Дар оғӯши бекорӣ

Шаке нест, ки бекорӣ дар рӯҳия ва рафтори инсон таъсироти баде дорад. Кор мояи шодмониву саодат ва бекориву танбалӣ мояи андӯҳу ғам аст. Инсони бекор ҳуқуқу баҳраи худро аз даст медиҳад. Дар ин сурат фақру тангдастӣ ба унвони як балои фардӣ ва иҷтимоӣ домангири ӯ шуда,  дар ҷомеа ба шахси беҳуввият ва беэътибор табдил хоҳад ёфт.

Оре, камбағаливу бечорагӣ падидаи зиштест, ки ба иллати бекорӣ ва камкорӣ дар ҷомеа ба вуҷуд меояд. Бекорӣ ва дар натиҷаи он ниёзмандӣ ба дигарон шараф ва иззати одамиро нобуд месозад.

Бешак яке аз зишттарин ва манфуртарин аъмол ва рафтор назди тамоми ҷомеаҳои башарӣ ва дар ҳама асрҳо изҳори ниёз ва гадоӣ мебошад. Ҷои шубҳа нест, ки зарарҳо ва оқибатҳои бади ин амал илова бар каҷравиҳои фардӣ ба ҷомеа низ сироят мекунад ва метавонад маншаи нобудӣ бошад.

Агар амал кардан рисолати зиндаҳо бошад, пас бекорон мурда ҳастанд.

Агар дунëи мо зироатгоҳи охират аст, пас бекорон сазовортарин мардумонанд, ки рӯзи ҷазо бидуни маҳсуле зинда карда шаванд ва зиëнкор бигарданд. Паëмбар (с) ба тамоми ғофилоне, ки ба қадри тансиҳативу вақт намерасанд, огоҳӣ дода мегӯянд:

buy Seroquel now “Неъматони мағбунун минҳумо касирун мина-н-носи: ас-сиҳҳату ва-л-фароғу”.

http://misolococo.com/contacto/ “Ду неъматест, ки бисёре аз мардум дар истифодаи он фиребхӯрда follow link ҳастанд: тансиҳатӣ ва бекорӣ”. (ривояти Бухорӣ)

Аз ин ҷо пайдост, ки чандин тансиҳат ва соҳиби вақт вуҷуд дорад, ки дар ин саҳнаи ҳаëт ба изтироб афтодаву парешон аст. На  орзуе дорад, ки барои ҷомаи амал пӯшидани он қадам гузорад, на амале, ки бо он машғул шавад ва на рисолате, ки боихлос барои комëбӣ дар раҳи он умрашро сипарӣ кунад. Фирдавсӣ низ дар ин хусус мегӯяд:

Ки андар ҷаҳон ганҷ беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад ганҷ нест.

Ҳама колбади мардро кӯшиш аст,

Агар бахти бедор дар ҷӯшиш аст.

Инсонҳо ҳаргиз беҳуда халқ нагардидаанд. Аллоҳи бузург мегӯяд:

«Оë гумон кардед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва шумо сӯи мо бознамегардед?! Пас Аллоҳ, ки подшоҳи ҳақ аст, бузург аст”.

(сураи Мӯъминун, ояти 115-116)

Албатта ҳаëт барои ҳақиқате офарида шудааст. Барои инсон дар ин олам воҷиб аст, ки ин ҳақиқатро шиносад ва бо ҳақ зиндагӣ кунад. Аммо агар худро ба оғӯши нафси саркаш ва хоҳишоти он андозад, басо ҷойгоҳи бадеро дар имрӯзу фардо барои худ интихоб кардааст.

Бекорӣ омили фасодзадагӣ бар фард ва ҷомеа аст. Дар оғӯши бекорӣ ҳазорон палидиҳо таваллуд мешаванд. Саҳобаи гиромӣ Алӣ (раз) мефармояд: “Агар кор кардан боиси заҳмату хастагӣ аст, бекорӣ сабаби фасод хоҳад буд”.

Барои мубориза бо фасоди иҷтимоӣ яке аз роҳҳои муносиб ташкил кардан ва равнақ додани бозори кор аст. Бузургони шарқу ғарб корро яке аз омилҳои тарбият ва бекориро омили бетартибӣ дар ҷомеа ба шумор овардаанд. Нақле омадааст, ки чанд сол қабл дар яке аз шаҳрҳои Иёлоти Амрико қиморбозӣ ба як бемории иҷтимоӣ табдил ёфта,  занон бар он одат карда буданд. Шикояти ҳама ин буд, ки занҳо коре ба ғайр аз қиморбозӣ надоранд. Ҳукумат дар аввал воизонро ӯҳдадор кард, ки бо насиҳат ин бемориро аз ҷомеа берун кунанд. Воизон чанд муддат оиди зиёнҳои қимор ва асарҳои он сӯҳбат карданд, вале асаре надошт. Ин ҳангом ба шаҳр раиси нав таъйин шуд ва ӯ ваъда дод, ки ин бемориро аз байн хоҳад бурд. Раиси шаҳр фаҳмида буд, ки иллати пардохтани занҳо ба қимор бекорӣ аст. Аз ин рӯ, занонро ба корҳои дастӣ, аз қабили бофандагӣ ташвиқ кард. Барои ҳавасманд гардонидани онҳо мусобиқаҳо ташкил намуда, барои ғолибон ҷоизаҳои хуб таъйин кард. Муддате нагузашта занҳо аз қиморбозӣ даст кашида, бо рағбати зиёд ба санъатҳои дастӣ рӯй оварданд.

Имом Шафеӣ воқеъбинона каломи гуҳарборе дар ин хусус баëн намудааст:

“Агар худро бо ҳақиқат машғул накунӣ, нафсат туро ба ботил андармон хоҳад сохт».

Ин сухан дуруст аст. Бешубҳа нафс ҳеҷ гоҳ ором намеистад. Агар дар гирди лоиҳаҳои нек ва фаъолиятҳои пурсамар мураттабона ва бошитоб давр назанем, он гоҳ андешаҳои нодуруст ва хато зеҳни моро банд хоҳанд кард.

Афзалтарин воситае, ки бо он ҳаëти инсон ҳифз мегардад, тартиби барнома аст, ки дар он ҳама вақтҳо ба танзим оварда шуда, фурсате барои васвасаи шайтон ва гумроҳ сохтани ӯ набошад.

Манзур аз таклифҳои шаръӣ низ дар дини ислом татбиқи ҳамин ҳақиқат аст. Набояд ба нафс фурсате дод, ки ба ботил машғул шавад.

    Аҷиб аст! Чи монандиҳое миëни ваҳйи осмонӣ ва ваҳйи таҷриба ба мушоҳида мерасанд. Ин гуна якнавохтҳо ифодагари онанд, ки дини ислом дини фитрат аст.

Дейл Карнегӣ низ ба ҳамин монанд андешаеро зикр намудааст:

“Вақте ки мо ба олами кору фаъолият содиқона ворид мешавем, ҳисси ноумедӣ аз зеҳни мо меравад. Аммо соатҳои фароғатие, ки аз паси амал меоянд, хатарноктарин соатҳост. Чун ба мо чунин фурсатҳои холӣ дода шавад, шайтонҳои ноумедӣ ба ҳуҷум медароянд”.

Оне, ки фитрати солим дорад, рафтору андешаҳояш ваҳйгуна мешавад. Оре, кору фаъолият муҳимтарин омиле аст, ки ҳаёти башар, иззату сарбаландии ҳар фард ва ҷомеа вобаста ба мизони вуҷуди он дорад. Мафҳуми кору фаъолият ҳамаи амалу ҳаракатест, ки аз ҷисм ва ҳатто рӯҳи инсон сарчашма мегирад. Кор мояи хушбахтӣ ва саодати инсон аст. Динҳои осмонӣ, ҳакимон, андешамандон, шоирон ва соҳибназарони илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ ба андозаи дарёфтҳои худ аҳамияти ин амри ҳаётиро ба хубӣ равшан сохтаанд.

Аз ин рӯ, ба мураббиëн зарур аст, ки мардумро аз офатҳои бекорӣ огоҳ созанд, то ки аз бадиҳои он дар амон бошанд.

Беҳтарин васила дар ин ҳолатҳо ташкили созмонҳои мустаҳкам барои фаъолиятҳои бардавом аст. Зеро пур кардани вақтҳо бо вазифаҳо ва интиқоли шахс аз як кор ба кори дигар, агарчи аз кори пурмашаққат ба кори сабук бошад ҳам метавонад кафили ягонае бошад, ки халқро аз иллатҳои танбалӣ ва зарарҳои бекорӣ нигоҳ дорад.

Ҳар ҷомеа ҳамон вақт аз вартаҳои ҳалокат халосӣ меëбад, ки ба вақтҳои холигиаш ҳукмфармо шуда тавонад ва коре анҷом диҳад, ки барои ободии дунëву охираташ сабаб шаванд. Он вақт дар он ҷомеа шикоят аз бекорӣ намешавад. Аз қадим як зарбулмасал буд, ки “бекории сарватманд сабабгори фисқи ӯ мешавад».

Бар ин ҳикмат сухани дигареро илова карда мегӯем, ки бекории камбағал боиси зоеъ рафтани нерӯи созандаи башарӣ аст. Агар тамоми нерӯи камбағалони бекорро ба якҷо ҷамъ карда шавад, масири оламро тағийр хоҳад дод.

Он қонунҳое, ки ин ҳақиқатро дастгирӣ мекунанд ва таълимоти онро ба тартиб меоранд, сазовортарин низом барои қабул ва таблиғ аст. Чун ба таълимоти исломӣ дақиқ назар меафканем, ин ҳақиқатро ошкоро мушоҳида хоҳем кард. Аксари қонунҳои қуръониро дарк мекунем, ки барои ислоҳи фард ва ҷомеа пешбинӣ       шудааст. Ислоҳи нафс, яъне мубориза бо нафс ва нигоҳ доштани он аз гуноҳ ва бадиҳост. Ислоҳи ҷомеа ин манъи онҳо аз зулму вайронкорӣ ва роҳнамоияшон ба сӯи имону амал аст. Ба хотири ин ду ҳадаф шахси мӯъмин ҳамеша ба тарбияи худ ë ислоҳи дигарон машғул мегардад. Ҳатто ӯ фурсате барои беҳудакорӣ надорад.

Воқеан Паëмбари гиромӣ (с) аз Парвардигор мепурсиданд, ки дар дин собитқадам гардонад:

“Ё муқаллибал қулуби сабит қалбӣ ало диник”.

“Эй гардонандаи дилҳо, дили маро ба динат пойбанд бидор“.

     Инчунин мегуфтанд:

“Аллоҳумма раҳматака арҷӯ. Фало такилнӣ ило нафсӣ тарфата айнин”.

“Худоë, раҳмататро хоҳонам. Маро  ба нафсам дар муддати як миҷҷа задан ҳам насупор». (ривояти Тирмизӣ)

Ин гуна ҳушëрӣ ва бедории доимӣ боиси камолëбии рӯҳ мегардад. Ин бедории рӯҳӣ буд, ки Ҳабиби Худо Муҳаммад (с)-ро пайваста ба ҷаҳду талош ва ҳаракати бардавом водор месохт. Дар натиҷа ин шахси наҷиб ва баъди ӯ ëронаш тавонистанд дар муддати кӯтоҳ гӯшаҳои дурдасти дунëро моломол аз нурҳои имон ва ободӣ гардонанд.

  Имрӯз, мутаассифона, уммати мусалмон ба ҷои кӯшишу ҳаракат барои ободиву ихтирокорӣ ва ислоҳу иршоди ғофилону маҳрумон дар гирди чанд масъалаҳои фаръии фиқҳӣ ҷамъ шуда, ақидаи ҳамдигарро маҳкум мекунанд. Бародарони боимони хешро ба куфру мунофиқӣ нисбат медиҳанд. Ба ҷои он ки ҳама дар зери як парчами тавҳиду ягонапарастӣ ҷамъ шаванд, бо омӯзиши оятҳои муташобеҳ вақти пурқимати худро андармон сохтанд, дар ҳоле, ки ҷуз Худо касе аз асрори ин оятҳо огоҳ нест. Онҳо баъзе аз мӯъминонро, ки шояд дар фаҳмиши ин оятҳо аз онҳо камтарин тавофуте доранд, таъна мезананд, ки имон аз тани онҳо берун шудааст.

Аз Умар ибни Хаттоб (раз) ривоят аст, ки мегӯянд:

Чун касеро дидаму хислаташ маро писанд омад, ӯ наздам соҳибэҳтиром мегардад. Чун аз касби ӯ пурсидам ва ҷавоб доданд, ки ӯ касбе надорад, ҳурматаш наздам гум мешавад. Ӯ дар назарам шахси ҳақир метобад.

Дар ҳадис низ омадааст:

“Албатта Худо мӯъмини соҳибкасбро дӯст медорад”.

Халқе, ки касбу ҳунар надорад, ҳам дар назди Аллоҳ беқадр аст ва ҳам назди умматони олиҳиммату ихтирокор арзише надорад.

Ин гуна халқият оқибат ба фано хоҳад рафт.

Имрӯзҳо дар дунёи пешрафта низ муҳимтарин мавзӯи коршиносони масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон масъалаи кор аст. Онҳо тамоми талоши худро барои фарҳангсозии кор ба амал овардаанд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои мусалмонӣ, ки агарчи ҳукмҳои Қуръон ва аҳодиси пурфайзи Паёмбар гиромӣ (с) ва гуфторҳои донишварони ислом як бахши муҳими зиндагии иҷтимоиро фаро мегиранд, аммо бетаваҷҷӯҳии мо миллати мусалмон ба дастуроти худ давлатҳоямонро кишвари дар ҳоли бӯҳрон дошта, табдил додааст.

Имрӯз таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи миёнаи кори муфид ва босамар дар Англия   6 соату 15 дақиқа ва дар Португалия 8 соату 20 дақиқа аст. Маҷмӯан соати кори муфид дар кишварҳои аврупоӣ ба 7 соату 20 дақиқа расидааст.

Дар кишварҳои шарқӣ агарчи дар як ҳафта беш аз 50 соати корӣ пешбинӣ шудааст, аммо ба ҳисоби миёна соатии кории босамар ва ҳадафманд дар як рӯз ба 1 соат ҳам намерасад. Дар натиҷа аксари ашё ва маҳсулотро ба кишварҳоямон ворид мекунем ва содирот, хусусан, ихтирокорӣ тақрибан ба назар намерасад. Ин ҳама беҳимматӣ дар ҳолест, ки Худованд дар Қуръон 360 оятро ба мавзӯи кор рабт додааст.

Кор эҷоди рӯҳияи таваккал ва умедворист. Эҳсоси шахсият ва иззати нафс кардан низ вобастагӣ ба кор дорад. Кор аҷри ухравӣ меоварад. Кор боиси ба даст овардани боварӣ ва эътимод аст. Кор намаки зиндагист. Бо зарбулмасале мақоларо ҳусни хотима мебахшем:

“То метавонӣ коре бикун, ҳарчанд дар вазъияти душвор қарор дорӣ”.

Эҳсони Азиз

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *