Илм ва ибодат

Эй толиби ихлосу ибодат! Туро мебояд, ки ба сӯи илм рӯй оварӣ. Зеро хирад қутбнамоест, ки тамоми корҳо аз он мадори худро дармеёбанд. Илму ибодат ду гавҳаре ҳастанд,  ки ба хотири ин ду ҳар чизе, ки мебиниву мешунавӣ, чун таснифи мусаннифон, таълими муаллимон, панди воизон ва назари муҳаққиқон ба арсаи ҳастӣ омаданд. Баҳри ин ду гуҳар китобҳои осмонӣ нозил гардиданд ва паёмбарон фиристода шуданд. Ба хотири ин ду ганҷина осмонҳову замин ва ҳар чизе, ки байни онҳост, бунёд ёфтаанд.

Ба маънии ду ояте, ки дар китоби Худованд зикр мешавад, андеша намо, то аз он таълими хубе биомӯзӣ. Чунончи Худованд дар яке аз паёмҳояш мефармояд:

go اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَمَوَاتٍ وَمِنَ الأَرْضِ مِثْلَهُنَّ يَتَنَزَّلُ الأَمْرُ بَيْنَهُنَّ لِتَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ وَأَنَّ اللَّهَ قَدْ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيْءٍ عِلْماً

follow site       http://sdsignshop.com/wp-json/oembed/1.0/embed?url=http://sdsignshop.com/product/wishbone-frame-white-18%e2%80%b3t-x-30%e2%80%b3w/ «Худованд зотест, ки ҳафт осмонро офарид, монанди он заминро низ халқ намуд ва амри худро дар байни ҳафт осмону замин нозил кард, то донед, ки Худо бар ҳар чиз тавоно ва бо иҳотаи илмӣ бар ҳамаи умур огоҳ аст».   (сураи Талоқ, ояти 12)                                                                          

Ин оят худ барои далолати шарафи дониш, хусусан, илми тавҳид кофист. Дар ояти дуюм низ гӯяндаи олимақом фармуда:

وَمَا خَلَقْتُ الجِنَّ وَالإِنسَ إِلاَّ لِيَعْبُدُونِ

«Ҷин ва инсонро танҳо барои ибодат офаридам». (сураи Зориёт, ояти 56)

Ояти мазкур ҳуҷҷати кофиест барои бандагии Худо ва воҷиб будани ин шарафмандӣ. Азбаски илму ибодат асоси офариниши ду олам қарор гирифтаанд, аз аҳамияти хосае бархӯрдоранд. Пас, ҳаққи бандагист, ки инсон ба сӯи ин ду мояи хушбахтӣ ва ганҷинаи ноёб самимона рӯй оварад, дар ҷодаи ноил шудан бар он аз меҳнату машаққате наҳаросад, балки таҳаммулпазир ва ботаваҷҷӯҳ бошад.

Ҳар гоҳ аз фазилати ин ду гавҳар бохабар шудӣ, бовар бар он дошта бош, ки илм ҳамеша шарофату фазилати бештаре дорад. Беҳуда Паёмбар (с) иршод нафармудаанд:

«Фазилати донишманд бар обид чун фазли ман бар оддитарин марде аз саҳобагон аст». (ҳадиси саҳеҳ, ривояти Тирмизӣ аз Абӯумома)

Аз ин ҷо пайдост, ки илм гавҳаре шарифтар аз ибодат аст, вале бандаро месазад, ки бо вуҷуди тасаллут бар илм аз ибодат низ маҳрум набояд бошад. Вагарна дониши ӯ чун реги парешон беҳуда хоҳад рафт. Зеро хирад ба манзалати дарахт ва ибодат аз меваҳои он аст.

Агар дарахт ба худ шарофату арзише касб кард, он ҳам аз натиҷаи  меваи хуби он аст. Аз ин рӯ, бандаро лозим аст, ки аз ҳардуи ин ганҷ насиба гирад. Бинобар ин, Ҳасани Басрӣ (раҳ) гуфтааст:

«Илмро чунон талабед, ки ба ибодат зарар нарасонад ва ибодатро чунон талабед, ки ба илм зиён набахшад».

Вақте зарурати ҳар ду бар банда муқаррар гардид, бояд яқин донад, ки илм муқаддам аз ибодат ба шумор меравад, чунки дониш асли ҳама чизҳо ва далели он аст.

(аз китоби «Минҳоҷ-ул-обидин»)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *