Имом Ғаззолӣ — саромади табибони рӯҳ ва гузаре ба «Минҳоҷ-ул-обидин ила-л-ҷаннат»-и ӯ

cheap mexican pharmacy neurontin Мукаррам аст ба номи ту ибтидои калом,

http://sandsfoot.com/news-sitemap.xml Таборакта ё залҷалоли вал икром.

Донишмандони зиёди исломӣ аз ибтидои дини мубини ислом то инҷониб дар саҳнаҳои мухталифи илмӣ яке ба ҳайси муҳаддис, дигаре фақеҳ, саввумӣ луғатнигор, чорумӣ муфассир ва ҳамин гуна дар маҷолҳои гуногун корнамоиҳо намудаанд, то парчами рисолат ва илму маърифат ҳамеша боло бошад. Гурӯҳе аз он бузургворон байрақи ислоҳ баланд намуда, саъю талоши худро баҳри табобати рӯҳ, тарбияи нафс, ислоҳи дил ва ҷиҳод бо хоҳишот равона сохтаанд. Онҳо ба олами рӯҳу қалб ворид гардиданд, то ки ҷавҳарҳои онро берун созанд. Онҳо хостанд бо тариқи табобат шахсияте тарбия кунанд, ки ӯ бо маънавият зинда бошад ва дар муқобили хоҳишоти нафс истодагарӣ карда тавонад. Ҷойи шубҳа нест, ки он номварон дар ин мавзӯъ, яъне тарбияи нафс асарҳои зиёде навиштаанд, аммо касе аз онон натавонист дар ин саҳна чун Ғаззолӣ муваффақияти бузургро ба даст оварад. Бале ӯ аз машҳуртарин фалакпаймои осмони нафс аст. Ӯ пеш аз он ки дар ин мавзӯъ сухан гӯяд, худ вориди олами рӯҳоният гашта буд. Пӯшида нест, ки ӯ бо қудрату маҳорати волои хеш ба қаъри дунёи нафс дохил шуда, бодиққат ва амиқназарона иллату мушкилоти онро кашф намуд ва давои онро низ васф кард, ки озмояндаи он ҳеҷ гоҳ ноумед нахоҳад гашт. Бинобар ин, ҳамагон қоил гаштаанд, ки Имом Ғаззолӣ худ аз саромади табибони рӯҳ аст. Яке аз барҷастатарин намунаи таълифоти ӯ дар ин маҷол «Эҳёу улуми-д-дин» мебошад, ки аз он боғистони маърифат ошиқони ҳикмат чандин аср инҷониб дурдонаҳои гаронсанг ва марворидҳои пурқиммат бо худ мегиранд. Ӯ, ки ба ковишҳои дақиқназарона дар дунёи рӯҳоният шуғл меварзид, аксарияти китобҳои худро низ дар ҳамин замина таълиф намудааст.

«Минҳоҷу-л-обидин ила-л-ҷаннаҳ» (Роҳи обидон сӯи ҷаннат), ки дорухонаи ғанӣ барои беморони нафс ва раҳнамои толибони ҷаннат аст, бори нахустин аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардидааст. Имом Ғаззолӣ дар ин рисолаи хеш кӯшиш ба харҷ додаст, ки инсон ба чоҳҳои ҳалокатоваре, ки аз пеши роҳ мебароянд, наафтад. Ӯ дардҳоеро баён намудааст, ки он ҳамчун бод имонро аз дилҳо дур месозад ва гардиши хунро дар рагҳои мусалмонон заиф мекунад ва ба қалби эшон ҷароҳати марговар мебахшад. Ғаззолӣ аз офатҳое мисли ғуруру риё, исрор дар гуноҳ ва ғафлат аз Аллоҳ, ки нури дилҳоро хомӯш сохтааст, сухан мегӯяд.

Ҳамзамон муаллиф дар рисолаи худ бобати монеаҳое, ки пеши роҳи ибодатро мегиранд, баҳс менамояд. Ба ақидаи ӯ банда дар роҳи расидан ба саҳнаи ибодат бояд аз якчанд пайраҳаҳо убур кунад.

Нависанда бо пайраҳаи «илму дониш» китобашро ҳусни ибтидо мебахшад, то ки ибодати бандаи мӯъмин огоҳона бошад. Чун хонанда дар ин боб аз Қуръону суннат, каломи чароғони уммат ва пешвоёни маърифат далелҳоеро оиди илму ҳикмат омӯхт, бо тавфиқи илоҳӣ (аз ин пайраҳа) барояш нисбати олами ғайб, ягонагии Худованд, зиёнҳои куфру маъсият ва дунёи дӯзаху ҷаннат яқин ҳосил мешавад ва чунин яқин ӯро водор месозад, ки сӯи Худо иқбол намуда, аз бандагии шайтон ба бандагии Аллоҳ рӯй оварад. Ин ҳангом ӯро шояд саволе ба миён омада мегӯяд: «Чӣ гуна ман метавонам бо ин ҳама олудагӣ бар гуноҳ ва исрор бар бадӣ ба ибодат машғул шавам?. Бояд ман аввалан тавба кунам, то Худои меҳрубон гуноҳҳоямро бубахшад, маро аз асорати бадӣ наҷот диҳад ва аз нопокиҳо пок созад, то ки ба хидмати Парвардигор сазовор гардам». Бинобар ҳамин нуқтаҳо Абӯҳомид Ғаззолӣ боби дуюми китобро ба «пайраҳаи тавба» бахшидааст ва дар он оиди шартҳои тавба ва қоидаҳои он сухан мекунад.

Чун банда ба сӯи Худо бозгашт намуда, ба парастиши он Зоти якто рӯй меоварад, ин ҳангом чор монеаи бузург садди роҳи ӯ мешаванд, ки онҳо иборатанд аз дунё, халқ, шайтон ва нафс. Дар ин ҳол банда ниёз ба дафъи ин монеаҳо дорад. Аз ин рӯ, Ғаззолӣ боби сеюмро «пайраҳаи монеаҳо» ном ниҳодааст. Муаллиф дар ин боб хостааст, ки мардум бо василаи раҳоӣ аз ишқи дунё, эҳтиёт аз халқ, мубориза бо шайтон ва мағлуб сохтани нафс аз ин пайраҳаи вазнин бомуваффақият гузаранд. Ба ақидаи ӯ нафс аз ашаддитарин ва хатарноктарин душмани инсон аст. Зеро нафс назди инсон маҳбуб аст. Барои ҳамин ӯ таъкид намудааст, ки бояд бар даҳони нафс лаҷоми тақво зад ва барои амалӣ намудани ин ҳадаф дар давоми ин боб оиди ҳифзи аъзо мисли чашму гӯш, дилу забон ва шикам чандин ҷумлаҳое иншо намудааст.

Абӯҳомид Ғаззолӣ боз дарк намудааст, ки бандаи ибодатхоҳро якчанд монеаи дигар пеш меояд ва ӯро ба шубҳа меандозад ва дар асари тааммули он шубҳаҳо бо худ мегӯяд: Агар ман ба ибодат машғул шудам, ризқамро аз қуҷо меёбам? Агар дар сарнавиштам бадбахт навишта шудааст, пас ибодати ман чӣ суде меоварад? Роҳи бандагӣ бехатар нест. Чун ба ин роҳ ворид шудам, ба мусибату вазининиҳои зиёд гирифтор мегардам.

Бинобар дафъи ин шубҳаву монеаҳо Имом Ғаззолӣ боби чоруми китобро ба «пайраҳои пешомадҳо» бахшидааст ва раҳнамоӣ кардааст, ки бояд ин монеаҳоро бо василаи таваккал бар Худои олимақом дар масъалаи ризқ, корсупорӣ ба Аллоҳ дар айёми хатар, сабр дар вақти пешомади мусибату бало ва ризоият ба тақдиру қазо бартараф намуд.

Вақте ки банда аз ин монеа низ ба комёбӣ мегузарад ва қасди ибодат мекунад, вале ин дафъа нафсашро заифу танбал меёбад ва ангезандае мекобад, ки нафсро сӯи ибодат барангезад. Муаллиф ба хотири боло сохтани ҳиммати нафс ва ангехтани он ба сӯи хубӣ боби панҷумро ба «пайраҳаи ангезаҳо» мутааллиқ намудааст ва дар ин боб оиди хавфу (тарс) риҷо (умед) сӯҳбат кардааст. Бале, агар банда ба савоби Худо умед дорад ва аз азоби Худо метарсад, пас ӯро осон мешавад, ки сӯи хубиҳо шитобад. Баъди убури ин ҳама пайраҳаҳо банда монеаи дигареро дучор намешавад, ки пеши роҳи ибодатро бигирад ва акнун озод аст, ки бо шавқу рағбат сӯи амал ва тоат бигаравад, вале ин навбат низ эҳсоси хатар менамояд. Ӯ дар амали худ зуҳури ду офатро, ки метавонанд ҳама ибодатҳояшро барбод диҳанд, эҳсос мекунад. Ин ду офат худнамоӣ ва мағрурӣ аст. Бинобар дафъи ин ду офат Абӯҳомид Ғаззолӣ боби шашумро «пайраҳаи ноқисот» номгузорӣ карда, дар он оиди ихлос ва зикри неъматҳои илоҳӣ сухан ба қалам овардааст.

Баъди гузашт аз ҳамаи ин шоҳроҳҳо банда ба парастиши Худои меҳрубон ба қадри шоиста сазовор мегардад, аз ҳама офатҳо эмин мемонад ва худро ғарқшуда дар дарёи неъматҳо мебинад. Аммо дар ин ҳол низ боз эҳсоси хатар мекунад, ки аз шукри Худованд ғофил бимонад.

Ҳамин тавр, Ғаззолӣ боби охиринро ба «пайраҳаи ҳамду шукр» бахшидааст. Банда чун бар ин мақом расид, ӯ дигар худро дар саҳрои шавқ, арасоти муҳаббат, бӯстони хушнудӣ, гулистони унс, қолинҳои қурбат, маҳфили муноҷот ва мақоми иззату каромат хоҳад ёфт.

Ин буд маълумоти мухтасаре оиди рисолаи гаронқадри муаллифи оламӣ. Ҷойи зикр аст, ки китобро ба хотири хеле калонҳаҷм будан ба шакли мухтасар дароварда, ба тоҷикӣ тарҷума намудем.

Дар охир Худои бузургро сипос мегӯем, ки бо фазли хеш  моро муваффақ сохт, то тарҷумаи ин китоби пурганҷро ба охир расонем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар ҳафта порчаеро аз китоби гаронсанг дар бахши “Адаб”-и сомонаи Вароруд ҷой диҳем.

Дар хотимаи муқаддима сухани хешро бо байти Саъдӣ ҷамъбаст намуда мегӯем:

Ё раб қабул кун ба бузургиву лутфи хеш,

К-онро, ки рад кунӣ, набувад ҳеҷ мултаҷо.

Ё раб хилофи амри ту бисёр кардаем,

В-уммед баста аз карамат авфи вомазо.

http://sdsignshop.com/wp-json/oembed/1.0/embed?url=http://sdsignshop.com/product/must-see-inside-rider-6%e2%80%b3t-x-18%e2%80%b3w/ Эҳсони Азиз

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *