِلْمُ وَالْكَلاَمُ وَالسَّمْعُ وَالْبَصَرُ وَالإرَادَةُ، وَأَمَّا الْفِعْلْيَّةُ فَالتَّخْلِيقُ وَالتَّرْزِيقُ وَالإنْشَاءُ وَالإبْدَاعُ وَالصُّنْعُ وَغَيْرُ ذَلِكَ مِنْ صِفَاتِ الْفِعْلِ.

Ҳеч чизе аз махлуқот ба Ӯ шабоҳат надорад ва на Ӯ ба ҳеч чизе аз махлуқоташ шабеҳ аст. Ҳамеша буда ва абадан бо номҳо ва сифоти зотӣ ва феълиаш хоҳад буд. Сифоти зотӣ: монанди ҳаёт, қудрат, илм, калом, самъ, басар ва ирода. Сифоти феълӣ: монанди офаридан, рӯзӣ додан, иншо (пайдо кардан), ибдоъ, сунъ ва ғайра.

لَمْ يَزَلْ وَلاَ يَزَالُ بِأَسْمَائِهِ وَصِفَاتِهِ، لَمْ يَحْدُثْ لَهُ اسْمٌ وَلاَ صِفَةٌ. لَمْ يَزَلْ عَالِمًا بِعِلْمِهِ، وَالْعِلْمُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ، وَقَادِرًا بِقُدْرَتِهِ، وَالْقُدْرَةُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ، وَمُتَكَلِّمًا بِكَلاَمِهِ، وَالْكَلاَمُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ، وَخَالِقًا بِتَخْلِيقِهِ، وَالتَّخْلِيقُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ، وَفَاعِلاً بِفِعْلِهِ، وَالْفِعْلُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ. وَالْفَاعِلُ هُوَ اللهُ تَعَالَى، وَالْفِعْلُ صِفَةٌ فِي الأَزَلِ، وَالْمَفْعُولُ مَخْلُوقٌ، وَفِعْلُ اللهِ تَعَالَى غَيْرُ مَخْلُوقٌ.

Бо тамоми номҳо ва сифоташ аз азал буда ва ҳамеша хоҳад буд, ҳеч исм ва сифате барои Ӯ навпайдо нест. Ӯ ҳамеша бо илми худаш Олим буда ва илм сифате аз сифоти азалии Ӯст, ҳамеша бо қудрати худаш Тавоно буда ва қудрат сифате аз сифоти азалии Ӯст, ҳамеша бо каломи худаш сухан мегуфта ва калом сифате аз сифоти азалии Ӯст, ҳамеша бо сифати офариниши худ Офаридгор буда ва офаридан сифате аз сифоти азалии Ӯст, ҳамеша бо сифати феъл (кирдор)и худ анҷомдиҳанда буда ва анҷом додан сифате аз сифоти азалии Ӯст. Фоил (анҷомдиҳанда) худи ӯст, ҳамаи он чи ва он кас ки амали феъл ба ӯ анҷом мегирад, махлуқ аст, аммо феъли Худованд махлуқ нест.  

وَصِفَاتُهُ فِي الأَزَلِ غَيْرُ مُحْدَثَةٍ وَلاَ مَخْلُوقَةٍ، فَمَنْ قَالَ إِنَّهَا مَخْلُوقَةٌ أَوْ مُحْدَثَةٌ أَوْ وَقَفَ فِيهَا أَوْ شَكَّ فِيهَا فَهُوَ كَافِرٌ بِاللهِ تَعَالَى.

Сифоти Ӯ таъоло азалӣ аст, на нав пайдо шуда ва на махлуқанд. Пас, ҳар кас бигӯяд, ки сифоти Худованди Мутаъол махлуқ аст ё нав пайдо шудааст ё дар ин амр таваққуф кунад ё шак намояд, ба Худованди Мутаъол кофир шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *